ХАЛАБОНОНИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДА - ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН
Шаҳрванди Тоҷикистон будани ҳадди ақал яке аз халабонҳои ҳавопаймои суқуткарда дар Афғонистон таъйид шудааст. Манбаъҳое мегӯянд, ду халабони дигар низ шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Халабони ҳавопаймои АН-24, ки се рӯз пеш дар Афғонистон суқут карда буд, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ин хабарро манобеи сафорати Русия дар Кобул таъйид кардаанд. Хабаргузории “РИА Новости” аз қавли манобеи сафорати Русия дар Кобул иттилоъ медиҳад, ки як халабони ин ҳавопаймо, Александр Деймуров шаҳрвандии дугонаи Тоҷикистон ва Русияро доштааст. Александр Деймуров, тибқи қарордод бо ширкати ҳавопаймоии Афғонистон “Pamir Airways”, кор мекардааст.
Ҳамчунин, субҳи имрӯз, як хонандаи сомонаи Озодӣ ба мо занг зад ва гуфт, ҳамаи чаҳор халабони ҳавопаймои суқуткарда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ӯ гуфт, яке аз ин халабонҳо бо номи Гулмаҳмад Қурбонов аз хешовандони ӯст. Як манбаи дигар, халабони тоҷик, ки ҳамчунин дар Афғонистон кор мекунад, гуфт, се нафар аз ин халабонҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд ва як нафарашон афғон.
Дар ҳоли ҳозир хабарнигорони Радиои Озодӣ ин иттилоъро санҷида истодаанд. Ин ҳавопаймои АН-24, ки аз шаҳри шимолии Афғонистон - Қундуз сӯи Кобул парвоз мекард, бар асари вазъи номусоиди ҳаво, дар болои гарданаи Соланг суқут намуд.
44 сарнишин, аз ҷумла, ҳашт шаҳрванди хориҷӣ, савори ин ҳавопаймо буданд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳамаи онҳо ба ҳангоми ҳодиса ҷон бохтаанд. Ҷойи суқути ҳавопаймо ду рӯз баъд аз ҳодиса тавассути халабонони чархболи нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон ошкор шуд. Аммо то ҳол ягон гурӯҳи наҷотбахш муваффақ нашудааст, ки ба маҳалли суқути ҳавопаймо бирасад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2320-2010-05-20-09-34-16.html