11:37:08 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҚАТЛИ ПИСАРЕ БА ДАСТИ ПАДАР ДАР ДУШАНБЕ

Пулиси Тоҷикистон мегӯяд шаби сешанбеи 23 июн Мадиҷон Миралиев, як сокини 57-солаи шаҳри Душанбе ба зарби корд писари 29-солааш Беҳзодро куштааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвар ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса дар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ иттифоқ афтода ва падар бо корд ё чоқу чанд зарба писари худро задааст. Дар натиҷа, писар шадидан захм бардошта ва дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст. Ба гуфтаи оқои Асадуллоев, қаблан Мадиҷон Миралиев ва писараш Беҳзод барои иртикоби ҷароими мухталиф, аз ҷумла авбошӣ ва интиқоли маводди мухаддир, зиндонӣ шуда буданд.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, оқои Миралиев аз ҷониби кормандони пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дастгир шуда ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар зарфи се рӯзи ахир ин дувумин ҳодисаи қатл дар шаҳри Душанбе будааст, ки ба далели муноқишоти хонаводагӣ рух додааст.

Пештар сухангӯйи вазорати кишвар аз як оташсӯзии амдӣ хабар дода буд, ки дар пайи муноқишаи як мард бо ҳамсараш рух дода ва хонуми ин мард дар оташсӯзӣ ҷон дода буд. Дар ҳамин ҳол, додгоҳи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, Насимҷон Қурбонов, сокини ноҳияи Фархори ин вилоятро ба иттиҳоми қатли се нафар ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Ба гуфтаи Варқа Зайниддинов, ёвари додситони вилояти Хатлон, ин фард шаби 20 ноябри соли гузашта дар ҳолати мастӣ се сокини рустои Арабои ноҳияи Фархор, аз ҷумла, холаи худро, кушта ва чаҳор нафари дигарро захмӣ кардааст.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi