«АУТРИЧ ДАР ҲИФЗИ САЛОМАТӢ» ФАЪОЛ МЕШАВАД
Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ташкили семинарро барои нӯҳ созмони ғайриҳукуматии маҳаллӣ, ки ҷиҳати татбиқи барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» дар Тоҷикистон ҷалб карда шудаанд, маблағгузорӣ намуд. Дар кори семинар 35 кормандони созмонҳои ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд. Ба хотири ифтитоҳ бахшидан ба татбиқи барнома, семинар бо имзо гардидани созишномаҳо бо ҳар яке аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ анҷом ёфт.
Дар рафти семинар ба мақсад ва вазифаҳои барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ», инчунин таҳияи модулҳои пешгирикунанда, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ равона шудаанд, аҳамияти махсус дода шуд. Ба иштирокчиён истифодабарии таҷҳизоти мониторингӣ ва баҳогузорӣ, ва сиёсати ҳисоботӣ, молиявӣ ва маъмурӣ омӯзонида шуд.
Намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар чорчӯбаи барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» созишномаҳо имзо намуданд ва оид ба бастани созишномаҳо сертификат гирифтанд. Мудири USAID дар Тоҷикистон Ҷеффри Лерер бо сухани ифтитоҳӣ ба созмонҳои ғайриҳукуматӣ муроҷиат намуда, дар он нақши ассосии онҳоро дар татбиқи барномаи мазкур қайд намуд.
Қаблан, нӯҳ созмони ғайриҳукуматии мазкур аз ҷониби Кумитаи тендерии иборат аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва шарикони байналмиллалӣ, ба мисли Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар зидди ВНМО, касалии сил ва табларза, Институти ҷомеаи кушода ва UN AIDS дар рафти озмуни ба таври кушод эълонгашта интихоб гардиданд.
«Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» барномаи минтақавӣ буда, ба он нафароне равона мешавад, ки зери хавфи бештари мубталошавӣ ба бемории ВНМО ва касалии сил дар Осиёи Марказӣ қарор доранд. Он ба қатъгардонии паҳншавии бемориҳои мазкур дар байни аҳолӣ низ равона карда шудааст. Барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» аз ҷониби созмонҳои PSI, Лоиҳаи ХОУП, Хазинаи БНМО шарқ-ғарб (AFEW) ва бунёди ҷамъиятии «Иттиҳоди Қазоқистонии одамоне ки бо ВНМО/БНМО зиндагӣ мекунанд» татбиқ карда мешавад.
Барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» яке аз чанд лоиҳаҳои мадад ба рушди Тоҷикистон мебошад, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ амалӣ карда мешавад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи Сафорати ИМА дар Душанбе ба миқдори 900 миллион доллар кӯмак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2363-l---r--.html