"ПОРЛУМОН ОМОДАИ БОЗНИГАРӢ ДАР ҚАРОРДОДИ РОҲИ ПУЛАКӢ"
Дар сурати зарурӣ порлумони Тоҷикистон метавонад дар созишномаи миёни давлати ин кишвар ва ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS) бознигарӣ кунад. Ин матлабро Ҷумъабой Сангинов, узви порлумон, рӯзи ҷумъаи 18 июн дар як мизи гирд перомуни фаъолияти порлумони ҷадиди Тоҷикистон дар Маркази мутолеъоти истротежики ин кишвар баён кард. Ин дар ҳолест, ки ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон низ ба санҷиши фаъолияти ин ширкат, ки машғули пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ аст, оғоз кардааст.
Аз сӯйи дигар, намояндагони гурӯҳе аз аҳзоби сиёсӣ дар шимоли Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз давлати ин кишвар хостаанд, ки қарордоди роҳи пулакиро ботил кунад.
Имкони таҷдиди назар
Ҷумъабой Сангинов, раиси фроксиюни Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон дар мизи гирди коршиносон ва мақомоти порлумонӣ изҳор дошт, ки аъзои порлумон метавонанд дар қарордоди давлати Тоҷикистон бо ширкати "IRS" таҷдиди назар кунанд.
Дар посух ба ин суол, ки чаро то ҳол порлумони Тоҷикистон ба фаъолияти ин ширкат, ки дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон ба мавзӯъи доғе табдил шудааст, то ҳол вокунише накардааст, оқои Сангинов гуфт, ки далели аслии ин амр баррасии ин мавзӯъ аз сӯйи мақомоти иҷроия аст.
Вай афзуд: "Ҳоло давлати Тоҷикистон бо таъсиси як кумисиюни вижа фаъолияти ин ширкатро баррасӣ мекунад. Дар сурате, ки гузориши ин кумисиюн таҳия ва пешниҳод шавад ва агар ниёзе пайдо шавад, порлумон метавонад дар созишномаи миёни давлат ва ин ширкат таҷдиди назар кунад."
Ин дар ҳолест, ки аъзои порлумони қаблии Тоҷикистон, ки оқои Сангинов ҳам узви он буд, соле қабл ин созишномаро тасвиб карданд. Ҳарчанд бархе аз аъзои қаблии маҷлис бо ин амр мухолифат карданд.
Идораи зиддиинҳисори Тоҷикистон дар моҳи гузашта ҳушдор дода буд, ки масъулони ин ширкат бояд фаъолияти худро дар чорчӯби қавонини кишвар анҷом диҳанд ва барои иҷрои ин муқаррарот як моҳ мӯҳлат дода буд.
Дар ғайри ин сурат, Идораи зиддиинҳисорӣ ҳушдор дод, ки алайҳи ин ширкат ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Ҳамчунин Идораи зиддиинҳисорӣ тақозо дошт, ки ширкати “IRS” бояд из идомаи пулчинӣ дар ҷоддаи Душанбе-Чаноқ худдорӣ кунад.
Вале мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар посгоҳҳои ин ширкат дар минтақаи Варзоб, Истаравшан ва ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии маблағ аз ронандагон барои истифода аз ин роҳ идома дорад. Ҳарчанд ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар вилояти Суғд соҳибони худравҳо ва комюнҳо барои напардохтани роҳпулӣ аз роҳҳои фарсудаи “олтернотиф” истифода мекунанд.
Музаффар, як ронандаи худрав, гуфт: “Мо бист метр дуртар аз посгоҳ аз ҷодда берун мешавем ва аз бероҳа гузашта, баъд аз дусад метр дубора вориди ҷоддаи Душанбе-Чаноқ мешавем."
Вай афзуд: "Масъулони ширкати “IRS” ин амали моро мушоҳида мекунанд, вале то ҳол аз ин кор ҷилавгирӣ накардаанд. Зеро мардум тавони пардохти молиёти роҳро надоранд ва бастани роҳҳои олтернотиф метавонад хашми сокинони маҳаллӣ алайҳи ин ширкатро бештар кунад."
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаъи мӯътамад дар Додситонии кулли Тоҷикистон, ахиран ин ниҳод низ ба санҷиши фаъолияти ширкати “IRS” оғоз кардааст. Гуфта мешавад дар сурати ҷамъоварии маводди зарурӣ ва ошкор сохтани тахаллуфот ва носозгории фаъолияти ин ширкат бо қавонин эҳтимоли боз кардани парванда алайҳи масъулони ин ширкат баъид нест.
Дархости аҳзоби сиёсӢ
Дар таҳаввуле дигар, намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ дар шимоли Тоҷикистон бо интишори баёнияе аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, ва аъзои порлумони ҷадиди ин кишвар хостаанд, ки муқаррароти роҳи пулакиро лағв кунанд.
Дар ин баёния, ки намояндагони аҳзоби демукрот, кумунист, сусиёлист, сусиёл-демукрот ва наҳзати исломии Тоҷикистон зери он имзо кардаанд, тасвиби муқаррароти роҳи пулакӣ дар порлумони қаблиро "хидмате хирсона ба интихобкунандагон" хонда шудааст.
Намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар устони Суғд навиштаанд, ки пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ бар вазъияти иҷтимоъию иқтисодии мардум ва кишвар асароти манфӣ хоҳад гузошт ва "фазои ороми сиёсии ҷамъиятиро халалдор намуда ва ба сулҳу ваҳдат рахна мезанад."
Дар ин баёния омадааст: "Пулакӣ шудани роҳи ягона ба баландшавии нарху наво дар бозорҳо ва пастшавии сатҳи зиндагии мардуми бе он ҳам қашшоқ (фақиру бенаво) оварда мерасонад."
Онҳо пешниҳод кардаанд, ки муқаррароти роҳи пулакӣ дар сурати набуди роҳи олтернотив манъ карда шавад ва тармиму нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳисоби молиёти роҳ, ки ронандагон ҳамасола ба буҷети давлат мепардозанд, анҷом шавад.
Намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Суғд ҳамчунин хостори шаффофият дар сарфу харҷи маболиғи молиёт ва даромадҳои дигар ба буҷети давлатии Тоҷикистон ва иттилоърасонии дақиқи мақомот ба мардум дар ин замина шудаанд.
Онҳо аз муқаррароти тасвибшудаи роҳи пулакӣ ба унвони "қонуни ғайримардумӣ" ном бурда ва давлатро ҳушдор доданд, ки асли "иҷтимоъӣ будани давлат" дар Қонуни Асосиро қотеъона риъоят кунад. Роҳи Душанбе-Чаноқ аз якуми апрели соли ҷорӣ пулакӣ шуд. Давлати Тоҷикистон ширкати "Innovative Road Solutions"–ро масъули ҷамъоварии пул дар ин масир ва нигоҳубини ин ҷодда интихоб кардааст.
Ҳоло миёни ҷомеъаи Тоҷикистон ин суол матраҳ аст, ки ин ширкати хориҷӣ, ки бештари иттилоъот дар бораи он “сиррӣ” эълом шудааст, моли кист ва чаро давлати Тоҷикистон барои ин ширкат имтиёзоти зиёдеро қоил шудааст?
Аз сӯйи дигар, гуфта мешавад, ки тибқи мавозини байналмилалӣ, пулакӣ кардани роҳ дар манотиқи кӯҳистонӣ бидуни мавҷудияти роҳҳои олтернотиф ғайриқонунӣ аст. Зеро мардум барои омаду рафт роҳи дигаре дар ихтиёр надоранд.
То ҳол сокинони бархе аз навоҳии атрофи ҷоддаи Душанбе-Чаноқ бо дархостҳои муштарак аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостори лағви муқаррароти пулакӣ шудани ин роҳ шуданд. Вале дархостҳои онон то кунун бепосух мондааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2508-q------q.html