06:59:09 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШИКАНҶА ДАР ЗИНДОНҲОИ ТОҶИКИСТОН

 

Бар асоси гузориши Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон, дар зарфи ду соли ахир дар ин кишвар 92 мавриди шиканҷа сабт шудааст.

Ба гуфтаи Сергей Романов, корманди масъули ин идора, бо таваҷҷӯҳ ба он ки созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари ватанию байналмилалӣ иҷозаи вуруд ба зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои Тоҷикистонро надоранд, ин иттилоъ тавассути шикоёти наздикони маҳбусон ҷамъоварӣ гардидааст. Бар асоси тасмими Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола аз 26 июн ба унвони "Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо шиканҷа" дар кишварҳои мухталиф таҷлил мешавад ва ин созмон ин рӯзро фурсате барои муборизаи муттаҳидонаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ алайҳи шиканҷа медонад.

Адами дастрасӣ ба зиндонҳо 

Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон иброз доштанд, ки бо вуҷуди муроҷеъаи мукаррар ниҳодҳои зирбати ин кишвар барои вуруди намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, бахусус Созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ, ба зиндону боздоштгоҳҳои Тоҷикистон иҷоза надодаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Паём Фурӯғӣ, масъули бахши ҳуқуқи башари Маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон, дар кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто Ӯзбакистон имкони дастрасӣ ба зиндонҳо барои мулоқот бо маҳбусон дар ин мамолик дар муқоиса бо Тоҷикистон бештар аст.

Ҳамзамон, оқои Фурӯғӣ таъкид кард, ки пешнависи мувофиқатнома миёни Вазорати адлия ё додгустарии Тоҷикистон ва Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ дар бораи дарёфти иҷозаи вуруд ба зиндонҳои Тоҷикистон таҳия шудааст ва дар сурати имзои ин санад заминаи ҳуқуқӣ барои баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар зиндонҳои Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

Мурод Солеҳов, сухангӯйи дафтари Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе, зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки ҳамакнун гуфтушунидҳо дар ин замина дар сутӯҳи мухталифи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон идома дорад, вале то ҳол ҷонибҳо рӯйи ин масъала ба тавофуқ нарасидаанд.

Ба гуфтаи оқои Солеҳов, то ҳол созмони Салиби Сурх натавонистааст аз зиндону боздоштгоҳҳои муваққатӣ дар Тоҷикистон дидан кунад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, боздоштшудагон ба вакилони мудофеъ баосонӣ дастрасӣ надоранд ва мавориди эъмоли фишор ва ҳатто лату кӯби онҳо аз сӯйи пулис ё нозирони боздоштгоҳ зиёд рух медиҳад.

Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Омрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон низ дар мавриди вазъияти шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон ва дастрасӣ надоштани созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ба ин муассисот интиқод шудааст.

Сарчашмаҳои иттилоъ дар бораи шиканҷа 

Ба далели адами дастрасӣ ба маҳбасу боздоштгоҳҳои муваққатии Тоҷикистон созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, умдатан иттилоъ дар бораи мавориди шиканҷа дар ин кишварро аз тариқи сӯҳбат бо наздикону ақрабои маҳбусон ва боздоштшудагон дарёфт мекунанд.

Сергей Романов, корманди масъули Идораи ҳукуқи башари Тоҷикистон, гуфт, ки аз ин лиҳоз пайдо кардани омори дақиқ дар мавриди шиканҷа дар зиндону боздоштгоҳҳои ин кишвар душвор аст.

Аммо ин созмон дар истинод ба шикоёти наздикону ақрабои маҳбусону боздоштшудагон мизони шиканҷа дар Тоҷикистонро солиёна дастикам ҳудуди 50 маврид арзёбӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон ҳама гуна иттилоъ дар бораи шиканҷа дар зиндонҳои ин кишварро такзиб карда ва мегӯянд, ки аз маҳбусон ва наздикони онҳо дар ин замина шикояте дарёфт накардаанд.

Аз сӯйи дигар, женерол Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири кишвари Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз мавориди сӯиистифодаи афроди пулис аз мақоми хидматӣ сӯҳбат карда ва гуфта буд, ки дар соли гузашта бо ин иттиҳом беш аз чиҳил пулис аз суфуфи ниҳодҳои интизомӣ ихроҷ ва ба додгоҳ кашида шудаанд.

Вале дар ин нишаст рӯшан нашуд, ки чи теъдод аз маъмурони пулисе, ки ба иттиҳоми "суиистифода аз мақоми хидматӣ" муҷозот шудаанд, дар шиканҷа даст доранд.

Ҳамкорӣ барои рафъи шиканҷа 

Масъулони бахши ҳуқуқи башари Маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сурати омодагии Тоҷикистон барои ҳамкории густарда бо созмонҳои байналмилалӣ дар заминаи мубориза бо шиканҷа ва шаффоф сохтани фаъолияти зиндону боздоштгоҳҳо ба коҳиши ҷиддии мизони шиканҷа дар ин кишвар муваффақ шудан мумкин аст.

Гуфта мешавад, барои иҷрои ин амр нахуст бояд Тоҷикистон Прутукули довталабонаи Кунвонсиюни Созмони Милали Муттаҳид алайҳи шиканҷаро имзо карда ва аз ин тариқ заминаи ҳуқуқиро барои чунин ҳамкорӣ фароҳам созад.

Имкон дорад ба дунболи он фиристодаи вижаи СММ дар умури мубориза бо шиканҷа вориди Тоҷикистон шуда ва дар мавриди вазъияти шиканҷа дар ин кишвар гузорише таҳия кунад ва дар чаҳорчӯби ин гузориш СММ, Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо ва давлати Тоҷикистон роҳҳои ҳалли ин мушкилро баррасӣ кунанд.

Масъулони ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон, бо шумули ниҳоди ҷадиди Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар эълом доштанд, ки омодаанд дар заминаи беҳбуди вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунанд.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi