11:27:05 28-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ СОХТМОНИ «БУРҶИ САФФАРИНӢ» ДАР ДУШАНБЕ

Имрӯз 24.06.2010 ширкати меъморию сохтумонии «Аднан Саффарини»-и кишвари Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ба корҳои таҳқиқотию геологӣ барои сохтумони бинои баландошёнаи «Бурҷи Саффаринӣ» дар шаҳри Душанбе оғоз намуд.

 

Ин ширкат, ки аз мӯътабартарин ширкатҳои лоиҳакашӣ, меъморӣ ва назоратию сохтумонии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, лоиҳакаш ва меъмори бурҷҳои осмонхароши кишварҳои Қатар, Кувейт ва АМА буда, хусусан, бо лоиҳакашии чанд бурҷӣ баланди шаҳри Дубай машҳур шудааст.   «Бурҷӣ Сафаринӣ» дар Душанбе бинои замонавии 18 ошёнаест, ки дафтари намояндагии ин ширкат дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин, дафтарҳои кори шикратҳои гуногуни сохтумонӣ ва тиҷориро дар худ ҷой медиҳад. Дар ороиши намои берунӣ ва пештоқу даромадгоҳи бино аз унсурҳои ҳунар ва меъмории суннатии тоҷикон васеъ истифода шудааст, ки он ба ҳусни бино ва ҳусни пойтахти кишвар меафзояд.

 

Ширкати лоиҳакашию меъмории «Аднан Саффаринӣ» муаллифи тарҳи зебои Масҷиди бузурги Душанбе мебошад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳудуди 150 000 намозгузор дар пойтахти Тоҷикистон сохта мешавад. 

 

Рӯзгор

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2546---l-r--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ