14:51:13 28-уми Июни 2025 сол

БАХШИ ХУСУСӢ: МОРАТОРИЮМ ТАМДИД ШАВАД

Анҷумани туҷҷор ва соҳибкорони Тоҷикистон аз давлати ин кишвар дархости тамдиди мӯҳлати таълиқи (мораториюм) бозрасии молии ширкатҳоро кардааст. Соли 2008 бо фармони Президент Раҳмон куллия анвои бозрасии фаъолиятҳои ширкатҳо ва корхонаҳои ҳам бахши хусусӣ ва ҳам давлатӣ ба таълиқ дароварда шуда буд.

 

25 июли имсол мӯҳлати иҷрои ин муқаррарот анҷом меёбад. Ҳамзамон бо дархости соҳибкорони тоҷик аз давлат, Президент Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар бо ишора ба мушкилоти будҷети кишвар хостори ташдиди ҷамъоварии молиёт барои будҷет шуд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта мақомоти Кумитаи молиёти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки иҷрои муқаррароти таълиқи бозрасии ширкатҳои хусусӣ ба раванди ғанисозии будҷети кишвар мушкил эҷод кардааст.

 

Тибқи мутолеъоти ин ниҳод, ҳудуди 35 дарсади ширкатҳо дар ду соле, ки аз бозрасии фаъолияташон маъоф шудаанд, дар заминаи пардохти молиёт муқаррароти қавонини кишварро нақз кардаанд. Аммо Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани туҷҷор ва соҳибкорони Тоҷикистон мегӯяд, тамдиди замони таълиқ барои бозрасии фаъолияти ширкатҳо ва корхонаҳо барои идомаи рушди бахши хусусӣ муҳим аст.

 

Ба эътиқоди Матлуба Ӯлҷабоева дар ду соли ахир, таълиқи бозрасиҳо барои рушди қобили мулоҳизаи бахши хусусӣ шароит фароҳам кардааст, аммо ин мӯҳлат барои тавсеъаи воқеъӣ дар бахш нокофӣ будааст.

 

Вай аз ҷумла таъкид кард, ки: “таълиқи бозрасии ширкатҳо ба мавзӯъи пардохти молиёт рабте надорад ва ширкатҳо ҳамвора молиёти заруриро пардохт мекунанд. Аммо ширкатҳо дар ин ду сол аз бозрасиҳои нолозим муъоф шуданд. Дар натиҷа, ширкатҳо тавонистанд ба рушди фаъолияти худ бештар таваҷҷӯҳ кунанд”.

 

Хонум Ӯлҷабоева мӯътақид аст, ки мӯҳлати таълиқи бозрасиҳо бояд тамдид шавад, зеро дар акси ҳол, мушкилоти бахши хусусӣ муҷаддадан зуҳур хоҳад кард. Дар зарфи ду моҳи ахир бархе аз туҷҷор ва соҳибкорони тоҷиқ бо интишори матолибе дар расонаҳо низ бар зарурати тамдиди мӯҳлати таълиқи бозрасиҳо таъкид кардаанд.

 

Онҳо дар матолиби мунташиршуда дар матбуъот, ибрози нигаронӣ кардаанд, ки баъд аз поёни мӯҳлати мораториюм ё таълиқи бозрасиҳо ниҳодҳои молиёт, ки тӯли ду соли ахир аз ҳаққи бозрасии фаъолияти онҳо маҳрум шуда буданд, дар кори ширкатҳояшон мушкил эҷод хоҳанд кард. Вале мақомоти Кумитаи молиёти Тоҷикистон пайваста чунин нигарониҳоро беасос хонда ва мегӯяд, бозрасон танҳо дар чорчӯби қавонини кишвар фаъолият мекунанд.

 

Коршиносон мегӯянд, ки бо дарназардошти фасоди густурда дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, ба вижа дар ниҳодҳои молиёт, чунин нигаронии бахши хусусӣ воқеъият дорад. Дар ҷаласаи рӯзи шанбеи Ҳукумати Тоҷикистон, Президент Раҳмон барои таҳияи тадобир барои тақвияти раванди ҷамъоварии молиёт ба ниҳодҳои зиддахл 15 рӯз мӯҳлат дод.

 

Вай дастур додааст, ки аз мавориди сарпечӣ аз пардохти молиёт ҷилавгирӣ шавад ва дар семоҳаи севуми соли ҷорӣ мушкили камбуди бахши воридоти будҷети кишвар рафъ шавад. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои давлатӣ пайваста аз иҷрои муассири ҷамъоварии молиёт барои будҷети кишвар гузориш медиҳанд. Вале аз суханони Президент Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар чунин бар меояд, ки ин гузоришҳо воҷеъият надошта ва дар ин замина мушкилоте вуҷуд доштааст.

 

Бо ин вуҷуд масъулони бархе аз ширкатҳо мегӯянд, ки маъмурони ниҳодҳои молиёт аз онҳо “дӯстона” дархости пардохти пеш аз мӯҳлати молиётро мекунанд, то тавонанд ба мақомот аз иҷрои “бомуваффақи” вазоифи худ гузориш бидиҳанд. Ба эътиқоди бештаре аз иқтисоддонҳо, мушкили ҷамъоварии молиёт барои будҷети Тоҷикистон ба таълиқи бозрасиҳои ширкатҳо ва корхонаҳои хусусӣ рабт надошта, бештар ба сиёсати иқтисодии давлат вобаста аст.

 

Онҳо мегӯянд, вуҷуди фасоди густурда дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, боло будани молиёт ва тамаркузи идораи бахши хусусии иқтисод дар дасти гурӯҳе, ки ба мақомоти баландпоя иртибот доранд, ба коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон мунҷар мешавад. Созмонҳои байналмилалӣ низ пайваста аз давлати Тоҷикистон барои фароҳам накардани шароити зарурӣ барои рушди бахши хусусии иқтисод дар ин кишвар интиқод мекунанд.

 

Бо ин ҳама, дар ду соли ахир давлати Тоҷикистон дар ин замина талошҳое анҷом дода ва ба гуфтаи коршиносон, ба пешрафтҳое низ даст ёфтааст. Онҳо таъсиси равзанаи воҳид барои сабти номи ширкатҳо ва таълиқи бозрасии фаъолияти онҳоро ба унвони шароите, ки ба беҳбуди ин бахш мусоъидат кардааст, ном мебаранд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2610-2010-07-05-11-00-09.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ