15:09:57 28-уми Июни 2025 сол

ҚОНУНИ ЗАМИН БОЯД БА МАСОИЛИ ҶИНСИЯТӢ ҲАССОС БОШАД

Гурӯҳе аз коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ ба манзури таъкид бар зарурати бознигарии ҷинсиятии Қонуни замин, дар шаҳри Душанбе нишасте зери унвони "Ҷанбаъҳои ҷинстиятӣ ё гендерӣ дар ислоҳоти замин" баргузор карданд. Ин нишаст, рӯзи душанбеи 5 июл, дар чорчӯби барномаи вижаи Муассисаи Гузоришгарии Ҷанг ва Сулҳи (МГҶС) Бритониё ва дар ҳамкорӣ бо Сандуқи занони СММ, вазорати хориҷаи Норвеж ва эътилофи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон мавсум ба "Гузор аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии амалӣ" сурат гирифт.

 

Коршиносони Сандуқи занони СММ пас аз баррасии Қонун дар бораи замини Тоҷикистон гуфтанд, ки "ҳарчанд Қонун дар бораи замин дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ занонро табъиз накарда ва аз нигоҳи ҷинсиятӣ бетараф аст, аммо ин қонун ба масоили ҷинсиятӣ ҳассос низ нест."

 

Қаблан барои баррасии тарҳи ислоҳот ба қонуни замин аз нигоҳи ҷинсиятӣ, бо шумули коршиносони хориҷӣ ва дохилӣ "Гурӯҳи кории марбут ба мавзӯъи ҷинсият" ташкил шуда буд, ки акнун дар нишасте хабарӣ пешниҳодҳои худро дар ин робита ироа кардааст.

 

Дар баёнияи ин гурӯҳи корӣ мехонем, ки "Усули баробарии занону мардон дар ин қонун риъоят шуда, вале аз усулҳое ба монанди фароҳам овардани шароити баробар ва тадобири вижа барои аз байн бурдани нобаробарии ҷинсиятӣ истифода намебарад."

 

Коршиносон таъкид мекунанд, ки ба ин далел "ҳарчанд 70 дарсади кормандони кишоварзиро дар Тоҷикистон занон ташкил медиҳанд, нобаробарии ҷинсиятӣ дар заминаи дастарасӣ ба идораи замин ва раванди тасмимгирӣ дар масоили умури замин ошкоро мушоҳида мешавад."

 

Рангина Назриева, коршиноси умури ҷинсиятӣ мегӯяд, ки дар зарфи беш аз шаш моҳи ахир гурӯҳи корие машғули таҳияи тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни замини Тоҷикистон аст, ки бино ба ин ислоҳот ҳаққи истифода аз замин мавриди хариду фурӯш қарор мегирад. Вай афзуд, яке аз муҳимтарин пешниҳодҳои гурӯҳи кории марбут ба ҷинсият ба ин тарҳи ислоҳот ворид кардани бандҳои зарурӣ барои имкони тақсими замин миёни завҷаҳо дар сурати талоқ мебошад.

 

Хонум Назриева мегӯяд: "Чун қарор аст ҳаққи истифода аз замин мавриди хариду фурӯш ва ё доду гирифт қарор бигирад, пас қонун ба як банде дигар дар бораи тақсими ин замин миёни завҷаҳои талоқгирифта низ, ба мисли тақсими хона ва ё дигар амвол, ниёз дорад."

 

 

Вай афзуд: "Мо набояд фаромӯш кунем, ки беш аз 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар манотиқи кишваорзӣ зиндагӣ мекунанд ва кори аслии онҳо кишоварзӣ аст. Дар сурати фароҳам шудани меконизми тақсими замин миёни завҷаҳо дар сурати талоқ, занони рустоӣ бидуни василаи таъмини рӯзгор нахоҳанд монд."

 

Тарҳи ислоҳот ба Қонуни замин бо дархости давлати Тоҷикистон тавассути гурӯҳи корие дар ҳамкорӣ бо созмони КИМОНИКС таҳия шуда ва дар ҳоли ҳозир дар марҳилаи ниҳоии барраси қарор дорад. Ин тарҳ қарор аст моҳи сентябри соли ҷорӣ ба порлумони кишвар барои баррасӣ ва тасвиб пешниҳод шавад.

 

Интизор меравад, гурӯҳи кории дар умури занони вобаста ба Созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатии дохилӣ дар Тоҷикистон, моҳи оянда ин тарҳро дар мизи гирдҳое бо ширкати намояндагони порлумон мавриди баҳсу баррасӣ қарор бидиҳанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2613-2010-07-05-18-18-08.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ