08:04:18 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БАРОИ КОҲИШИ ХАТАРИ ПАРТОВҲОИ ҲАСТАӢ

 

Дар Женева бо мусоидати Созмони Милал роҳҳои коҳиши хатари партовҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад. Дар ин ҳамоиш ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон бо раҳбарии Асадулло Ғуломов – муовини нахуствазир ширкат доранд ва бо пешниҳодоти тозае ба ин нишаст омадаанд.

Таври маълум дар Тоҷикистон миллионҳо тонна маводи радиоактив аз замони шӯравӣ мерос мондааст, ки ҳоло ба таври муносиб нигаҳбонӣ намешаванд ва ин партобгоҳҳо ҷони ҳазорон нафар сокинони атрофро дар хатар гузоштааст.

Дар робита ба нишаст ва хатароти афзояндаи партобгоҳҳои ҳастаӣ сӯҳбате доштам бо Нил Волкер намояндаи минтақавии Созмони Милал дар Қирғизистон, ки аз баргузоркунандагони нишасти Женева аст. Нахуст аз ӯ пурсидам, ки дар робита ба хатароти партобгоҳҳои ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ онҳо бештар аз ҳама аз чӣ нигаронанд?

"Аз партобгоҳҳои заҳрогини ураниум дар минтақа ду хатари аслӣ бармеояд. Хатари аввал барои сокинони минтақаҳоест, ки партобгоҳҳо дар онҷо воқеъ шудаанд. Онҳо даҳсолаҳо боз дар вазъе зиндагӣ доранд, ки боз ҳам хатарноктар мешавад. Партобҳои кимиёвӣ аз ҷумла партоби ураниум ба обҳои зеризаминӣ роҳ ёфта ва шаҳрҳои онҳоро олуда мекунанд. Хатари бузургтар ин аст, ки ин партобгоҳҳои олуда, дар сарчашмаҳои манобеъи обии минтақа таҳшин хоҳанд шуд, ки тамоми водии Фарғонаро бо об таъмин мекунанд. Тавре медонед, дар водии Фарғона ҳудуди 10 то 12 миллион нафар сукунат доранд ва партобгоҳҳои заҳрогин дар болооби рӯдхонае ҷойгиранд, ки тамоми водии Фарғонаро об медиҳанд ва онҳо дар баробари заминларза, обхезӣ ва боришоти зиёди баҳорӣ ниҳоят осебпазиранд. Ва агар моддаҳои ин партобгоҳҳо ба рӯдхонаҳои Фарғона ворид шаванд, дар муддати кӯтоҳе шумо шоҳиди олудашавии ниҳоят хатарноки шабакҳои обёрие мешавед, ки миллионҳо нафарро бо об таъмин мекунанд. Ҳамин аст, хатаре, ки мо дар онҷо мебинем."

Вазъи ин партобгоҳҳо дар зарфи солҳои ахир то чӣ ҳад бадтар шудааст?

"Вазъи партобгоҳҳо тайи муддатҳо табоҳтар мешуд. Онҳоро дар ҳамон панҷоҳ соли пеш дуруст насохта буданд, вале дар замони шӯравии собиқ низоми ягонаи назорату пайгирӣ ва посбониву як андоза нигаҳдории онҳо вуҷуд дошт. Баъди истиқлолияти кишварҳо ин низоми ягонаи муроқибати партобгоҳҳо аз ҳам пошид ва бар иловаи ин бар асари фақириву ноогаҳии мардуми аксари шаҳрҳои атроф, воқеан васоили ҳифзи партобгоҳҳо, симхорҳои онҳоро дуздиданд, посбонони онҳо рафтанд ва мушкилоти дигар пеш омад. Гузашта аз ин вазъи партобгоҳҳо дар муддати солҳо низ ба таври табиъӣ табоҳтар ва онҳо беш аз пеш дар баробари заминларзаву лағжиши хок ниҳоят осебпазиртар мешаванд, ки метавонанд билофосила манобеъи обиро олуда кунанд. Ҳамингуна вазъият батадриҷ бад мешуд ва муддатҳои ахир ба таври фавқуллода бадтар шуд."

Метавонед бахусус вазъи партовгоҳҳои ураниум дар Тоҷикистонро арзёбӣ кунед, ки то чӣ ҳад хатарноканд? 

"Дар Тоҷикистон ҳам вазъ шабеҳ аст ва партобгоҳҳо дар болооби рӯдхонаҳое ҷойгиранд, ки водии Фарғона аз онҳо об мегиранд, аз ҷумла он қисмати тоҷикнишини Фарғона, ва албатта дигар бахшҳои Фарғона, ки ӯзбаку қирғизҳо ва қазоқҳо сукунат доранд. Мо бовар дорем, ки ҳалли мушкили партобгоҳҳои ҳастаӣ дар воқеъ шабеҳ аст ва Тоҷикистон дар ҳамоиш пешниҳодоти хубе ироа кард, доир ба рушди ҷамоатҳо ва шеваҳои ҳифзи партобгоҳҳои хатарноктарин дар кишвар."

Яъне намояндаи Тоҷикистон дар форум суханронӣ кард ва пешниҳодоти онҳо мушаххасан чӣ буд? 

"Бале Асаддуло Ғуломов – муовини нахуствазири Тоҷикистон суханронии ташвиқкунандае дошт ва доир ба тарҳҳои хосе гуфт, ки бояд ба тарҳҳои минтақавӣ ҳамоиш дода шаванд. Ба андешаи ман, расидагии минтақавӣ ба масъала барои дарёфти маблағҳо ҷиҳати ҳалли мушкилот бисёр муҳим аст. Ҳатто агар як тарҳи хос барои кишвар масалан Тоҷикистон амалӣ шавад, муҳим аст, эътироф кунем, он барои тамоми минтақа аҳамият хоҳад дошт. Аз ин рӯ барои расидагии минтақавӣ ба мушкилоти тамоми намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз дар форум ҳузур доранд."

Ва дар ниҳоят шумо аз ин ҳамоиш чӣ интизор доред? 

"Мо аз ин ҳамоиш чанд чизе интизор дорем. Аввал ин ки бо ҳамоиш огаҳӣ доир ба ин мушкилотро бисёр боло мебарем. Дуввум ин ки акнун мо аз расидагӣ ба мушкилот аз роҳи пажӯҳишҳои академикӣ ҳоло ба ин марҳила расидем, ки ин мушкили ҷиддист, ки бояд рафъ карда шавад. Ин як тағйири умда шеваи расидагӣ ба мушкили патобгоҳҳои ҳастаӣ дар Осиёи Марказист. Дар охири рӯз мо тамоми пешниҳодоту тарҳҳои ҳамоҳангшуда барои Осиёи Марказиро рӯи миз мегузорем, ки аз тарҳҳои академикии гузашта ва як иҷрои тарҳҳои хурд аз як маҳал ба маҳали дигар фарқ мекунад. Дар поёни нишаст мо эъломияе содир мекунем, ки аз ҳимояти сиёсии ҳукуматҳои кишварҳои минтақа ва шарикони мо ба ҳаракат ба самти ҳалли воқеъии мушкилот ва сармоягузорӣ барои он таъкид мекунад ва ин як ҳосили калидии нишаст хоҳад буд."

Тоҳири Сафар, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi