13:52:52 01-уми Июли 2025 сол

ШИРКАТИ "ТОҶИК ЭЙР" АЗ ТАВТЕА АЛАЙҲИ ХУД ХАБАР МЕДИҲАД

Ширкати ҳавопаймоии “ТоҷикЭйр” аз худдории ширкати таъминкунандаи маводди сӯхтии фурӯдгоҳи Душанбе барои сӯхтгирии ҳавопаймоҳои ин ширкат нигарон аст. Манобеъи ин ширкат мегӯянд, ки рӯзи 7 июл ба далели қарздор будани “ТоҷикЭйр”, ширкати таъмини маводди сӯхтӣ дар тӯли рӯз аз додани маводди сӯхтӣ ба ҳавопаймоҳои ин ширкат худдорӣ карда, ҳамзамон нерӯҳои ҳавои Фаронса дар фурӯдгоҳи Душанберо низ иҷозаи сӯхтдиҳӣ ба ҳавопаймоҳои ин ширкат надодааст.

 

Лола Кенҷаева, сухангӯйи “ТоҷикЭйр”, ба Би-би-сӣ гуфт, ки воқеъан онҳо аз ширкати таъмини маводди сӯхтӣ бидеҳкоранд. Вале баъд аз зуҳри рӯзи 6 июл миёни раҳбарони ин ду ширкат тавофуқ шуда буд, ки рӯзи дигар низ ҳавопаймоҳои ин ширкат маводди сӯхтӣ хоҳанд гирифт.

 

Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 7 июл бахши аъзами бидеҳиҳои “ТоҷикЭйр” ба ин ширкат пардохт шудааст. Вале масъулони ширкати таъмини маводди сӯхтӣ дастур додаанд, ки ҳавопаймоҳои “ТоҷикЭйр” бо сӯхт пур нашаванд. Дар натиҷа парвози беш аз даҳ ҳавопаймои ин ширкат ба таъхир дароварда шудааст. Масъулони “ТоҷикЭйр” дирӯз натавонистаанд бо мақомоти ширкати хусусии таъмини маводди сӯхтӣ дар тамос шаванд, зеро онҳо телефунҳои худро хомӯш кардаанд.

 

Ин вазъ раҳбарони “ТоҷикЭйр”-ро водор сохтааст, ки барои кумак ба нерӯҳои ҳавоии Фаронса, мустақар дар фурӯдгоҳи Душанбе, муроҷиъа кунанд. Вале кормандони ширкати таъмини маводди сӯхтӣ ба фаронсавиҳо иҷоза надодаанд, ки ба ҳавопаймоҳои “ТоҷикЭйр” наздик шаванд. Мусофироне, ки парвози ҳавопаймоҳои онҳо ба таъхир уфтода буд, дар назди дафтари ин ширкат таҷаммӯъ карда ва хостори расидагӣ ба мушкилоти онҳо шудаанд.

 

Онҳо изҳор доштаанд, ки масъулони фурӯдгоҳи Душанбе гуфтаанд, ки ширкати “ТоҷикЭйр” муфлис шудааст ва онҳо бояд дигар билети парвоз бо ҳавопаймоҳои ин ширкатро харидорӣ накунанд. Ба ин далел, раҳбарии “ТоҷикЭйр” бар ин назар аст, ки алайҳи ин ширкат аз сӯйи рақибони тиҷорияш тадобире барои "бадномсозӣ" оғоз шудааст.

 

Онҳо мегӯянд, ки мушкили бидеҳкории “ТоҷикЭйр” барои маводди сӯхтӣ аз замони таҷдиди сохтории ин ширкат дар соли гузашта маншаъ мегирад. Зеро он замон ҳам ширкати ҳавопаймоӣ, ҳам фурӯдгоҳ ва ҳам ширкати таъмини маводди сӯхтӣ як ширкати воҳиди давлатӣ буданд. Манобеъи “ТоҷикЭйр” мегӯянд, ки ҳоло ширкати таъмини маводди сӯхтӣ ба ширкати инҳисорие табдил ёфта ва бо қимати гарон барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ маводди сӯхт пешниҳод мекунад.

 

Дар гузашта, ҳудуди 4-5 ширкати мухталиф машғули таъмини маводди сӯхтӣ барои “ТоҷикЭйр” буданд, вале ҳоло ин амр аз сӯйи танҳо як ширкати хусусӣ анҷом мешавад. Ширкати “ТоҷикЭйр” ахиран аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки иҷоза диҳад маводди сӯхтии мавриди ниёзи худро мустақиллона харидорӣ кунад, вале ҳукумат ин пешниҳодро рад кардааст.

 

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи манобеъи огоҳ, “ТоҷикЭйр” дар суратҳисоби худ дар “Ориёнбонк” маболиғи зарурӣ барои харидории маводди сӯхтӣ дар ихтиёр дорад, аммо дар заминаи истифода аз ин дороиҳо бо мушкилот ва мавонеъе рӯбарӯ будааст. Ҳарчанд соҳибназарон аз вуҷуди рақобат миёни “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр”, як ширкати хусусии ҳавопаймоӣ, изҳори назар мекунанд, вале ҳамзамон мақомоти ҳар ду ширкат аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ мекунанд.

 

Ин дар ҳолест, ки зимни ду сафари ахири хориҷии худ Президент Раҳмон алорағми муқаррароти ба истилоҳ “протокол”, аз ҳавопаймои ширкати хусусии “СомонЭйр” истифода кардааст. Ҳарчанд дар гузашта Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо ҳавопаймои “ТоҷикЭйр” озими сафарҳои хориҷӣ мешуд.

 

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд, ин тасмими Президент Раҳмон баъд аз суқути маргбори ҳавопаймои раиси ҷумҳурии Лаҳистон гирифта шудааст. Дар гузашта, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ монанди раиси ҷумҳурии фақиди Лаҳистон аз ҳавопаймои қадимии Туполев-154 истифода мекард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2635--q-q------.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ