17:58:49 28-уми Июни 2025 сол

ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКИСТОН АЗ 8 МИЛЛИОН ГУЗАШТААСТ

UNFPA ё Сандуқи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки шумори ҷамъият дар Тоҷикистон эҳтимолан аз 8 милюн нафар фаротар рафтааст. Масъулони ин созмон умедворанд шумориши ҷамъият, ки имсол дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, натоиҷи рӯшантаре дар ин замина ба даст диҳад, зеро иттилоъи дақиқ дар бораи теъдоди ҷамъият барои таҳияи истротежиҳои лозим ва барномаҳои тавсеъа дар кишвар бисёр муҳим аст.

 

Ин дар ҳолест, ки Созмони Милал ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар гузоришҳои мухталифи худ ба афзоиши қобили мулоҳизаи ҷамъият дар кишварҳои фақири дунё таъкид мекунанд. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои мустақилли ҳамсуд фақиртарин кишвар маҳсуб мешавад ва бар асоси иттилоъи ахири Кумитаи омори Иттиҳодияи Кишварҳои Ҳамсуд, шумори ҷамъият дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари узви ин итиҳодиябештар ва зудтар афзоишмеёбад.

 

Ин мавзӯъ рӯзи ҷумъаи 9 июл дар шаҳри Душанбе ба муносибати "Рӯзи ҷаҳонии нуфус", ки мусодиф бо 11 июл аст, матраҳ шуд. Майкл Ҷонз, намояндаи Сандуқи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон, гуфт, ки афзоиши беш аз ҳадди ҷамъияти ин кишвар бидуни шумориши нуфус ҳам маҳсус аст. Вай гуфт: "Масалан, панҷ сол қабл ман метавонистам мошинамро назди дарвозаи бозори Шоҳмансур порк кунам, аммо имрӯз дар ним килуметр дуртар аз дарвозаи ин бозор ҳам барои порки мошин ҷой пайдо намешавад." Вай мегӯяд ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишвари умдатан кӯҳистонӣ буда ва мардуми он танҳо дар се дарсади қаламраваш ба сар мебаранд.

 

Ҳарчанд коршиносон мегӯянд, ки ҳоло хонаводаҳо дар Тоҷикистон ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва гаронии фарзанддорӣ тарҷеҳ медиҳанд, ки фарзанди камтар дошта бошанд, аммо афзоиши ҷамъият дар ин кишвар ба далели зиёд будани ҷвмъияти синну соли зоимон ҳамчунон идома дорад. Зебо Исмоилова, як масъули Ожонси омори Тоҷикистон, мегӯяд, ки нигарониҳо дар мавриди зуҳури мушкилоти демугрофик дар кишвар ҳануз барвақт аст ва "танҳо пас аз анҷоми шумориши аҳолӣ метавон вазъиятро дуруст баҳо дод."

 

Бархе аз 70 кишвари ҷаҳон, ки қарор буд то соли 2011 шумориши ҷамъиятро анҷом диҳанд, анҷоми ин тарҳи пурҳазинаро барои солҳои оянда ба таъвиқ гузоштаанд. Русия низ дар миёни онҳо ба далели бӯҳрони молӣ аз анҷоми ин кор даст кашидааст. Аммо Майкл Ҷонз гуфт, ки анҷоми шумориши ҷамъият бахусус барои кишварҳои дар ҳоли тавсеъа ба монанди Тоҷикистон бахусус муҳим аст, зеро натоиҷи он иттилоъоти дақиқ дар бораи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, маърифатӣ ва ҷойгиршавӣ ва нақли макони одамонро фароҳам мекунад.

 

Вай афзуд ин гуна иттилоъот барои барномарезӣ, интихоби авлавиятҳо ва тасмимҳои дурусти давлат, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ, сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ ва ниҳодҳои дигар дар зарфи солҳои оянда муҳим аст. Шояд ба ин далел Тоҷикистон, кишваре ниёзманд ба ҳузур ва кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ба вижа сармоягузорон, бо вуҷуди гарон будани тарҳи шумориши аҳолӣ иҷрои онро ба таъвиқ нагузоштааст. Ожонси омори Тоҷикистон дар соли гузашта аз давлат барои баргузории ин тадбири сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ 40 милюн сомонӣ дархост карда буд.

 

Дертар Сандуқи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон эълом кард, ки давлати Тоҷикистон барои анҷоми шумориши ҷамъият ба кумаки созмонҳои байналмилалӣ ва ёригарон ниёз дорад. Дар ҳоле, ки барои анҷоми шумориши аҳолӣ ҳудуди ду моҳ боқӣ мондааст, масъулони ожонси омор гуфтанд, ки дар соли ҷорӣ давлат барои ин тадбир 27 милюн сомонӣ ихтисос додааст. Қарор аст натоиҷи муқаддамотии шумориши ҷамъияти Тоҷикистон, ки зарфи даҳ рӯз дар моҳи сентябри соли ҷорӣ анҷом хоҳад шуд, дар соли 2011 омода шавад.

 

Натоиҷи ниҳоии он пас аз таҳлил ва омӯзиши додаҳо ва иттилоъоти ҷамъшуда то соли 2013 дастраси ҳамагон хоҳад шуд. Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёми худ дар бораи "Рӯзи ҷаҳонии нуфус" гуфт, ки милюнҳо нафар дар курраи Замин, аз ҷумла занону кӯдакон ва ниёзмандон, шумурда нашудаанд. Ба ин далел шиъори имсолаи Рӯзи ҷаҳонии нуфус “Ҳар касе арзишманд аст” (Everyone counts) аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2645----8--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ