18:58:09 28-уми Июни 2025 сол

НАЗОРАТИ ПРОКУРОРӢ ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД

Бино ба иттилои ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддинов, назорати прокурорӣ оид ба истифодаи ғайримақсадноки замин дар ҳамаи навоҳии вилоят пурзӯр карда шуда, даҳҳо ҷиноят оид ба худсарона ишғол кардани замин ошкор карда шуд. Тибқи як санҷиши прокурорӣ дар ноҳияи Фархор, раиси хоҷагии деҳқонии «Ховалинг» Эмом Муродов  барои ғайриқонунӣ дар замини кишоварзии ҳудуди хоҷагӣ сохтани манзили истиқоматӣ боздошт карда  шудааст.

 

Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, раиси хоҷагии деҳқонӣ бо сӯистифода аз ваколатҳои худ, бар хилофи манфиатҳои хоҷагӣ моҳи апрели соли 2010 худсарона ва бе ҳуҷҷати расмӣ дар замини корами обии хоҷагӣ, ки  дар мувозинаи хоҷаги меистад, дар масоҳати 120 м2   манзили истиқоматӣ бунёд намудааст.

 

Дар прокуратураи вилояти Хатлон нисбат ба ҷинояти содир кардаи Эмом Муродов бо моддаи 295 қ.1 (сӯистифодаи ваколат аз ҷонибикормандони ташкилоти тиҷоратӣ ва дигар ташкилот)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда,  тафтишот  мебаранд.        

 

Лаззат Диловарзод, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2666-2010-07-13-10-04-41.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ