23:18:10 28-уми Июни 2025 сол

ТАҲҚИҚИ ПАРВАНДАИ ДУ УЗВИ АЛҚОЪИДА ДАР ТОҶИКИСТОН

Додситонии Тоҷикистон парвандаи ҷиноии ду фарди мазнун дар узвияти Алқоъидаро таҳқиқ мекунад. Гуфта мешавад, ки ин ду нафар дар пойгоҳҳои теруристӣ дар Афғонистон ва Покистон омӯзиш дида ва дар амалиёти ҷангӣ дар он ҷо низ ширкат кардаанд. Ниҳодҳои интизомӣ иддаъо доранд, ки ин ду нафар барои анҷоми амалиёти теруристӣ дар Тоҷикистон дастур гирифта буданд, вале қабл аз анҷоми ин амалиёт дастгир шуданд.

 

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки маъмурони пулис ду фарди муттаҳам ба узвияти Алқоъидаро боздошт кардаанд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки ин афрод авоили имсол боздошт шудаанд, вале хабари боздошти онҳо тоза эълом шудааст.

 

Ба гуфтаи оқои Асадуллоев, яке аз ин афрод Ислом Ниёзматов мебошад, ки шаҳрванди Ӯзбакистон аст, вале ба ҳангоми боздошт ба сурати муваққат дар шаҳри Истаравшан, дар шимоли Тоҷикистон, ба сар мебурдааст. Пулиси Тоҷикистон собит кардааст, ки оқои Ниёзматов дар пойгоҳҳои теруристӣ дар вилояти Вазиристони Покистон омӯзиш дида ва дар чанд амалиёти ҷангии гурӯҳҳои вобаста ба Алқоъида ширкат доштааст.

 

Ба гуфтаи сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, оқои Ниёзматов аз раҳбарони худ дастур гирифтааст, ки дар қаламрави ин кишвар ба аъмоле теруристӣ даст занад. Вале маъмурон ӯро қабл аз анҷоми ин амалиёд дастгир кардаанд. Ҳоло парвандаи вай аз сӯйи маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқ мешавад.

 

Дар ҳамин ҳол, шахси дувуми мазнун дар узвияти Алқоъида низ дар пойгоҳҳои теруристӣ дар Афғонистону Покистон омӯзиш дида ва дар авоили соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев ҳамчунин гуфт, ки дар тӯли шаш моҳи ахир дар қаламрави Тоҷикистон шаш нафар аз пайравони гурӯҳи мамнӯъи “Таблиғ” ҳам боздошт шудаанд ва парвандаи онҳо ҳоло мавриди таҳқиқ қарор дорад.

 

Оқои Асадуллоев дар посух ба ин суол, ки дар тӯли ним соли ахир чӣ теъдод аз ҷонибодорони ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, изҳори беиттилоъӣ кард. Гуфта мешавад чунин афрод маъмулан аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ боздошт мешаванд. Ин дар ҳолест, ки 11 июли соли равон маъмурони амниятии Тоҷикистон Ҳадятулло Давлатов, як сокини ноҳияи Ҳамадониро, ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳи мамнӯъ боздошт кардаанд.

 

Шамсоро Ширинова, модари оқои Давлатов, мегӯяд дар дидори ғайрирасмие, ки вай бо фарзандаш доштааст, нишонаҳое аз хушунат дар ҷисми писари худро мушоҳида кардааст. Хонум Ширинова аз ин ҳодиса ба додситонии Кӯлоб шикоят бурдааст. Фарзанди вай ҳоло зоҳиран дар боздоштгоҳи бахши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин шаҳр ба сар мебарад.

 

Дар ҳамин ҳол, додгоҳи шаҳри Душанбе дар авохири моҳи гузашта Насиба Чуянова, Дилнора Раҳмонова ва Саодат Қулматова, се сокини пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар ҳизби Таҳрир барои шашсолӣ равонаи зиндон кардааст. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши фаъолияти ҳизби Таҳрир дар ин кишвар хабар додаанд, вале фаъолони ин ҳизб, баръакс, иддаъо доранд, ки фаъолияти онҳо дар ҳоли тавсеъа аст.

 

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки ниҳодҳои интизомӣ вазъи ҷиноӣ дар кишварро таҳти кунтрул доранд ва ҳеҷ хатаре амнияти сокинони Тоҷикистонро таҳдид намекунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2724-2010-07-20-08-54-30.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ