АМРИКО ХАРИДИ ПУНБАИ ТОҶИКИСТОНРО МАҲДУД КАРД
Вазорати кори Амрико дар феҳристи колои мамнӯъ дар кишвараш, пунбаи тавлиди Тоҷикистонро ворид кардаст. Дар ин феҳрист маъмулан номгӯйи колое ворид мешавад, ки дар ҷараёни тавлиди он аз нерӯи кори кӯдакон истифода шудааст. Вазорати кори Амрико қаблан харидории пунба аз Ӯзбакистон, кишвари дигари минтақаро, ки ҳамчунин барои ҷамъоварии он аз нерӯи кори кӯдакон ва шогирдони мадраса истифода мешавад, ба ин феҳрист шомил карда буд.
Бар асоси иттилоъи Созмони байналмилалии кор, 20 ҳазор кӯдаку навҷавон дар Тоҷикистон ба сабаби ҷалби онҳо ба корҳои мухталиф аз омӯзишу парвариш дар канор мондаанд.
Нишастҳо барои кумак ба кӮдакон
Муҳайё Хосабекова, ҳамоҳангсози барномаҳои решакании баҳракашӣ аз кӯдакони намояндагии Созмони байналмилалии кор дар Тоҷикистон аз ин иқдоми Амрико изҳори хушнудӣ кард ва гуфт, ки шояд ин иқдом ба суди кӯдакон дар Тоҷикистон бианҷомад.
Хонум Хосабекова мегӯяд; “Барои аз миён бурдани истифода аз нерӯи кори кӯдак қабл аз ҳама бояд сабаби даст задани кӯдакон ба кори сангин дар хонаводаҳоро пайдо кард ва ба волидони онҳо барои дастарсӣ ба корҳо бо маъоши хубе кумак кард, то кӯдакон тавонанд ба мадорис бозгарданд ва ба омӯзишу парвариш ҷалб шаванд.”
Вале вай афзуд, дар сурате ки дар шароити кунунӣ решакании комили ин падида муяссар набошад, “шояд беҳтар аст барои зарурати ҷалби навҷавонони болои 15 сол ба корҳои начандон сангин иқдомоте анҷом бигирад.”
Муҳайё Хосабекова, яке аз мубтакирони нишасти серӯза дар Тоҷикистон аст, ки мавзӯъи аслии он решакании кори кӯдакон дар Тоҷикистон аст. Иттиҳодияи ҳуқуқдонҳои мавсум ба “Анпара” дар Тоҷикистон дар натиҷагирӣ аз таҳқиқоти худ мушаххас кардааст, ки дар ин кишвар баҳракашӣ аз кӯдакон дар тӯли сол анҷом мегирад ва кӯдакон 1.3 дарсади вақти худро ба корҳои мухталифи ҷисмонӣ ихтисос медиҳанд.
Бар асосии иттилоъои UNICEF ё Сандуки Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ҳамасола ҳудуди 200 ҳазор кӯдак ба корҳои сангини ҷисмонӣ ҷалб мешаванд. Ба гуфтаи намояндагони аксари созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи кӯдак, бештари мавориди истифода аз нерӯи кори кӯдак дар мазореъи пунба дар Тоҷикистон анҷом мегирад.
Иқдомоти давлат
Вале Ҳамза Наврӯзов, масъули бахши идораи кӯдакистон ва мадориси Вазорати омӯзишу парвариши Тоҷикистон, мегӯяд, ки баъд аз судури фармони раисиҷумҳур дар мавриди манъи ҷалби донишҷӯён ва шогирдони мадорис ба ҷамъоварии ҳосили пунба бархе аз мавориди нақзи ин фармон ба назар расида буд.
Вале ӯ мегӯяд: “То соли 2008 мавориди ҷалби кӯдакон ва шогирдони мадраса ба ҷамъоварии пунба вуҷуд дошт ва аз ин рӯ мо ба раисиҷумҳури Тоҷикистон нома навиштем ва аз вай хоҳиш кардем, ки барои ҳалли ин мушкил кумак кунанд. Ва дар солҳои баъдӣ дар кишвар мавориди ҷалби кӯдакон ба корҳои кишоварзӣ аз миён рафт.”
Оқои Наврӯзов мегӯяд, ки ширкаткунандагони нишасти серӯза дар охири ин ҳамоиш ба давлат барои ҳалли комили муъзали баҳракашӣ аз кӯдакон пешниҳодҳое ироа хоҳанд кард. Ин масъули вазорати омӯзишу парвариш ҳамчунин афзуд, ки барои ҷилавгирӣ аз истифодаи кори кӯдакон ва шогирдон дар шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Душанбе, бо ниҳодҳои интизомӣ ва созмонҳои марбут ба кор бо кӯдакон ҳамкорӣ мекунанд.
Аммо бо вуҷуди он ки ниҳодҳои давлатӣ ҳамвора ба он таъкид мекунанд, ки бо ин "зуҳуроти номатлуб", яъне истифода аз нерӯи кори кӯдак мубориза мекунанд, воқеъият ҳокӣ аз он аст, ки садҳо кӯдаку навҷавони зери 18 сол ҳамарӯза соъати шаши субҳ ба хиёбонҳои шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи корҳои мухталифанд, то барои волидони фақири худ кумаки молӣ кунанд.
Нуҳ ҳазору 600 кӯдаки зери 18 сол дар Тоҷикистон барои пайдо кардани даромад дар муҳоҷирати дохилӣ ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, ин кӯдакон дар ҷараёни муҳоҷирати худ дар навоҳӣ ва шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешаванд. Аз ҷумла бисёре аз онҳо ҷои хоб надоранд ва дар шароити бади беҳдоштӣ ба сар мебаранд. Бархе аз онҳо аз суйи афроди бузургтар ба фаҳшо водор мешаванд ва ҳамчунин мавориди ҷалби чунин кӯдакон ба ҷароими мухталиф, аз ҷумла фурӯши маводди мухаддир низ ба назар расидааст.
Иддае аз ҳуқуқдонҳое, ки бо омӯзиши масоили кӯдакон ва беҳбуди вазъи онҳо дар Тоҷикистон машғул ҳастанд, мегӯянд, ки решакании кори кӯдакон дар Тоҷикистон, ки аксари сокинонаш зери хатти фақр ба сар мебаранд, имконнопазир аст. Вале онҳо муътақиданд, ки тақвияти қонун дар мавриди назорати кори кӯдакону навҷавонон метавонад барои беҳбуди вазъият дар ин замина кумак кунад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2727-2010-07-21-06-44-57.html