ПОЙТАХТ БА ГУЗАРОНИДАНИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ОМОДА АСТ?
Аз 21 то 30 сентябри соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ - барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Омодагӣ ба ин маъракаи муҳим дар шаҳри Душанбе дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудааст? Дар робита ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ хабарнигори Марзия Саидова бо Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Саймурод Зайнуддинов муҳоварае орост, ки алъон фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем:
-Саймурод Ҷумамуродович мегуфтед, ки зарурати барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар чист?
-Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил қисми таркибии ҷудонашавандаи низоми омори миллии мамлакатро ташкил медиҳад ва манбаи асосии маълумот дар бораи аҳолӣ, тақсимоти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар қаламрави шаҳри Душанбе, ҳайати миллӣ ва забон, сатҳи маърифатнокӣ, шароити манзилӣ, фонди манзилӣ ва ғайра мебошад. Маълумотҳое, ки аз гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба даст меоянд ягона ва беназиранд.
Ба даст овардани онҳо ҳангоми баҳисобгирии ҷорӣ ё истифодаи сарчашмаҳои маъмурӣ имконпазир аст. Зеро иттилоот дар бораи шумора ва ҳайати аҳолӣ барои ташаккули буҷаи ҳамагуна сатҳҳо зарур аст, чунки дар асоси ин нишондодҳо параметрҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муайян карда мешаванд. Аз ин рӯ мунтазам нав кардани маълумот дар бораи аҳолӣ зарур аст.
Бояд зикр кард, ки барӯйхатгирии аҳолӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010», «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010», Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010, дар қаламрави шаҳри Душанбе», «Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 дар қаламрави шаҳри Душанбе» гузаронида мешавад.
-Омодагии пойтахт ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар кадом сатҳ аст?
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил барои ба нақшагирии рушди ояндаи ҷомеа ҳам аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози иҷтимоӣ нақши ниҳоят муҳим мебозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бори дуюм аст, ки дар радифи дигар давлатҳои пешрафта, чорабинии муҳими барӯйхатгирии аҳолиро мегузаронад. Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар бо хусусиятҳои иқтисодию иҷтимоии худ тафовут дорад.
Аҳолие, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунад, ҳам аҳолии муқимӣ (доимӣ) ва ҳам аҳолии муваққатан истиқоматкунанда дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Душанбе нақши фаъол доранд. Корҳои аввалиндараҷае, ки барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе бояд ба сомон мерасиданд, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба анҷом расиданд.
Ин корҳо таҳияи нақшаи схематикии шаҳри Душанбе барои гузаронидани корҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, аз нав рақамгузории хиёбон, кӯча, манзилҳои истиқоматии сектори хусусӣ, манзилҳои истиқоматии баландошёна ва биноҳои ғайриистиқоматӣ буданд. Ҳамаи ин корҳо дар асоси қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва Раисони ноҳияҳои пойтахт ба сомон расонида шуданд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки шаҳри Душанбе барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар моҳи сентябри соли 2010 тайёр аст.
-Дар омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ дар пойтахт чӣ мушкилоту проблема вуҷуд дорад?
-Албатта кор бе мушкилӣ намешавад. Ҳамаи он мушкилиҳое, ки ба фаъолияти кори мо халал мерасониданд, дар гуфтушунид бо намояндагони сохторҳои дахлдор, хусусан сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳр ҳал карда шуданд.
-Дар мавриди ба тартиб даровардани номи кӯчаҳо, рақами биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо ягон сохтори марбута ҳамкорӣ доред?
-Яке аз равандҳои асосии баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ба тартиб даровардани рақами ҳамаи биноҳо ва номи кӯчаву хиёбон, майдон ва гузаргоҳҳо аст. Барои тартиб додани нақшаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, яъне ба шӯъбаҳои рӯйхатгирӣ, қитъаҳои дастурдиҳӣ ва қитъаҳои ҳисобгирӣ тақсим кардани ҳудуди марзию маъмурии пойтахт бояд тамоми биною кӯча ном ва рақами худашро дошта бошад.
Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 дар қаламрави шаҳри Душанбе Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба таъмини биноҳои ҳудуди марзию маъмурии пойтахт бо лавҳаҳои номгӯй ва рақамгузории кӯчаву хиёбонҳо» ба имзо расид. Ин қарор бечуну чаро аз ҷониби сохторҳои дахлдор иҷро гардид. Асосан фасли тобистон, давраи таъмир аст ва мардум ба таъмири хона ё ба тартибдарории ҳавлии худ машғуланд.
Мутаасифона баъзе соҳибони биноҳои хусусӣ намехоҳанд, ки пушти дари ҳавлиашон рақами хонаашон овезон бошад. Ин баъзе мушкилиҳое ҳаст, ки дар фаъолият ва омодагӣ ба ин чорабинӣ халал мерасонад. Мо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор мунтазам кӯшиш намуда истодаем, ки то давраи баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ тамоми биноҳое, ки дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахт қарор доранд, бо рақам ва номгӯй таъмин бошанд.
-Гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар кишвар дар рушди минбаъдаи ҷомеа чӣ афзалият дорад?
-Ҳаёти ҳар як шахс бо банақшагирӣ марбут аст. Зеро инсон рӯзгори шоистаро бидуни ба нақша гирифтан амалӣ сохта наметавонад. Вақте, ки шахс ба камол расид, дар назди худ мақсад мегузорад, ки дар соли равон бояд маҷмӯи корҳои мушаххасро, ки ба рушди ҳаёти ӯ мусоидат намоянд, ба анҷом расонад. Аз ҷумла, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе чӣ корҳоро ба сомон бояд расонид.
Сокинони шаҳр ба муассисаҳои тандурустӣ, маориф, кӯдакистон, рушди бахши коммуникатсия, роҳ ва алоқа ниёзи бештаре доранд. Дар асоси маълумотҳои ба дастомада нақшаҳои ояндабинӣ тарҳрезӣ мегарданд. Дар саволномаи барӯйхатгирӣ тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти шахс дар алоҳидагӣ дарҷ гардидааст.
-Вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҷониби Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар байни мардум корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст?
-Бояд зикр кард, ки ҳудуди марзию маъмурии шаҳр ба 43 шӯъбаи рӯйхатгирӣ, 372 қитъаи дастурдиҳӣ ва 1811 қитъаи ҳисобгирӣ тақсим карда шудааст. Вазифаи асосии ҳар як корманди муваққатие, ки ба корҳои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷалб карда мешаванд ин ба аҳолии пойтахт дуруст фаҳмонидани мақсади гузаронидани барӯйхатгирӣ мебошад. Тарғиб ва ташвиқи аҳолӣ бо истифода аз Воситаҳои ахбори омма ба кори гузаронидани ин маърака таъсири мусбӣ мерасонад.
Ғайр аз ин дар ҳамаи маҷлисҳои назоратии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, бо иштироки фаъолон, масъалаи корҳои тайёрӣ ва баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ мунтазам баррасӣ мешаванд. Ҳамаи Раисони маҳаллаҳо ва кормандони муасиссаҳои истифодабарии манзил огоҳ ҳастанд, ки аз 21 то 30 сентябри соли 2010 дар ҷумҳурӣ аз он ҷумла, дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Мувофиқи нақшаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ моҳҳои август ва сентябр корҳои оммавии таблиғотӣ оғоз мегарданд.
Дар давраи пеш аз баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ ба ҳамаи хонаводаҳое, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд буклет ва варақаҳои характери рекламавӣ дошта тақсим карда мешавад то аҳолӣ аз моҳияти баргузории ин маъракаи муҳим воқиф бошад. Дар ҷойҳои сераҳолии шаҳр ва нақлиётӣ ҷамъиятиву шахсӣ овезаҳо дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ часпонида хоҳанд шуд. Дар нақша ҳаст, ки бо дастгирии шаҳрдорӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр рекламаҳоро ҷой медиҳем. Инчунин, ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма зиёд мекунем.
Зеро дар ин масъала на ҳама мардум ба моҳияти баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ пурра сарфаҳм мераванд. Аз ҷумла, вақте тамоми аъзоёи оила барӯйхат гирифта мешаванд, баъзеҳо фикр мекунанд, ки гӯё шаҳрдорӣ аз онҳо ин маълумотҳоро барои пардохти ҳаққи хизмати коммуналӣ мегирад. Аслан ин тавр нест. Бояд ҳар як сокини пойтахт ба саволҳои кормандони масъуле, ки ба корҳои маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ вобаста шудаанд, посухҳои дақиқ диҳанд. Шумораи аниқи нафаронеро, ки дар хонаводаи онҳо истиқомат мекунанд, гӯянд. Ҳамаи маълумотҳое, ки аз барӯйхатгирии аҳолӣ ба даст меоянд танҳо барои ҷамъбасти умумӣ истифода хоҳанд шуд ва ин маълумотҳо на ба сохторҳои коммуналӣ ва на ба сохторҳои хоҷагидорӣ дода намешаванд.
-Гуфта метавонед, ки алҳол дар ҳудуди пойтахт чи миқдор аҳолӣ зиндагӣ менамояд, зеро баъзе сарчашмаҳо онро беш аз 1 миллион ҳисоб мекунанд. Теъдоди биноҳои истиқоматӣ чӣ қадар аст?
-Тибқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳри Душанбе то 1 апрели соли 2010 – ум 707 251 нафар аҳолӣ истиқомат менамояд. Яъне шаҳрвандоне ки дар қайди шаҳрвандии шаҳри Душанбе ҳастанд. Моҳи августи соли 2009 яке аз чорабиниҳои давраи омодагӣ ба барӯйхатгирии аҳолӣ тартиб додани рӯйхати биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ гузаронида шуд. Ҷамъбасти маълумотҳои аз ин чорабинӣ ба даст омада нишон дод, ки дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти аҳолии муваққатан истиқоматкунанда 730 565 нафар аҳолӣ истиқомат мекунад. Киҳоро мо ҳамчун аҳолии муваққатан истиқоматкунанда ба ҳисоб гирифтаем?
Инҳо он шахсҳое ҳастанд, ки барои беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии худ аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба пойтахт омада, ба ягон кор машғуланд ва ё дар ягон донишгоҳ, донишкада ва монанди инҳо таҳсил мекунанд. Ғайр аз ин муайян карда шуд, ки то 1 октябри соли 2009 дар қаламрави шаҳри Душанбе 627 хиёбон, кӯча, тангкӯча ва гузаргоҳ мавҷуд буда дар онҳо 41659 бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо дарназардошти биноҳои сохтмонашон нотамом қарор гирифтаанд. Аз шумораи умумии биноҳо 3078 бино бинои ғайриистиқоматӣ буда, 38581 бино бинои истиқоматӣ мебошанд.
-Барӯйхатгирии аҳолӣ бевосита аз ҷониби кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад ва ё кормандони дигар сохторҳо низ ба он ҷалб карда мешаванд?
-Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама минтақаҳои кишвар Сарраёсат, Раёсат ва бахшҳои худро дорад. Лекин барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ кормандони соҳибмаълумот аз дигар соҳаҳо, шахсоне, ки дар гузаронидани барӯйхатгириҳои аҳолӣ иштирок кардаанд, шахсони корҷӯй ва дигарҳо барои иҷрои кори муваққатӣ ба кор ҷалб карда мешаванд. Он нафароне, ки дар дигар ҷой кор мекунанд ва хоҳиши иштирок дар барӯйхатгириро доранд, дар доираи шумораи муқарраршуда бо Қарори Раиси ноҳия тасдиқ карда шуда музди миёнаи меҳнаташон дар ҷои кори асосӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ба ҳамаи он нафароне,ки ба корҳои гузаронидани барӯйхатгирӣ ҷалб карда мешаванд, шаҳодатномаи махсус бо имзо ва мӯҳри Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои пойтахт дода мешавад. Бинобар он аз фурсати муносиб истифода бурда аз шаҳрвандон хоҳиш мекунам, ки пеш аз роҳ додани ин ё он корманди барӯйхатгиранда ба манзили истиқоматӣ аз он шахс ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро талаб намоянд.
-Чи қадар кормандон дар пойтахт ба ин чорабинӣ ҷалб карда мешаванд?
-Ба корҳои давраи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ 43 нафар мудирони шӯъбаҳои рӯйхатгирӣ, 43 нафар ёрдамчиёни мудирони шӯъбаҳои рӯйхатгирӣ, 372 нафар дастурдиҳанда- назоратчиён ва 1811 нафар ҳисобчиён ба кор ҷалб карда мешаванд. Ғайр аз ин дар меҳмонхонаҳо, беморхонаҳо, мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон ва муассисаҳои ба инҳо монанд 1 шӯъбаи рӯйхатгирӣ, 25 қитъаи дастурдиҳӣ ва 177 қитъаи ҳисобгирӣ, аз ҳисоби кормандони худи ин муассисаҳо ташкил карда мешавад.
-Барӯйхатгирии аҳолӣ дар сохторҳои қудратӣ чӣ гуна ҷараён мегирад?
-Барӯйхатгирӣ дар муассисаҳои шаклашон пӯшида ва ё сохторҳои қудратӣ дар баробари барӯйхатгирии умумии аҳолӣ гузаронида мешавад. Фарқияти асосии барӯйхатгирӣ дар сохторҳои қудратӣ аз барӯйхатгирии умумӣ дар он аст, ки барӯйхатгириро дар ин муассисаҳо шахсоне, мегузаронанд, ки маъмурияти ин муассисаҳо ҷудо мекунанд. Ҳамаи маълумотҳои аз барӯйхатгирӣ дар чунин сохторҳо ба даст омада танҳо барои ҷамъбасти маълумотҳои умумӣ истифода мешаванд.
-То ҷое маълум аст дар зарфи ҳар 10 сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад. Мегуфтед, ки барӯйхатгирии аҳолии соли 2010 аз соли 2000 бо кадом хусусиятҳо тафовут хоҳад кард?
-Дар зарфи 10 сол ҷомеа рушд ёфт, дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Технологияи иттилоотию коммуникатсонӣ, хусусан дастрасии ҷомеа ба шабакаи байналмилалии Интернет рушд ёфт. Сатҳи ҷаҳонбинии мардум ташаккул ёфта, ҷомеаи Тоҷикистон ба дастоварду пешравиҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ноил гардид. Аз ин мисолҳо хулоса баровардан зарур аст, ки барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010 назар ба соли 2000 дар сатҳи баланди ташкилӣ дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
АМИТ «Ховар», Марзия Саидова
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2745-2010-07-22-17-56-55.html