ҲУШДОРИ РАҲИМЗОДА АЗ ГАРДИШИ ПУЛИ ҶАЪЛӢ ДАР КИШВАР
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки дар ин кишвар пули ҷаълии сомонӣ дар муъомилот даромадааст. Гуфта меашвад, ки як маркази чопи чунин пули ҷаълӣ дар Афғонистон ошкор шудааст. Аз сӯйи дигар, раиси Бонки миллӣ ба манзури анҷоми як санҷиш, дар яке фурушгоҳҳои бузруги (суперморкет) шаҳри Душанбе аз сомнии ҷаълӣ истифода кардааст ва пули ҷаълӣ аз сӯйи фурӯшандаҳо ошкор нашудааст.
Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти матбуъотии рӯзи душанбеи 26 июл гуфт, ки ин ниҳод тавассути шабакаҳои телевизиюнӣ сокинони кишварро аз эҳтимоли истифода аз пули ҷаълӣ ҳушдор медиҳанд. Вай гуфт, омори дақиқе дар бораи мизони искиносҳои сомонии ҷаълии дар муъомилот қарор дошта дар даст надорад, вале ба гуфтаи оқои Раҳимзода, ахиран як маркази чопи искиносҳои пули миллии Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон ошкор шудааст.
Ба гуфтаи вай, ҳоло бо истифода аз фанноварии ҷадид имкони чопи пули ҷаълӣ бо сифати баланд вуҷуд дорад ва пай бурдани фарқияти искиносҳои ҳақиқӣ аз ҷаълӣ барои шаҳрвандон осон набудааст. Ба унвони мисол вай гуфт, ки боре барои санҷиш дар фурушгоҳи “Саодат” аз пули ҷаълӣ истифода кардааст ва фурӯшанда онро қабул кардааст.
Ба эътиқоди оқои Раҳимзода, роҳҳои ҷилавгирӣ аз воридоти ва тавзеъи пули ҷаълӣ мухталифанд, вале коҳиши мизони муъомилоти пули нақд аз муъассиртарин роҳҳали ин мушкил мебошад. Ин дар ҳолест, ки тибқи Бонки миллӣ беш аз 90 дарсади муъомилот дар Тоҷикистон бо истифода аз пули нақд сурат мегирад, ки нишондиҳандаи нигаронкунандае будааст.
Ҳоло ба гуфтаи ин мабаъ 2,9 милёрд сомонӣ ва ҳудуди 400 милюн дулори нақд дар дасти мардум мавҷуд будааст. Ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, дар шаш моҳи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон аз муъомилот беш аз 250 милюн сомониро берун кашида вале 120 милюн сомонӣ ворид кардааст. Вай гуфт, мизони камтари воридот ба фурӯши саҳмияҳои “Роғун” бастагӣ дорад. Зеро, ин маблағ аз муъомилот берун кашида шуд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, мизони баланди арзи хориҷӣ дар муъомилот ба суди пули миллӣ нест ва ба ин далел давлат талош хоҳад кард, ки батадриҷ аз истифодаи дулор дар дохили кившар монеъ шавад. Ба эътиқоди вай, истифода аз кортҳои плостики бонкӣ яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкил аст. Зимнан, дар нимаи аввали соли ҷорӣ миқдори кортҳои плостикӣ аз 25 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамазамон теъдоди нуқтаҳои пулкашӣ (бонкаматҳо) низ дар ин муддат 44 адад бештар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Шариф Раҳимзода вазъи молии Тоҷикистонро устувор арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар кулли бахшҳои фаъолиятҳои бонкдорӣ пешрафтҳое мушоҳида мешаванд. Аз ҷумла оқои Раҳимзода афзоиши 35 дарсадии пасандозҳои мардум дар бонкҳоро нишони "афзоиши эътимоди сокинон ба низоми бонкӣ дар Тоҷикистон" унвон кард. Дар посух ба ин суол, ки вазъи молии Тоҷикистон дар нимсолаи дуввум чӣ гуна хоҳад буд, раиси Бонки миллӣ гуфт, ки болоравии арзиши гандум дар бозорҳои минтақа ба афзоиши мизони тавварум дар Тоҷикистон мунҷар хоҳад шуд.
Дар мавриди камбуди будҷети Тоҷикистон дар соли ҷорӣ оқои Раҳимзода гуфт, ки “ин амр бештар ба таъвиқи вогунҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон бастагӣ дорад”. Ба бовари вай, таъвиқи чандмоҳа сабаби "корношоям" шудани бештаре аз колоҳо ва маводди тоҷирон шудааст, ки дар ниҳоят аз онҳо молиёт ситонида намешавад.
Вай афзуд: “Ҳоло тоҷирон мутмаъин нестанд, ки ҷониби Ӯзбакистон боз ҳам монеъа эҷод мекунад ё хайр ва ба ин далел аз воридот худдорӣ мекунанд. Ва далели аслии камбуди будҷети Тоҷикистон коҳиши воридот аст, ки бахши бузурги будҷети н кившарро ғанӣ месозад”.
Бо ин вуҷуд, ба эътиқоди оқои Раҳимзода, камбуди воридоти будҷети Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҳудуди панҷ дарсад хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, Шариф Раҳимзода аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бо гузашти 20 сол баъд аз касби истиқлол дар Тоҷикистон, фарҳанги пардохти молиёт дар кишвар ҳануз ҳам роиҷ нашудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2764-2010-07-26-10-56-32.html