ТОҶИКИСТОН: ҲАҚҚИ МАРДУМ БА МАНЗИЛ НАҚЗ МЕШАВАД
Дар шаҳри Душанбе нишасте дар бораи баррасии вазъияти ҳуқуқи башар ва таъаҳҳудоти Тоҷикистон ба Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) оғоз шудааст. Дар ин нишасти дурӯза, ки аз сӯйи маркази САҲУ дар Тоҷикистон доир мешавад, намояндагони давлати Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар умури ҳуқуқи инсон ширкат мекунанд. Яке аз мавзӯъоти мавриди баҳсу баррасӣ дар ин нишаст нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил аст.
Ширкаткунандагони ин нишаст тарҳи ҷадиди қонуни манзили Тоҷикистонро баррасӣ карданд, ки аз сӯйи як гурӯҳи кории давлатӣ дар зарфи як соли ахир таҳия шудааст. Баҳодур Ҳабибов, як масъули созмони ғайридавлатии "Иттиҳодияи масрафкунандагон", тарҳи ҷадиди қонуни манзили Тоҷикистонро дар муқоиса бо қонуни феълии манзил кӯтоҳтару дақиқтар арзёбӣ кард.
Аммо вай гуфт, ки қисмате аз ин тарҳ дар бораи шароити хориҷ кардани шаҳрвандон аз манзил тавассути ниҳодҳои давлатӣ дар тарҳи ҷадид низ мубҳам боқӣ мондааст. Вай пешниҳод кард, ки шароити пардохти ҷуброн барои кӯчондани шаҳрвандон аз манҳзилашон бояд дар қонуни ҷадид дақиқтар шавад.
Оқои Ҳабибов афзуд, ки маҳз ҳамин нукта дар қонуни феълӣ боъис мешавад, ки дар мавориди зиёде ҳуқуқи шаҳрвандон, ки ба далоили мухталиф, бавижа ба хотири тахриби хонаҳояшон дар чорчӯби "Барномаи ободонии шаҳри Душанбе" бояд онҳоро тахлия кунанд, нақз мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Ҷӯрабек Сангинов, як мақоми Вазорати додгустарии Тоҷикистон, тибқи қонун ҳар кас ҳақ ба манзили зист дорад ва дар асоси қонун шаҳрвандон метавонанд арзиши пурраи манозили худро аз давлат бозпас бигиранд. Ба гуфтаи оқои Сангинов, танҳо дар соли 2009 додгоҳҳои Тоҷикистон 1220 парвандаи марбут ба манзили зистро баррасӣ кардаанд.
Зарфи чанд соли ахир дар манотиқи мухталифи шаҳри Душанбе ва атрофи он сокинони воҳидҳои маскунӣ водор шудаанд, ки хонаҳои худро тахлия кунанд, зеро манозили онҳо дар чорчӯби "Барномаи ободонии шаҳр" бояд тахриб шуда ва ба ҷойи онҳо сохтмонҳо ва роҳҳои ҷадид бунёд шаванд.
Дар бархе аз мавориди тахлияи манозил, шаҳрвандон ба додгоҳҳо шикоят кардаанд, вале ин парвандаҳо умдатан ба нафъи онҳо ҳал нашудааст. Ба ин хотир ҳуқуқшиносон гуфтанд, ки давлат бо худдорӣ аз пахши иттилоъот дар бораи манозили маскуние, ки қарор аст дар оянда тахриб шаванд, ҳуқуқи шаҳрвандонро нақз мекунад.
Ба гуфтаи Сергей Романов, як масъули Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон: "Барномаи ободонии шаҳр то соли 2030 бояд ба баррасии умумӣ гузошта шавад, зеро тибқи ин барнома тахриби манозили мо ҳам шояд дар назар бошад, аммо мо аз ин амр хабар надорем."
Ғайр аз ин, ҳуқуқдонҳо таъкид карданд, ки тарҳи қонуни ҷадид бояд ҳатман бо қавонини дигари Тоҷикистон, аз ҷумла қонуни замин, қонуни шаҳрвандӣ ва асноди дигари ҳуқуқӣ ҳамоҳанг шавад, зеро қонуни феълӣ бо бархе аз ин қавонин созгор набуда, балки мушкилоте эҷод мекунад.
Яке дигар аз пешниҳодҳои коршиносон барои тарҳи ҷадиди қонуни манзил дар назар гирифта шудани қишри камбизоъати ҷамъияти Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи онҳо, манозиле, ки ҳоло дар Тоҷикистон сохта мешаванд, танҳо аз сӯйи қишри сарватманди ҷомеъа матавонанд харидорӣ шаванд.
Ба гуфтаи онҳо, давлат бояд тарҳи бунёди хонаҳои кӯчактареро низ рӯйи даст бигирад, то ин ки афроди бо даромади мутавассит низ тавонанд соҳиби манзил шаванд. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки дар тарҳи ҷадиди қонуни манзил бӯстонсароҳо ё ба истилоҳ “дачаҳо”-и замони Шӯравӣ ба унвони манозили маскунӣ эътироф шаванд. Бо дарназардошти омилҳои мухталиф, аз ҷумла мушкилоти иқтисодӣ, гарон шудани нархи манзил, афзоиши ҷамъият ва камзамин будани Тоҷикистон, бисёре аз шаҳрвандон солҳои тӯлонӣ дар бӯстонсароҳо ба сар мебаранд.
Вале ба далели "манзили зист" (жилплощадь) эътироф нашудани бӯстонсароҳо, мардум наметавонанд ба унвони сокин дар ин хонаҳо сабти ном (прописка) шаванд. Ин амр мушкилоти мухталифи дигаре, монанди сабт нашудани онҳо дар бемористонҳо, ё роҳ наёфтани кӯдаконашон ба мактабҳои маҳал ба унвони сокини ин маҳаллотро ба ҳамроҳ доштааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2792-2010-07-29-17-46-19.html