06:07:24 04-уми Июни 2025 сол

ШИКОЯТИ РАИСИ ДОНИШКАДА АЛАЙҲИ ВАЗИРИ МАОРИФ

Раиси Донишкадаи навоварӣ ва фанновариҳои иртибототи Тоҷикистон аз вазири маориф ва раиси Идораи назорат бар умури омӯзишу парвариши ин кишвар ба додгоҳ шикоят бурдааст. Хабаргузории "Asia-Plus" аз қавли Садриддин Акрамов, раиси ин донишгоҳ, овардааст, ки шикояти ӯро додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасӣ мекунад. Оқои Акрамов гуфтааст, ки вай Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф, ва Хуршед Зиёев, раиси Идораи назорат бар умури омӯзишу парваришро, ба туҳмат ва таҳқири худ ва устодони донишкада муттаҳам кардааст.

 

Ба гуфтаи вай, оқои Раҳмонов дар номае ба раиси ҷумҳур дар таърихи 3 июни соли 2009 дар мавриди фаъолияти Донишкадаи фанновариҳои иртибототӣ суханони тавҳиномезе баён кардааст. Ба гуфтаи Садриддин Акрамов, талошҳои вай барои гирифтани нусхае аз ин нома аз вазорати маъориф бенатиҷа монда, вале аз манобеъи дигар маълум шудааст, ки дар ин нома оқои Раҳмонов ҳайъати кормандони Донишкадаи фанновариҳои иртибототиро ба "таблиғоти зиддидавлатӣ" муттаҳам кардааст.

 

Вай ҳамчунин гуфтааст, ки ин донишкада дар ду соли ахир барои дифоъ аз худ дар баробари иқдомоти қонунии вазорати маъориф ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ сарф карда ва мехоҳад, ки вазири маъориф ҷуброни онро бипардозад. Манобеъи вазорати маориф дар ин бора ҳануз ибрози назаре накардаанд. Аз сӯйи дигар, як диплумоти ғарбӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ карда, ҳушдор додааст, ки дар сурати бастани Донишкадаи навоварӣ ва фанновариҳои иртибототии Тоҷикистон дигар сармояи хориҷӣ ба бахши омӯзишу парвариши ин кишвар ворид нахоҳад шуд.

 

Ба гуфтаи вай, ин донишкада бо сармояи як табаъаи тоҷиктабори Aмрико фаъолият мекунад ва баста шудани он дар "Соли дониш ва фанноварӣ", ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон эълом кардааст, мӯҷиб хоҳад шуд, ки сармоядорон аз сармоягузорӣ дар бахши омӯзишу парвариши ин кишвар худдорӣ кунанд. Ихтилофи байни вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишкадаи навоварӣ ва фанновариҳои иртибототии ин кишвар дар соли гузашта шурӯъ шуд.

 

Масъулони вазорати маориф кайфияти таълим дар Донишкадаи иртибототиро пойин арзёбӣ карда ва мегӯянд, ки ин муассиса устодони варзида надорад. Аммо масъулони донишкада ин иддаъоҳоро бепоя хонда ва муътақиданд, ки ин тасмими мақомот дорои ангезаҳои хусусӣ ва сиёсӣ аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2821-2010-08-03-17-30-44.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854