06:07:28 04-уми Июни 2025 сол

ЁДИ ЁРИ МЕҲРУБОН ОЯД ҲАМЕ

Дирӯз дар хоҷагии кишоварзии «Сарвати истиқлол»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон маросими ёдбуди шодравон Ҳоҷӣ Атохӯҷаи Нурӣ, бародари бузурги собиқ раҳбари ИНОТ ва Раиси КОМ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргузор гардид.

 

Дар он аксари раҳбарони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва уламои саршиноси дини мубини исломи кишвар иштирок доштанд. Ёдовар мешавем, ки Ҳоҷӣ Атохӯҷаи Нурӣ рӯзи дуввуми августи соли равон бар асари болоравии фишори хун дар синни 66- солагӣ  ба ҷавори Ҳақ пайваст. Ҳоҷӣ Атохӯҷаи Нурӣ хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон, узви Раёсати Олии ҲНИТ вақтҳои охир масъулияти раҳбарии ҳоҷагии кишоварзии «Сарвати истиқлол»-ро ба ӯҳда дошт. Ин дар ҳолест, ки имрӯз, яъне 9-уми августи соли 2010, ба реҳлати ҷонгудози худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ расо чаҳор сол пур мешавад. Ба ин муносибат, муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор», матлаби зеринро пешкаши шумо мегардонем.

 

Дили шикастаи ман ҳамчу най шикоф-шикоф аст

Чанде пештар байти зеринро хондаму устоди бузургвор Сайид Абдуллоҳи Нурӣ  бадеҳатан ба ёдам омад:

 

Дили шикастаи ман ҳамчу най шикоф-шикоф аст,

Ба ҳар шикоф, ки даст ниҳӣ ту, нола барояд.

 

Устод Нурӣ, ки  худ табъи шоирӣ доштанд ва  ғаму дардҳои бепоёнеро  дар зиндагӣ таҳаммул карда буданд, гоҳу ногоҳ дар мавориди мувофиқи ҳаёт ин шоҳбайтро чун ҳикояти ҳасби ҳоли худ  ба ёру дӯстон қироат мекарданд. Рости гап,  бо гузашти солҳо ин  байтро вақте  боре бо овози баланд  барои худ хондам, гумон кардам, ки чизе гулӯямро сахт фишор дод, ки аз  зӯри дарди он қатраҳои ашк дар чашмам пайдо гардиданд.

 

Охир, «дили ман низ ҳамчу най шикоф- шикоф аст».  Ва як шикофи нолабарангези қалби дардманди  ман барои устод Нурӣ аст. Бароям ду чиз дар зиндагӣ сахт мушкил буд. Таҳаммули дурӣ аз Ватан ва дидани Нурӣ дар кафан. Вале дар ҳарду ин мусибат сад шукр, ки Худованд бароям сабри ҷамил  ато карду панде дод. Ватанро дӯст бояд дошту дӯстони Худоро қадр бояд кард.

 

 

Соли 2008 ба зиёрати авлиёи Вахё рафта будам. Дар лаби ҷӯйи Оштиён (зодгоҳи устод Нурӣ, баъзеҳо Иштиён гӯянд) накҳате ба машомам расид, ки мегуфт; «Бубин, ӯ дар ёди мо ҳаст. Чаро дар ёди шумо нест? Ай одамон, чаро фаромӯшаш кардед?» Ба назарам обу хоку гулу гиёҳ, насими мушкбези марғзорони он диёр ҳама накҳати ӯро  бо худ доштанд, ҳама ҳикоятҳое аз ӯ мекарданду шикоятҳое аз мо. Соли бузургдошти устод Рӯдакӣ буд. Ин мисраъҳо дар пайравии он шеъри машҳури Одамушшуаро, аз нӯги ҳамон хомае, ки устод бароям табаррукӣ  ёдгорӣ дода буданд,  болои дафтар рехтанд:

 

Бӯйи ҷӯйи Иштиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Маҳфили бе ӯ, маро пеши назар,

Бе ситора осмон ояд ҳаме.

Гашт в-аз пеши назар гарчӣ ниҳон,

Бештар қадраш аён ояд ҳаме.

Панди ӯ будӣ маро обе, ки он

Бар гиёҳи ташнаҷон ояд ҳаме.

Гарчи комаш талх шуд дар зиндагӣ,

Дар ду олам комрон ояд ҳаме.

Наҳзати исломиаш ёде зи ӯст,

Номи некашро нишон ояд ҳаме.

Он талошу ҷаҳди ӯ аз баҳри сулҳ

Боғро хуш боғбон ояд ҳаме.

Номи ӯ дар сафҳаи таърих чунон,

Қуллае дар кӯҳситон ояд ҳаме.

Аз Худо хоҳам равонаш шод бод,

Гарчи шеърам норавон ояд ҳаме.

 

Парвардигори бузург рӯҳи устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Атохӯҷаи Нуриро шод ва манзили охираташонро обод бигардонад. Омин, ё раббалъоламин!

 

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2852-2010-08-09-05-02-27.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854