06:05:40 04-уми Июни 2025 сол

КӮҲНАВАРДОНИ ИНТИЗОРИ НАҶОТ ДАР ПОМИР

Матбуоти Русия ва Украина навиштаанд, ки Олег Монсар, як кӯҳнаварди украинӣ рӯзи 31-уми июл дар минтақае бо номи Девлохи Ҷанубии Помири Тоҷикистон аз қуллае сарозер шудааст. Ин расонаҳо ҳамчунин навиштаанд, ки чор рӯз ба ин сӯ, иртибот бо ду кӯҳнаварди ҳамроҳи Олег Монсар низ қатъ шудааст. Дар давоми 11 -рӯзи гузашта аз сарнавишти ин кӯҳнавард хабаре ба даст наомадааст. Дар хабарҳо гуфта мешавад, то замоне, ки ҳамроҳони вай маводи хӯрокӣ доштаанд, ҷустуҷӯро идома додаанд.

 

Сомонаҳои дигари хабарӣ навиштаанд, ки ду кӯҳнаварди украинӣ дар банди кӯҳ монда ва чаҳор рӯз ба ин ҷониб интизори кӯмаканд. Алексей Вашенко и Алексей Никоненко ба навиштаи ин сомонаҳо дар баландии 4 ҳазору 600 метр қарор доранд ва алоқа бо онҳо қатъ шудааст. Люба ва Лилия Монсар, ҳамсар ва духтари духтари кӯҳнаварди сарозершуда ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки ба ҷои ҳодиса танҳо бо чархболи низомӣ метавон парвоз кард. Аммо ниҳодҳои Тоҷикистон то кунун чунин имконеро фароҳам накардаанд.

 

Лилия Монсар гуфтааст, "вазорати дифоъ ҳанӯз чархболро надодааст, зеро он дар иҷрои кадом тайиноти давлатӣ ва вазифаи низомӣ дар ҳоли истифода будаст. Шояд чунин дигар чархболе дар кишвар вуҷуд надошта бошад, барои ҳамин онҳо натавонистаанд онро дар ихтиёри наҷотдиҳандагон қарор диҳанд". Вазорати корҳои хориҷии Украина ба хабаргузориҳо гуфтааст, субҳи рӯзи 11 август амалиёти наҷот оғоз мешавад ва як чархбол бо кӯҳнавардон барои кӯмак ба Помир хоҳад расид.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2868-2010-08-11-06-17-42.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854