05:58:01 04-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ МОҲИ РАМАЗОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Имрӯз дар Тоҷикистон чун бештари кишварҳои мусалмоннишин моҳи Рамазон оғоз ёфт. Дар бисёре аз кишварҳои мусалмонии Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ, рӯзи чоршанбе аввали моҳи Рамазон эълон шудааст. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар қаблан эълон карда буд, ки шоми рӯзи сешанбе сокинони мусулмон дар масоҷид намози таровеҳро хонда, субҳи рӯзи чоршанбе, рӯза мегиранд.

 

Ҳамин тавр, моҳи шарифи Рамазон, рӯзи 11-уми август, шурӯъ шуда, дар давоми 30 рӯз мусулмонони кишвар рӯзадор хоҳанд буд. Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими мусулмонӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

 

Кӯмак ва хайру эҳсон ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз рукнҳои муҳими ин моҳ будааст. Ҳамзамон, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба ин муносибат, ки ду рӯз қабл аз тариқи телевизюни давлатӣ пахш шуда, аз сарватмандону дороён хост то дар давоми ин моҳ ба бенавоёну бечорагон дасти ёрӣ дароз кунанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2869-2010-08-11-06-20-34.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854