КУМИТАИ ДИН: МАСҶИДИ ҲНИТ ҒАЙРИҚОНУНӢ АСТ
Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти намозгоҳе дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ, воқеъ дар маҳаллаи Борбади шаҳри Душанберо ғайриқонунӣ унвон кардааст. Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дин, тайи як тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ин намозгоҳ аз сабти номи расмии давлатӣ нагузаштааст ва бар асоси қонуни нави дин, наҳзатиҳо ҳаққи адои намоз дар ин мавзеъро надоранд. “То ҷое мо иттилоъ дорем, ҳизби наҳзати исломӣ расман масҷид надорад. Гузашта аз ин, соҳиби масҷид будани як ҳизби сиёсӣ аз рӯйи қонун низ дуруст нест”, афзуд ӯ.
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили порлумон, ки рӯзи сешанбе, 10-уми август, дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо раиси Кумитаи дин ва намояндагони Вазорати умури дохилаву Кумитаи амнияти миллӣ будааст, ин иддаоро ба шиддат рад кард. Вай гуфт, онҳо ба унвони ҳизби динӣ, ки дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудаанд, аз ҳаққи хондани намоз дар қароргоҳи худ ва тарбияи маънавии одамон бархӯрдоранд.
Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, мақомот аслан аз афзоиши теъдоди ҷонибдорон ва ҳам онҳое, ки акнун барои адои намоз ба масҷиди наҳзат меоянд ва аз аҳдофу барномаи ин ҳизби сиёсӣ огоҳ мешаванд, нигаронанд.
Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломӣ ва имомхатиби намозгоҳ дар қароргоҳи ин ҳизб, мегӯяд, дар рӯзҳои муқаррарӣ танҳо кормандони идораи марказии ҳизб ва меҳмонони онҳо дар ин ҷо намоз мегузоранд. Аммо дар рӯзи ҷумъа, мегӯяд вай, бештар аз ду ҳазор намозгузор ба масҷиди наҳзатиҳо меоянд, ки аксари онҳо аъзо ва ҷонибдорони ин ҳизби динӣ мебошанд.
Танҳо масҷиде, ки занон низ имкони намозгузорӢ доранд
Масҷиди наҳзатиҳо дар қароргоҳи ин ҳизб, танҳо масҷид дар Тоҷикистон аст, ки шароит фароҳам овардааст, то занон низ дар баробари мардон намози худро адо кунанд. Ҳар рӯзи ҷумъа ҳудуди сад тан аз занону духтарон ба хотири адои намози ҷумъа дар баробари мардон ба ин масҷиди Ҳизби наҳзати исломӣ меоянд.
Ҳамаи онҳо дар сар рӯсарӣ доранд ва ё бо ниқоб мегарданд. Ҷойи намозгузории онҳо аз ҷойи намозгузории мардон ҷудо аст ва ҳатто пеши он бо матое пӯшонида шудааст, то назари мардон ба занон наафтад. Ҳатто роҳ ё дарвозаи даромад ва баромади занон ба ин масҷид низ аз роҳи мардон ҷудо карда шудааст. Аксари ин занон мегӯянд, ба ин масҷид тавассути ҳамсояҳо ва дугонаҳои худ, ки бархе аз онҳо узви Ҳизби наҳзати исломӣ будаанд, роҳ ёфтаанд.
Бо ин ҳол, ҳам намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳам намояндагони Кумитаи дин мегӯянд, дар бораи қонунӣ кардани фаъолияти масҷиди наҳзатиҳо ё бастани он ба натиҷае нарасидаанд. Онҳо мегӯянд, шояд охирин сухан дар ин бораро Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ ва масъулони Кумитаи дин бигӯянд, ки сӯҳбати як ба яки онҳо дар рӯзҳои наздик доир мешавад.
Каюмарси Ато, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2870-2010-08-11-06-24-58.html