КӮДАКОНИ ТОҶИКИСТОН БОЗ МОЯКӮБӢ МЕШАВАНД
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон тасмим гирифтааст даври тозае аз моякӯбии кӯдакон алайҳи бемории фалаҷи атфолро баргузор кунад. Қарор аст то авохири соли ҷорӣ куллияи кӯдакони навзод ва то зери 6 сол се маротибаи дигар моякӯбӣ шаванд. Манобеъи вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин тасмим ба манзури дарёфти дубораи гувоҳиномаи "қаламрави озод аз фалаҷи атфол" барои ин кишвар гирифта шудааст.
Аъзам Мирзоев, муъовини вазири тандурустии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 11 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба ин манзур то авохири соли ҷорӣ дар маҷмӯъ се марҳилаи моякӯбии кӯдакони зери 6 сол алайҳи бемории фалаҷи атфол гузаронда хоҳад шуд. Вале ба гуфтаи вай, ҳатто баргузории ин се марҳила барои дарёфти дубораи гувоҳинома дар бораи "қаламрави озод аз фалаҷи атфол" будани Тоҷикистон кофӣ нест. Ба ин далел дар соли 2011 низ баргузории чанд марҳилаи дигари моякӯбии кӯдакон алайҳи ин беморӣ дар назар гирифта шудааст.
Оқои Мирзоев дар посух ба ин суол, ки оё барои баргузории ин мароҳили моякӯбӣ вазорати тандурустӣ маболиғи зарурӣ дар ихтиёр дорад ё хайр, гуфт, ки моякӯбии моҳи август сармоягузорӣ шудааст ва дарёфти манобеъи молӣ барои мароҳили дигар баррасӣ мешавад. Зимнан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт се даври моякӯбии кӯдакони Тоҷикистон алайҳи бемории фалаҷи атфол дар моҳҳои май ва июни соли ҷориро таъмини молӣ карда буд. Давлати Тоҷикистон низ он замон ба харидории миқдоре воксин иқдом карда буд.
Муъовини вазири тандурустӣ хабар дод, ки аз 23 июн ба ин сӯ дар Тоҷикистон ҳеҷ як мавриди ибтило ба бемории фалаҷи атфол ошкор нашудааст. Вай афзуд, ки ба ин далел "омори гирифторони ин беморӣ низ дигар тағйир наёфтааст." Зимнан, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 21 июл дар сойти интернетии бахши урупоии худ хабар дода буд, ки дар асари бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон 19 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Аммо мақомҳои беҳдоштии Тоҷикистон омори дигаре дар ин замина ироа карданд. Он замон Аъзам Мирзоев изҳор дошт, ки то кунун танҳо ҳафт нафар дар асари бемории фалаҷи атфол дар ин кишвар фавт кардаанд. Дар маҷмӯъ, аз нимаи моҳи апрел, ки нахустин беморони фалаҷи атфол ошкор шуда буданд, то авосити моҳи июн ҳудуди 440 гирифтори ин беморӣ сабт шудааст.
Шуюъи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон дар равобити сиёсии ин кишвар бо бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Русия ва Ӯзбакистон, низ асароти номатлубе бар ҷо гузошт. Аз ҷумла, мақомоти Русия дар моҳи май маҳдудиятҳое дар рафту омади атбоъи тоҷик, бавижа кӯдакони то шашсола, ва воридоти меваи хушк аз Тоҷикистон, эъмол карда буданд. Ҳарчанд дар авосити моҳи июн ин маҳдудиятҳо лағв шуданд, вале кишоварзони тоҷик аз манъи воридоти меваи хушк ба Русия хисороти ҷиддӣ бардоштаанд.
Давлати Ӯзбакистон низ ба далели шуюъи ин беморӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти гузаргоҳи марзии худ дар минтақаи Турсунзодаро маҳдуд сохт ва то ҳол ин муқаррарот собит аст. Соҳибназарон мегӯянд, ки дарёфти дубораи гувоҳинома дар бораи "қаламрави озод аз фалаҷи атфол" барои аз байн бурдани мушкили ибтило ба ин беморӣ мусоъидат хоҳад кард. Тоҷикистон чунин санадеро бори нахуст дар соли 2002 дарёфт карда буд. Ва аз он замон то баҳори соли ҷорӣ дар Тоҷикистон мавориди ибтило ба бемории фалаҷи атфол мушоҳида нашуда буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2871-2010-08-11-09-44-57.html