06:03:21 04-уми Июни 2025 сол

ТАЛОШ БАРОИ НАҶОТИ КӮҲНАВАРДОН

Субҳи имрӯз ҳеликоптари низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон бо гурӯҳи наҷот ба кӯҳистони Помир парвоз кард. Дӯстмурод Забиров, корманди дафтари матбуъоти Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон субҳи рӯзи панҷшанбеи 12 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки гурӯҳи наҷоти ин кумита ба маҳалли ҳодиса расида ва корҳои ҷустуҷӯӣ дар ин минтақа оғоз шудааст.

 

Давлат Ҳабибов, раиси бахши ҷаҳонгардии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, гуфт чархболи низомии Вазорати дифоъи Тоҷикистон қарор буд баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 11 август ба дараи Девлохан равад, вале ба далели ҳозир нашудани халабон ин кор сурат нагирифтааст. Оқои Ҳабибов пештар гуфта буд, ки қарор буд ин чархбол субҳи зуди рӯзи чаҳоршанбе ба дараи Девлохани кӯҳистони Помир парвоз кунад, аммо ба далоили фаннӣ ин парвоз ба таъвиқ уфтодааст.

 

Қаблан Александр Барков, як тан аз масъулони Бошгоҳи Ҷаҳонгардии Донишгоҳи Политехники шаҳри Киеви Укройн дар номаи электронӣ ба расонаҳои Тоҷикистон, давлати Тоҷикистонро ба пахши хабари дурӯғин дар бораи оғози корҳои наҷоти кӯҳнавардон муттҳам карда буд. Оқои Барков аз таъвиқи парвози гурӯҳи наҷот ба маҳалли ҳодиса интиқод карда ва навишта буд, ин дар ҳолест, ки ҷониби Укройн маблағи зарурӣ барои истифодаи ҳеликоптарро тахсис додааст.

 

Алексей Вошенко ва Алексей Никоненко, ду кӯҳнаварди укройнӣ, зарфи панҷ рӯзи ахир дар иртифоъи 4600 метр дар дараи Девлохани кӯҳистони Помир дар банди барфу ях мондаанд. Гуфта мешавад рӯзи 31 июл ин гурӯҳ дучори ҳодисае шуда ва Олег Монсар, як узви ин гурӯҳ, дар ағбаи Девлохани Ҷанубӣ бо танҳо телефуни кайҳонӣ аз иртифоъе ба поён уфтодааст.

 

Ин ду нафар бидуни васоили иртиботӣ чанд рӯз рафиқи худро ҷустуҷӯ кардаанд. Манобеъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки давлат барои рафъи ин мушкил талошҳое ба харҷ медиҳад. Интизор мерафт ширкати “Тоҷик Эйр” барои наҷоти кӯҳнавардон чархболе бифиристад. Аммо ба далели масруф будани куллияи чархболҳои ин ширкат ин амр сурат нагирифтааст.

 

Дар ҳамин ҳол, сойти интернетии “Подробности”-и Укройн низ аз қавли Олег Волошин, раиси Идораи сиёсати иттилоъоти вазорати хориҷаи ин кишвар, хабар дода буд, ки рӯзи чаҳоршанбе чархболе барои наҷоти кӯҳнавардон ба кӯҳистони Помир парвоз хоҳад кард. То ҳол сарнавишти кӯҳнавардони укройнӣ рӯшан нест. Аммо оқои Волошин ибрози умедворӣ кардааст, ки кӯҳнавардони укройнӣ зинда буда ва аз банди яху барфи кӯҳистон наҷот ёбанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2873-2010-08-12-06-18-40.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854