06:05:51 04-уми Июни 2025 сол

ТАВОФУҚ БАРОИ АЗСАРГИРИИ ПАХШИ “РТР-ПЛАНЕТА”

Кумитаи давлатии родию ва телевизиюни Тоҷикистон бо шабакаи телевизиюнии “РТР-Планета”-и Русия дар мавриди пахши барномаҳои ин шабака ба тавофуқи аввалия расидааст. Ба гуфтаи масъулони ин кумита, тасмими ниҳоӣ дар ин замина дар дидори Президент Раҳмон ва раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар шаҳри Сочи гирифта хоҳад шуд.

 

Абдураҳмон Абдуманонов, муъовини аввали раиси ин кумита, рӯзи панҷшанбеи 12 август дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон барои азсаргирии пахши ин шабакаи телевизиюнии Русия омода аст. Вай афзуд: "Интизор меравад ин мавзӯъ дар дидори руасои ҷумҳури Тоҷикистону Русия дар шаҳри Сочи матраҳ шавад. Сипас, миёни кумитаи телевизиюн ва родиюи Тоҷикистон ва ширкати ВГТРК-и Русия дар бораи шароити азсаргирии пахши барномаҳои “РТР-Планета” санаде имзо хоҳад шуд."

 

Ба ин тартиб, пас аз таъвиқи беш аз якунимсола, ин шабакаи телевизиюнии Русия зоҳиран ба Тоҷикистон бармегардад. Дар моҳи январи соли ҷорӣ Президент Медведев дар номае ба Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хоста буд, ки ба пахши дубораи ду шабакаи телевизиюнии Русия дар Тоҷикистон, яъне “РТР-Планета” ва “ОРТ” мусоъидат кунад.

 

Барномаҳои шабакаи “ОРТ” дар Тоҷикистон аз замони касби истиқлоли ин кишвар то соли 2000 ва шабакаи “РТР-Планета” то авоили соли гузашта пахш мешуданд. Давлати Тоҷикистон он замон эълом дошт, ки қатъи пахши барномаҳои ин ду шабака ба далели напардохтани махориҷи фаннии онҳо гирифта шудааст. Ҳарчанд соҳибназарон вуҷуди ангезаҳои сиёсӣ дар ин амрро низ баъид намедонанд.

 

Дар гузашта Абдураҳмон Абдуманонов изҳор дошта буд, ки азсаргирии пахши барномаҳои ин ду шабака мушкилотеро низ ба дунбол дорад, ки ҳалли онҳо чандон сода нест. Ба унвони мисол, вай гуфта буд, ки дар барномаҳои ин ду шабака тасовири шаҳвонӣ ва хушунат зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки бо меъёрҳои роиҷи ахлоқӣ дар Тоҷикистон муғоир буда ва ҷилавгирӣ аз пахши онҳо душвор аст. Ҳамакнун, ба гуфтаи вай, ин мушкилот ҳалли худро ёфтаанд.

 

Аз сӯйи дигар, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки бо дарназардошти теъдоди андаки ҷамъияти русизабон дар Тоҷикистон, ба пахши шабакаҳои телевизиюнии Русия дар ин кишвар ниёзе намондааст. Онҳо ба зарурати роҳандозии сареъи фаъолияти телевизиюни муштараки се кишвари форсизабон, яъне Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон, ки дафтари марказии он бояд дар Душанбе таъсис шавад, таъкид мекунанд.

 

Тасмим ба таъсиси чунин телевизиюн чаҳор сол қабл аз сӯйи руасои ҷумҳури ин се кишвар гирифта шуда буд, вале ба далоили мухталиф то ҳол иҷро нашудааст. Дар ҳамин ҳол, қарор аст 18 ва 19 август дар шаҳри Сочи дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев, президенти Русия, баргузор шавад.

 

Ба эътиқоди бархе аз соҳибназарон, дар як соли ахир дар равобити миёни ин ду кишвар сардӣ мушоҳида мешавад ва ҳалли ин мушкил аз аҳдофи аслии дидори ду раиси ҷумҳур аст. Азсаргирии пахши барномаҳои шабакаҳои телевизиюнии Русияро бархе аз коршиносон аз ҷумлаи гузаштҳое талаққӣ мекунанд, ки ҷониби Тоҷикистон ба ироаи онҳо омода аст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2880-2010-08-12-12-07-17.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854