06:06:02 04-уми Июни 2025 сол

ПАНҶАКЕНТ: МАРГИ СЕ НАФАР БАР АСАРИ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷакент, воқеъ дар 50-километрии ҷануби шаҳри Панҷакент, се ноболиғ кушта ва ду нафар бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол дода шудаанд.

 

Нурулло Сулаймонов, раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса соати чори баъд аз зуҳр дар мавзеи навбунёди Бӯстони деҳаи Марғедар рух додааст.Вай афзуд, ронандаи мошини сабукрави тамғаи Нива ҳангоми бозгашт аз саҳро хостааст пули чӯбинро, ки рӯи канали Марғедар ҷойгир аст, убур кунад. Вале ин пул, ки қаблан хароб будааст, вазни мошинро набардошта фурӯ рехтааст. Дар натиҷа мошин бо шаш нафар мусофир ба канал сарозер шудааст.

 

Бар асари ин фалокат Меҳваршо Муҳибуллои 17-сола, Таҳмина Муҳибуллои 15-сола ва Шоҳона Ҳусейни 5-сола дар канал ғарқ шудаанд. Ҳомидҷон Ҳусейни 5-сола ва Баҳром Қурбонови 16-сола, ки низ дар ин мошин будаанд, ҷароҳатҳои мухталиф бардошта, ба бемористон интиол дода шудаанд. Вазъи онҳо муътадил арзёбӣ мешавад. Мақомоти маҳаллӣ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2894-2010-08-14-11-45-12.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854