05:58:16 04-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ ҲАШТ НАФАР ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ-ХОРУҒ

Вазорати кишвари Тоҷикистон ҳуввияти ҳашт нафар аз афродеро, ки бар асари як сонеҳаи утумубилӣ дар роҳи Душанбе –Хоруғ кушта шудаанд, эълом кард. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии ин вазорат, рӯзи якшанбеи 15-уми август, кормандони пулис утумубили тамғаи “Чанху”-ро, ки 28-июли соли равон нопадид шуда буд, аз ноҳияи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз бо сарнишинони кушташудааш пайдо кардаанд.

 

Маҳмадуллоҳ Ассадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвар, рӯзи душанбеи 16-уми август ба Би-би-сӣ гуфт: “ Дар натиҷаи бориши зиёди борон дар ноҳияи Дарвоз дар километри 112 –уми роҳи Душанбе-Тавилдара-Хоруғ резиш санг аз кӯҳи Сафедсанг ба роҳи утумубилгард боъиси сарозер шудани мошини тамғаи “Чанху” ё ба истилоҳ “Тангем” ба нишеби 180-метрӣ шудааст. Касе шоҳиди ин ҳодиса набуд ва ин мошини ҳамроҳи сарнишинонаш то ду ҳафта мафқуд-ул-асар маҳсуб мешуд.

 

Масъулони вазорати умури дохила мегӯянд, баъд аз он ки пайвандони ин афрод ба кормандони пулис дар мавриди нопадид шудани хешовандонашон хабар доданд, онҳо ба ҷустуҷӯйи мошин ва афроди нопадидшуда оғоз кардаанд. "Адами иттилоъ дар мавриди макони сонеҳа" ба гуфтаи кормандони пулис далели аслии ба дарозо кашидани корҳои ҷустуҷӯӣ будааст. Оқои Ассадуллоев ҳуввияти сарнишинони фавтидаи ин сонеҳаро эълом кард.

 

Вай мегӯяд, “ба ҷуз аз ронандаи ин мошин - Ҳабибуллоҳ Воҳидови 38 сола, дар ин мошин Обидҷон Шокиров 64-сола, Абдуллоева Анварбибии 58 сола, Ҷумаъева Сайидмоҳи 44 сола, Индираи 12 сола, Маҷнуни 8-сола, як кӯдаки чаҳор сола ва Бобоҷони 19-сола ҷони худро аз даст додаанд.”

 

Ба гуфтаи масъули вазорати умури дохила, ҳамаи афроди кушташуда сокинони ноҳияи Ванҷи устони Бадахшони Тоҷикистон будаанд. Пулиси мегӯяд, ки таҳқиқоти муқаддамотии макони ҳодиса ҳокӣ аз он будааст, ки "сабаби аслии рух додани ин воқеъа офати табии будааст." Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи масъулони Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ин кишвар ҳудуди 50 нафар дар ҳаводиси мухталифи табиъӣ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2903-2010-08-16-08-45-55.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854