06:12:40 04-уми Июни 2025 сол

ҲИМОЯТИ ДИПЛУМОТҲОИ ҒАРБӢ АЗ ДОНИШКАДАИ ИРТИБОТОТ

Бозхонди муҷаввизи Донишкадаи фанновариҳои ҷадид ва иртибототи Тоҷикистон ба муҳоҷирати бархе аз ҷавонони тоҷик мунҷар хоҳад шуд. Ин матлаб дар баёнияи муштараки бархе аз сафоратхонаҳои хориҷии муқими Тоҷикистон дар робита бо қазияи ин донишкада бо давлати Тоҷикистон матраҳ шудааст. Масъулони ин намояндагиҳои диплумотики кишварҳои ғарбӣ таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон ба афзоиши теъдоди муассисаҳои омӯзишӣ, ба монанди Донишкадаи фанновариҳои ҷадид ва иртиботот, ниёз дорад.

 

Ин баёния аз сӯйи сафирони Омрико, Олмон, Фаронса, Бритониё ва Иттиҳодияи Урупо имзо шудааст. Муаллифони ин баёния навиштаанд, ки Вазорати маъорифи Тоҷикистон барои бозхонди муҷаввизи Донишкадаи фанновариҳои ҷадид ва иртиботот далоили ҷиддие пеш наовардааст. Онҳо меафзоянд: "Баръакс, то ҷойе огоҳ ҳастем, дар ин донишгоҳ аз наҳваҳои ҷадид ва муъосири таълим истифода мешавад. Тасмими вазорати маъориф ба бозхонди муҷаввизи ин донишгоҳ нигаронкунанда аст."

 

Дар баёнияи муштараки суфарои хориҷӣ омадааст, ки қазияи додгоҳии ин донишкада вуҷуди шаффофият ва мунсифона будани низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистонро зери суол мебарад. Муаллифони ин баёния афзудаанд: "Қатъи фаъолияти Донишкадаи фанновариҳои ҷадид ва иртиботот ба фазои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон низ латма ворид хоҳад кард. Зеро сармоягузорон бар ин назар хоҳанд буд, ки пайваста хатари қатъи фаъолияти муассисаи онҳо вуҷуд хоҳад дошт."

 

Донишкадаи фановариҳои ҷадид ва иртиботот ё "Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ" танҳо муассисаи омӯзишии олии хусусӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, аст. Ин донишкада тавассути Садриддин Акрамов, раиси ширкати “Садр”, ки як шаҳрванди тоҷиктабори Омрикост, дар соли 2003 таъсис ёфта буд.

 

Баҳс миёни масъулони ин донишкада ва Вазорати маъорифи Тоҷикистон аз моҳи июли соли гузашта идома дорад. Вазорати маъориф ин донишкадаро ба нақзи муқаррарот муттаҳам карда, хостори қатъи фаъолияти он шудааст. Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон аз ин тасмими вазорати маъориф пуштибонӣ кардааст. Вале масъулони Донишкадаи фанновариҳои ҷадид ва иртиботот ин ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ медонанд.

 

Бо ин вуҷуд, Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маъорифи Тоҷикистон, ахиран дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошт, ки фаъолияти ин донишкада базудӣ ба таъвиқ дароварда мешавад ва ҳудуди ду ҳазор донишҷӯйи он ба донишгоҳҳои дигар интиқол дода хоҳанд шуд. Садриддин Акрамов, муассис ва раиси ин донишкада, ахиран алайҳи вазири маъорифи Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст.

 

Вай рӯзи сешанбеи 17 август ба Би-би-сӣ гуфт, ки аслан ихтилофи ин донишкада бо вазорати маъориф дар пайи ирсоли номаи Абдуҷаббор Раҳмонов ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон "бо дархости қатъи фаъолияти ин донишгоҳ" оғоз шудааст. Вай афзуд, ки талоши онҳо дар муҳокимаҳои гузаштаи додгоҳӣ барои ифшои мушаххасоти ин нома бенатиҷа мондааст. Вале ба эътиқоди оқои Акрамов, дар ин нома иттилоъоти носаҳеҳе дар қиболи Донишкадаи фанновариҳои ҷадид ва иртиботот ироа шудааст.

 

Зимнан, фаъолияти ин донишкада чанд маротиба мавриди бозрасии кумисиюнҳои мухталифи давлатӣ қарор гирифта, ба гуфтаи оқои Акрамов, "ҳеҷ камбудии ҷиддие" дар фаъолияти он ошкор нашудааст. Вале ба гуфтаи вай, раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо феҳристи куллияи 180 устоди ин донишкада ва тарҷумаи ҳоли онҳоро дархост кардааст. Зимни бозрасиҳо низ аъзои кумисиюнҳои мухталиф ба шахсияти асотиди ин донишгоҳ бештар таваҷҷуҳ кардаанд.

 

Зимнан, дар миёни асотиди ин донишгоҳ Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, Раҳматулло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл демукрот, дуктур Ҳоҷимуҳаммад Умаров, яке аз фаъолони ҳизби демукрот ва даҳҳо нафари дигар ҳастанд, ки пайваста аз сиёсатҳои давлат интиқод мекунанд. Ба ин далел, соҳибназарон мегӯянд, ки яке аз сабабҳои аслии талоши Вазорати маъорифи Тоҷикистон барои мутаваққиф кардани фаъолияти Донишкадаи фанновариҳои ҷадид ва иртиботот ба мавзӯъи тадрис аз сӯйи "мухолифон" дар ин муассиса рабт дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2911-2010-08-17-17-26-35.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854