00:17:07 07-уми Июни 2025 сол

ХОЛИҚОВ: СУХАНИ ОХИРИНРО ДОДГОҲ МЕГӮЯД

Ахиран Кумитаи дини Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳушдор дода буд, ки аз ибодати дастаҷамъона дар қароргоҳи ин ҳизб ҷилавгирӣ кунад. Кумитаи дин гуфтааст, дар сурати иҷро нашудани ин тақозо қазияи мазкурро ба додгоҳ хоҳад кашид. Посухи Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигори Озодӣ.

 

- Қазияи ахиран ба сари ҲНИТ омада, яъне хондани намоз дар қароргоҳи ин ҳизб то куҷо бархилофи қонун дар бораи дин аст?

 

- Мутобиқи қисми 3 моддаи 20 Конуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодяи динӣ» ҷойе, ки дар онҷо тоату ибодат карда мешавад, аниқ ва равшан муайян шудааст: «ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ дар ибодатгоҳҳо, заминҳои ба онҳо мутталиқ, зиёратгоҳҳо вобаста ба хусусияти эътиқоди динӣ инчунин дар манзилҳои шаҳрвандон иҷро карда мешавад». Ҳадаф ва мақсади қонун аз ин муқаррарот, аз он иборат аст, ки тоату ибодати мардум мисли ҳар амали иҷозатдошта, бояд дар мавқеъ ва макони муайян амалӣ шавад.

 

Ҳар иҷозат мавқеъ ва макони худро дорад, ҳатто аз назари шариат низ, бинобар он берун аз макони иҷозатдодашуда иҷро кардани ин амал, чӣ аз назари шариат ва чӣ аз назари қонуни давлат манъ аст. Ҳуқуқ ва озодӣ сарҳади худро дорад, ки он аз тартиботи умумӣ, низому адл, ахлоқи ҷомеа ва манфиатҳои дигарон манша мегирад. Зарурият пайдо шавад дар доираи қонун боз садҳо масҷидҳои дигар ба қайд гирифта мешавад, марҳамат, пайравони ҳизб ҳамчун ҷузъи мусулмонони кишвар, ҳамроҳи мардуми кишвар дар ҷойҳои муқарраршуда ибодат кунанд.

 

- Яъне хондани намоз дар бинои ҲНИТ, ин риоя накардани талаботи қонун аст?

 

Абдураҳим Холиқов: -Бале, бо Қонуни зикргардида мухолифат дорад. Аз ҷониби дигар, дар як сохтор ё қароргоҳи ҳизбе вуҷуд доштани як иттиҳодияи динӣ аз назари принсипи Конситутсионии ҷудоии ташкилоти динӣ аз давлат низ мумкин нест. Ин масъала ҳатто аз назари имонӣ ва эътиқодӣ низ ба мақсад мувофиқ нест. Барои чӣ? Барои он, ки ҳизби сиёсӣ бо ғаразҳо олуда буда, дин ҷанбаи илоҳӣ дорад.

 

Иттиҳодияи динӣ ҳадафи асосиаш қонеъ гардонидани талаботи эътиқодии шаҳвандон аст, аммо ҳадафи ҳизб мубориза барои ҳокимият аст. Агар мо фарқи байни иттиҳодияи динӣ ва мақоми сиёсиро нагузорем дар чунин сурат хело ҳам хатари ҷиддӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вазъи эътиқодии хеш ба вуҷуд меорем.

 

- Дар мавриди он ки Кумитаи навтаъсис ва раиси нав дар амали мазкур ба кори худнамоӣ машғул аст, чи мегўед?

 

- Агар як сиёсатмадор иқдоми Кумитаро дар масъалаи таъмини қонун худнамоӣ донад, албатта, аз назари ахлоқи сиёсӣ боиси таассуф аст, зеро таълимоту биниши ў яқин сари масъалаи ҳамин «мансаб баста» будааст. Ҳикмате низ ҳаст, ки «фирки ҳар кас ба қадириҳиммати ӯст». Мо эҳтироми ҳаққи намозгузоронро тибқи қонун қоилем, чи наҳзатӣ ва чи ғайри онро, набояд масъаларо ба манфиати гурўҳе тобиши сиёсӣ дод. Аз барои инсоф, хатои бобоямонро накунем (ишора ба Бобои одам, ки аз ҷониби Худованд ба ҳама чиз иҷозат шуд магар ба хурдани гандум) ҳикмати ҳамин ривояти қуръонӣ низому тартиб аст.

 

- Арзишҳои исломӣ чӣ мешаванд? Чун ормонҳои ин ҳизб таҳким ва ҳифзи арзишҳои ихлосӣ, аз қабили ибодат аст ва дар ислом ҳам гуфта шудааст ки ҳар ҷойе пок аст хондани намоз раво аст.

 

- Ҳеҷ чиз намешавад. Чаро мо масъаларо аз назари маҳдуди манфиати гурӯҳе ба муҳокима мекашем. Ҳазору чорсадсоле, ки тоҷикон бори пуршарафи мўъмину муслмониро бар дўш доштанд, арзишҳои исломиро кӣ дифоъ мекард? Магар Имоми Аъзам, Абуҳафси Кабири Бухорӣ, Абулқосими Самарқандӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ ва даҳҳо дигар абармардони майдони илм ва ниёкони мо, ки аъзои ҳизбе набудаанд, густаришдиҳандаи арзишҳои исломӣ нестанд?

 

Дигар мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ? Магар роҳбари давлат, ки ба раъйи мардуми Тоҷикистон имрўз кафилии фазои озоду сулҳи кишварро ба дўш доранд густаришдиҳандаи арзишҳои исломӣ нестанд? Коре, ки Президент дар густариши арзишҳои дини мубини ислом карданд на танҳо ҳизбиён, балки дар ҳазор соли ягон сарваре дар ин минтақа дар ҳаққи ислом накардааст.

 

Аз ин хотир, муаррифӣ намудани ҳизбе ҳамчун густаришдиҳандаи арзишҳои исломӣ бар хилофи қонунияти ҳастии ҳизб, берун аз ақли сиёсӣ буда, баробар донистани он ба исломи миллӣ иштибоҳи қавии мантиќӣ ва шаръист. Тамоми мардуми Тоҷикистон, 99 дарсад мусулмон аст. Лекин 99 дарсад аъзои ҲНИТ нест (ҳамагӣ 40 ҳазор) ва ин ҳаргиз маънои онро надорд, ки бақия мардуме, ки аъзои ҲНИТ нест, мусулмон нест ва дархосту талаби онҳо мавриди эътибор набошад.

 

Бубинед, аз назари шариат намоз низ вақти худро дорад, намешавад, ки кадом ваќқе хоҳем, ҳамон замон намоз хонем. Намешавад, ки ҷойнамозро дар роҳи мошингард партофта роҳи мардумро манъ карда, намоз гузошт. Имрӯз тоату ибодат дар ҳама ҷо иҷозат аст гуфта, нақлиёти ҷамъиятиро боз дорем, сарҳадро ҳифз накунем, заводу фабрикро боз дорем, беморхонаю фурудгоҳро бандем, кӣ кор мекунад?, Бехатарии мову шуморо кӣ таъмин мекунад? Беморони мову шуморо кӣ табобат мекунад? Масҷид дар ҳама ҷо иҷозат аст гуфта, ба дасти ҳизбҳои сиёсӣ масҷиду калисо, бутхонаю куништро дода, мардумро ба даврони фоҷиабори Аврупои асрҳои миёна баргардонем?

 

- ҲНИТ ҳамчун ҳизби динӣ ба қайд гирифта шудааст, пас фаъолиятҳои онҳо мутобиқ ба ойиномаи онҳост?

 

- Ойинномаи ҳизб санади зерқонунӣ аст, тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қувваи ҳуқуқуии қонун баландтар аз ойиннома аст, дар ҳолати мухолифат қонун амал мекунад. Дигар ин ки дар ойинномаи ҳизби онҳо сухан дар бораи ибодат нест, тафовути арзиши умумиинсонии динӣ ва меъёри эътиқодиро бояд дарк кард. Вақте ҳизби сиёсӣ фаъолияте мисли иттиҳодияи динӣ дорад, дар онҷо омехташавии эътиқод ба даъватҳои сиёсӣ ба назар мерасад, ки он бархилофи қонун дар бораи озодии виҷдон иттҳодияҳои динӣ, бар мухолифи қонун дар бораи ҳизбҳо ва Конститутсияи Тоҷикистон аст.

 

На ҲХДТ, на ҲКТ, на ҲДТ ва на ҳизбҳои дигар тибқи қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ надоранд, дар қароргоҳҳои худашон иттҳодияи динӣ дошта бошанд. Худи Муҳидин Кабирӣ ҳам вақте бо мо сӯҳбат доштанд, возеҳу равшан гуфтанд, ки дар қароргоҳи ҳизб масҷид нест. Яъне аллакай ин нишонаи он аст, ки раиси ҳизб мефаҳманд, ки мумкин нест, ки дар қароргоҳи як ҳизбе иттҳодияи динӣ таъсис дода шавад. Вале, мушкилӣ сари он аст, ки ҳамон вазоифи иттиҳодияи диниро дар қароргоҳи ҳизб иҷро карда истодаанд.

 

- Ба ҳар сурат, ки ҳоло баҳси Шумо то анҷоми моҳи Шарифи Рамазон мавқуф гузошта шудааст, тасмимҳои баъди чӣ хоҳад шуд? Агар рафту ҲНИТ дар мавқеи худ истодагарӣ кунад?

 

- Мо аз доираи қонун баромада наметавонам. Мутобиқи қонун огоҳнома мефиристем ва баъд аз гузариши мўҳлати муайян, агар камбудӣ ислоҳ нашавад, тартиби судии ҳалли масъала пеш меояд. Маводро мутобиқ ба талаботи қисми 3 моддаи 20 Қонун ва моддаи 474 -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додгоҳ пешниҳод мекунем. Сухани охиринро суд мегўяд. Тарафи дигари масъала ин аст, ки дар сурати ислоҳ нашудани вазъият оқибати ин қонуншиканӣ метавонад пайомади вазнинтари ҳуқуқиро ба фаъолияти ҳизб дошта бошад, ҳарчанд ки мо инро намехоҳем.

 

- Мавзӯи ибодат ҳасос аст ва фикр намекунед, ки ин тасмим Кумитаи дин ба эҳсосоти як қишри ҷомеа мерасед, ки дар пай авоқиби хуб нахоҳад дошт?

 

Абдураҳим Холиқов: - Касе, ба масъалаи ҳассос будани озодии эътиқод ва ҳуқуқи ибодати шаҳрвандон шакку шубҳа надорад ва касе ҳақ надорад, ки аз ин ҳассосият низ сўистифода намояд. Худ қазоват кунед, дар чаҳор тарафи бинои ҲНИТ масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаина аст. Чаро гурўҳе пайдо мешаваду мегўяд, не ба ман ин ҷойҳо маъқул нест ва дар ҷое, ки ба ман маъқул аст дар ҳамон ҷо намоз мехонам ва мову шумо иродаи ўро чун иродаи кулли мардум бояд ҳассос муаррифӣ намоем?

 

Меъёр на ибодатро, балки худсариро манъ кардааст ва Кумита онро татбиқ менамояд. Фикр мекунам, ки давлат масъул аст, ки барои мардум иттиҳодияҳои динӣ кушояд ва ҳамзамон масъул аст, ки реҷаи кори заводу корхонаҳоро, ташкилоту муассисаҳоро ба низом дарорад. Вақте низому тартиб аст, адлу инсоф ҷорӣ мешавад.

 

- Ба ҳар сурат баҳс ва ё гуфтугузорҳо сари намозу рӯза ва имону эътиқод, ҳамеша дар муқобили миллат ва ё як қишри аъзами ҷомеа қарор гирифтан аст. Ба имон ё эътиқоди миллат даст задан, тваре, ки Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, фишор болои ҲНИТ, фишор болои миллат нест?

 

- Ҳеҷ бардорандае бори дигареро набардорад, омадааст, каломи раббонӣ. На Кабирӣ ва на каси дигар ҳақ надорад, як ҳизбро бо миллат омехта кунад. Аъзои Ҳизби наҳзат як ҷузъи миллати тоҷик аст, вале ҳеҷ гоҳ ягон ҷизб ҳуқуқи аз номи миллат ҳарф заданро надорад. Ҳуқуқи аз номи миллат ва халқи Тоҷикистон ҳарф заданро Конститутсияи кишвар ба Президент ва Маҷлиси Олӣ додааст. Хоҳиш мекунам, ба ҳаққи халқ ва миллат худсарона даст назанем. Камбудию қонунвайронкунии худро бо ҳасоссияти динӣ вобаста накунед. Холиқов агар қонунро вайрон кунад, ин маънии онро надорад, ки миллати тоҷик қонуншикан аст.

 

- Гуфта мешавад, ки қонуне ки ҳоло Кумитаи дин иҷрои онро аз ҲНИТ талаб мекунад, дар вақташ «ҳадафмандона» таҳрезӣ шуд ва имрӯз он ҳадафҳо ҳукми амалро гирифтанд.

 

- Мебахшед, нишонаи демократия бо аксарияти овоз қабул кардани санад аст. Нуқсон дар қонун нест, балки дар мо шаҳрвандон аст, ки онро ба манфиати худ шарҳ доданӣ мешавем. Қонун аниқ ва равшан меъёрро навиштааст, онро бояд риоя кард, на мавриди баҳс қарор дод. Истисно аз меъёр низ ба истиснои қонун бурда мерасонад, маънии содакардашудаи он бетартибӣ ва анархия аст.

 

- Қонун догма нест. Имрӯз, ки бардоштҳо аз қонун гуногун аст, пас зарурати дубора такмил кардани он низ аст. Шояд ин ташаббусро Шумо ба роҳ монед?

 

- Дуруст аст, ки қонун догма нест, вале ин маънои онро надорад, ки ҳар касе бо таври фаҳмиши худ онро муҳокима кунад. Тибқи моддаи 58 Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба субъектони махсус дода шудааст. Ин ҳуқуқроо тибқи талаботи моддаи мазкур ман надорам, вале мўҳтарам Кабирӣ М. ҳамчун вакил дорад. Вале, ин маънои онро надорад, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ норасоии аслии қонунро ба пуррагӣ дарк кардан аст.

 

Ин танҳо ҳаққи пешниҳоди назар аст, масъала расмиёти ҳуқуқиро мегузарад, ҳамаҷониба таҳлил мешавад, агар аксарияти вакилон дастгирӣ кунанд сипас зинаҳои дигари қонунгузориро мегузарад. Қонунҳо бо тағйирёбии арзишҳо ва гузашти солҳо такмил меёбанд. Аммо, ҳоло муҳим риоя кардани қонун аст.

 

- Коршиносон бар ин назарнд, ки манъ кардани хондани намоз дар қароргоҳи ҲНИТ аз тарафи Кумитаи дин идомаи фишор болои ҲНИТ дар пайи интихоботи парлумонӣ аст, ки ҳизб ҳукумат ва ҲХДТ ро ба чолиш кашид?

 

- Мебахшед, ҲНИТ ҳамон миқдор раъйе гирифт, ки ҳамагон медонанд ва он расман эълон шуд. Яъне беш аз 8 дарсад. Ин раъйе нест, ки аз пирӯзии ҳизбе дар давлати демократӣ дарак диҳад. Умуман, камбудии худро бо муваффақиятҳо рўпуш намудан пешаи оқилон нест.

 

Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2926-2010-08-19-11-46-15.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854