САҲА: ХУШУНАТ МАРБУТ БА УМУРИ ХОНАВОДА НЕСТ
Дар Тоҷикистон барои нахустин бор 5 маркази пулиси мубориза бо хушунати хонаводагӣ ифтитоҳ шуд. Ин марокиз бо пуштибонии молии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупои мустақар дар Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа боз гардидааст. Ивар Виккӣ, раҳбари Маркази САҲУ дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 19 август, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки хушунати хонаводагӣ танҳо ба умури хонаводаҳо марбут набуда ва бояд ҷомеа дар ҳалли ин мушкил саҳм бигирад.
Оқои Виккӣ таъкид кард, ки таъмини ҳуқуқи баробари марду зан ва ҷилавгирӣ аз мавориди хушунат алайҳи зан ва кӯдак барои САҲУ аз мавзӯъоти муҳим ва калидӣ маҳсуб мешавад. Женерол Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон низ таъсиси марокизи пулис барои муқобала бо хушунати хонаводагиро як гоми ҷиддӣ дар роҳи таъмини ҳуқуқи зан ва кӯдак дар Тоҷикистон хонд.
Ба гуфтаи женерол Қаҳҳоров, дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор мавриди хушунати хонаводагӣ сабт шудааст, ки аз ин гуна ҳаводис умдатан занҳою кӯдакон ранҷ мебаранд. Зимнан, бар асоси гузориши Созмони Милали Муттаҳид дар бораи мизони хушунат алайҳи зан дар Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли гузашта муаррифӣ шуда буд, аз як сеюм то ними занони Тоҷикистон ба таври муназзам мавриди хушунат қарор мегиранд.
Вазири умури дохила таъкид кард, ки ҳамакнун марокизи пулис дар канори гӯшмол додани омилони хушунат, ба қурбониёни он кумакҳои ҳуқуқию равонӣ мерасонанд. Дар ҳамин ҳол, масъули Маркази Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупои мустақар дар Тоҷикистон аз таъвиқ дар тасвиби қонуни ҷадиди “Ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ” ибрози нигаронӣ кард.
Гуфта мешавад, пешнависи ин қонун дар соли 2007 омода шуда, вале ба далоили мухталиф то ҳол дар порлумон баррасӣ нашудааст. Ба эътиқоди Гулҷаҳон Бобосодиқова, раҳбари яке аз созмонҳои ғайридавлатии занони Тоҷикистон имкон дорад тасвиби ин қонун ба коҳиши хушунат алайҳи занон муосидат ва роҳро барои ҳимояти ҳуқуқи онҳо боз кунад.
Ҳамчунин, дар ин қонун таъсиси паногоҳҳои муваққатӣ ва марокизи бӯҳронӣ барои занони осебдида дар назар аст ва занҳо метавонанд то ҳалли мушкили худ бо фарзандон дар паноҳгоҳ ба сар баранд. Коршиносон далели таъвиқ дар тасвиби қонуни “Ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ”-ро ба пурхарҷ будани таъсиси паногоҳҳои муваққатӣ ва марокизи бӯҳронӣ марбут медонанд, ки давлати Тоҷикистон ба иллати мушкили иқтисодӣ ба тасвиби ин қонун шитоб намекунад.
Аз сӯи дигар, ин коршиносон паноҳгоҳҳо ва марокизи бӯҳрониро барои сунан ва одоти миллии тоҷикон бегона хонда ва мегӯянд, баъйид аст, ки ҳатто дар сурати мутаҳаммили хушунат шудан ҳам бештари занон ба ин ниҳодҳо муроҷиа кунанд. Зеро тибқи сунани миллӣ ва дар ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон зан мутеъ ва бонуи хонавода маҳсуб шуда ва саркашӣ ва паноҳ ҷустани ӯ дар паногоҳҳо ва марокизи муваққатӣ мумкин аст ба талоқ ва фурӯпошии хонаводаи зан мунҷар шавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2928-2010-08-19-22-43-30.html