13:56:51 02-уми Июни 2025 сол

СОНЕҲАИ РОҲ ДАР РӮШОН ДАҲ КУШТА ГИРИФТ

Дар асари як сонеҳаи роҳ дар ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори кӯҳистонии Бадахшон даҳ нафар ҷони худро аз даст додаанд. Иқбол Мискиншоев, як масъули пулиси роҳи Бадахшон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи душанбеи 23 август дар 108-килуметрии шаҳри Хоруғ, дар рустои Вознавди ноҳияи Рӯшон, иттифоқ уфтодааст. Ба гуфтаи вай, як утумубили мусофирбарии навъи Ҳюндай, ки ба Усмон Давлатов, як сокини ноҳияи Ишкошим мутаъаллиқ буда ва ба сӯи Душанбе, пойтахт, мерафт, бо 11 нафар санишини худ дар рӯдхонаи Панҷ ғарқ шудаааст.

 

Тавре ки оқои Мискиншоев хабар дод, ҳангоме ки ин мошин ба рустои Вознавди ноҳияи Рӯшон наздик мешуд, аз кӯҳ резиши сангҳо ба вуқӯъ пайваста ва як санги бузург бар танаи мошин бархӯрдааст. Дар натиҷа, фармони мошин аз дасти ронанда даррафта ва он ба рӯдхонаи "Панҷ" сарозер шудааст.

 

Аз ҷумлаи 11 сарнишини ин худрав 10 нафар, ки дар миёни онҳо ду кӯдаки хурдсол ҳам буданд, дар рӯдхонаи Панҷ ғарқ шудаанд. Бино ба иттилоъи оқои Мискиншоев, ҷасади ин афрод ҳануз пайдо нашудааст ва ҷустуҷӯйи онҳо аз ҷониби хешу ақрабо ва ниҳодҳои интизомиву изтирорӣ идома дорад.

 

Аз куллияи сарнишинони мошин танҳо як нафар, ки шаҳрванди Афғонистон буда, тавонистааст худро наҷот диҳад. Вале ин шаҳрванди афғон низ ҷароҳатҳои сахте бардошта ва дар ҳоли ҳозир дар шифохонаи ноҳияи Рӯшон мавриди муроқибати пизишкон қарор дорад. Оқои Мискиншоев гуфт ҳувияти ғарқшудагон ҳануз дақиқан маълум нашуда, вале ҳамин чиз мусаллам аст, ки ҳамаи онҳо сокинон ва зодагони деҳаи Вранг, як рустои дуруфтода дар ноҳияи Ишкошим, будаанд.

 

Ин севумин сонеҳаи утумубилии маргбор дар роҳҳои Бадахшон аст, ки тайи як моҳи ахир рух медиҳад. Ҳафтае пеш як минибуси чинӣ дар наздикии деҳаи Вамди ин ноҳия ба рӯдхонаи Панҷ сарозер шуда буд, ки дар натиҷа ду нафар аз мусофирон кушта шуданд.

 

Дар авохири моҳи июл дар асари сарозер шудани як минибуси мушобеҳ аз иртифоъи 180-метрӣ дар ноҳияи Дарвози низ ҳашт нафар ҷони худро аз даст дода буданд. Мардуми маҳаллӣ вазъияти бади роҳҳо дар вилояти кӯҳистонии Бадахшонро аз далоили вуқӯъи сонеҳаҳои маргбор дар ин минтақа медонанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2962-2010-08-25-02-17-03.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854