КУҲАНТАРИН МАКТАБ ДАР КӮЛОБ БАСТА ШУД
Дар мактаби шумораи 4, яке аз куҳантарин мактабҳои шаҳри Кӯлоб, баъд аз 56 соли фаъолият барои аввалин бор дар рӯзи якуми сентябр "Занги аввал" садо надод. Фаъолияти мактаби мазкур бо фармони вазири маъорифи Тоҷикистон ва бо тасмими вижаи шаҳрдории Кӯлоб ба сабаби "ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ" мутаваққиф шуда ва шогирдони он қарор аст дар мактабҳои дигари шаҳр ба таҳсили худ идома диҳанд.
Ин тасмими Вазорати маъориф ва шаҳрдории Кӯлоб ба норизоятӣ ва эътирози як идда аз кормандон ва волидони шогирдони мактаби шумораи 4 доман зада ва боъиси нигарониву саргардонии муҳассилони ин мактаб шудааст. Қутосбӣ Сангова модари яке аз шогирдони ин мактаб аст, ки аз шунидани хабари баста шудани он нороҳат шудааст.
Вай гуфт, ки бо фиристодани фарзандон ба мактабҳои дигар мувофиқ нест, зеро аз як ҷиҳат роҳ дур аст ва аз сӯйи дигар, убур аз роҳҳои мошингард барои кӯдакон хатарнок аст. Хонуми Сангова мегӯяд, ки фарзанди ӯ ва дигар шогирдонро ба мактаби шумораи 53 таҳвил додаанд, ки барои расидан ба он дстикам ду килуметр роҳро тай кардан лозим аст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, кӯдакон бояд аз ду роҳи мошингард гузаранд, ки тарокуми васоили нақлия дар онҳо зиёд аст ва яке аз онҳо чорраҳаест, ки дар наздикии мактаб воқеъ аст. Вай мегӯяд: "Моро бештар аз ҳама амнияти фарзандонамону роҳи дури он ба ташвиш меорад."
Ҳамчунин, бархе аз кормандони мактаби шумораи чаҳор низ аз тасмими тозаи мақомҳои маъориф ва шаҳрдории Кӯлоб изҳори нигаронӣ намуданд. Заҳро Зуҳурова, фарроши мактаби шумораи 4, баста шудани мактаби мазкурро зарбаи ҷиддӣ ба буҷети хонаводааш мешуморад. Ӯ мегӯяд, ки омӯзгорону шогирдонро мумкин аст ба мактабҳои дигар интиқол дод, аммо фаррошон ва кормандони дигари мактаб бекор мемонанд ва ёфтани шуғли нав барояшон душвор аст.
Ҳатто иддае аз шогирдони мактаби шумораи 4 низ аз баста шудани он норозианд. Санавбар ном донишомӯзе мегӯяд: "Мо саҳар ба мактаб рафтем, моро ба синфхонаҳо роҳ надоданд ва гуфтанд, ки ба мактаби дигар мебаранд. Мо ба мактаби худамон одат кардаем ва дар се моҳи таътил онро пазмон шудем."
Дар ҳамин ҳол, Давлаталӣ Амиров, мудири шӯъбаи маъорифи шаҳри Кӯлоб, нигаронӣ ва эътирози волидону кормандони мактаби шумораи 4-ро бепоя хонда ва гуфт, ки иҷрои фармони вазири маъориф ва тасмими раиси шаҳри Кӯлоб иқдоме дуруст аст.
Ба андешаи ӯ, ин мактаб барои қабули 400 хонанда омода бошад ҳам, вале дар он ҷо беш аз ҳазор нафар таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, дар ин мактаб, ки ҳамагӣ аз як бинои дуошёна иборат аст, на варзишгоҳ вуҷуд дораду на майдонча барои бозии кӯдакон.
Оқои Амиров мегӯяд: "Хонандагони таълимгоҳи мазкур бемамонеъат имкон доранд дар мактабҳои шумораҳои 53, 27 ва 3-и шаҳри Кӯлоб ба таҳсили худ идома диҳанд. Муъаллимон низ ба мактабҳои дигар мутаносибан тақсим мегарданд."
Оқои Амиров афзуд, ки шӯъбаи маъорифи шаҳри Кӯлоб дар ҷойи мактаби басташуда як муассисаи таҳсилоти изофӣ боз мекунад. Бояд гуфт, ки то соли 2005 мактаби шумораи 4-и шаҳри Кӯлоб аз майдони васеъ ва ошхонаву биноҳои корӣ иборат буд.
Аммо дар ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 2700-солагии Кӯлоб як қисми биноҳои он бар асоси барномаи тавсеъаи шаҳр тахриб шуданд. Дар ҷойи ин биноҳо як муҷтамаъи меъмории шаҳр сохта шуд ва ба ин тартиб, мактаби шумораи 4 ба унвони яке аз куҳантарин мактабҳо дар шаҳри Кӯлоб аз миён рафтааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3026-2010-09-01-17-07-05.html