22:39:26 05-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/24_sodiq_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/24_sodiq_2147'

"ФАРЗАНДОНИ МОРО ЗЕРИ ТИРУ ТУФАНГ НАФИРИСТЕД!"

Наимҷони Ҳусейнзоди 17-сола, сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон имсол таҳсил дар мактаби ҳамагониро хатм карда ва тасмим гирифта буд, ки ба сафи сарбозони Артиши Тоҷикистон шомил шавад. Аммо ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар Рашт, бахусус ҳамла ба сарбозон дар дараи Камароб барномаи ӯро тағйир дод.Волидайни Наимҷон пас аз шунидани хабари кушта шудани 28 сарбози артиши Тоҷикистон дар ин ҳодиса, ки гуфта мешавад, тақрибан 11 нафари онҳо ҷавонони хатлонӣ будаанд, дигар иҷозаи пайвастан ба артишро ба ӯ намедиҳанд. Наимҷон мегӯяд: “Баъди шунидани хабари Камароб, падарам маро садо кард ва гуфт, ки ман бояд ба Русия равам. Падару модарам метарсанд, ки ман артиш мераваму нохушие ба ман рух медиҳад.”

 

Ҳодисаҳои ахир дар ноҳияи Рашт ба зиндагии аксари шаҳрвандон, ки фарзандонашон дар артишанд, таъсири манфӣ гузошт. Аз оилаи як сарбоз Рустам Камолов аз ноҳияи Бохтар дидан кардем, ки чандест дар вилояти Бадахшон хизмат мекунаду волидайнаш аз дурии писарашон ва тамос нагирифтанаш ба хона нигаронанд.

 

Мирзо Камолов, падари сарбоз чанд рузи ахир ба писараш Рустам тамос нагирифтаасту аз ҳодисаҳои рухдода ба сарбозон дар ташвишаст. Рустам Камолов, писари Мирзо Камолов як сол аст, ки дар сафи артиши Тоҷикистон хизмати низомиро, ки дар Тоҷикистон иҷборӣ аст, иҷро мекунад.

 

Оқои Камолов мегӯяд: “Ҳодисаҳои Рашт маро сахт андӯҳгин кардааст. Пас аз оғози амалиёт дар Рашт, писарам бо мо тамос нагирифтааст. Ростӣ, пас аз шунидани хабарҳои Рашт дигар тоқати дурӣ аз писарамро надорем. Сахт нигаронам. Мехоҳам зудатар хона баргардад.”

 

Файзӣ Ҳакимова, модари як сарбози дигарест, ки пас аз ҳодисаи дараи Камароб бо изтироб мунтазири тамос ва ё бозгашти писараш аз хизмати низомӣ аст. Вай мегӯяд: “Дар замони Шӯравӣ вақте волидайн фарзандонашонро ба артиш мефиристоданд, эҳсоси ифхтихор мекарданд, аммо мо ҳоло фақат эҳсоси нигаронӣ ва ҳаяҷон дорем.”

 

Вай афзуд: “Ман боз як писар дорам, вале ҳарчи шавад, намегузорам ӯро ба аскарӣ баранд. Охир ин нооромиро бубинед! Аскарони ҷавон кушта шуданд!”

 

Ҳабибулло Каримов, яке аз падаронест, ки ҷанозаи хунини фарзандашро чанд рӯз пеш ба хонааш дар шаҳраки Сарбанд оварданд. Писари ӯ - Содиқ яке аз 28 сарбози кушташуда дар ҳамлаи Камароб буд. Дар ҳоле, ки Зӯҳро Мирзоева модари Содиқи 22-сола дар канори шавҳараш нишаста ва ашк мерехт, оқои Каримов ба ёд меовард, чи гуна писарашон бо ихтиёри худ барои пайвастан ба сафи артиш ариза навишта буд.

 

Вай гуфт: “Вақте таъзияи раиси ҷумҳуриро дар телевизиюн мехонаданд, ман аввал тарсидам, сипас ба худ мегуфтам, ки фарзанди ман дар миёни ин сарбозони кушташуда нест, аммо пас аз муддате бароям хабари марги Содиқҷонро расонданд”.

 

Манучеҳр бародари Содиқ аст. Бародараш ӯро дар бораи сафари гурӯҳашон ба Тавилдара ҳафтае қабл огоҳ карда буд. Вай гуфтааст, “мо дар ким-кадом окопҳо ҳимоячӣ мешавем.” Манучеҳр бо афсарони ҳамхизмати бародараш, ки пас аз ҳодисаи Камароб дар бемористони Душанбе бо ҷароҳатҳо бистарӣ ҳастанд, дидор дошт. Вай гуфт: “Ҳамхизматони Содиқ гуфтанд, ки вай ҷони чандин аскарро харида, худаш ҷон дод.”

 

Модари Содиқ пайваста як саволро такрор мекард, ки “ахир чаро ҷавонони бетаҷрибаро зери тиру туфанг фиристоданд?!” Тибқи иттилоъи кумисориёи низомии шаҳри Сарбанд ду сокини ин шаҳр яке сарбоз ва дигаре афсари рутбааш лейтинант дар ҳамалаи ахир ба комюнҳои низомии Артиши миллии Тоҷикистон дар дараи Камароб кушта шуданд.

 

Расидани ду тобути сарбозон ба ин минатқа нигоҳи сокинони онро ба фиристодани фарзандон ба хизмати артиш манфӣ шудааст. Ин ҳолат кормандони кумисориёи низомиро нигарон кардааст. Зеро ба гуфтаи Хуррам Кокулов, муъовини раиси ин кумиссриё, ба зуди мавсими даъвати тирамоҳӣ ба артиш оғоз мешавад, вале мардум пас аз ҳаводиси ахир дар Рашт намехоҳанд фарзандонашон ба артиш раванд.

 

Нигарониҳои мардум аз амнияти хизмат дар артиши Тоҷикистон дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон аз ҳирфаӣ набудани артиши кишвар интиқод мекунанд. Ҳайдар Алиев, раҳбари ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон дар шаҳри Қургонтеппа мегӯяд, “Ҳодисаи ахир равшан сохт, ки артиши мо чи қадар таҷриба дорад. Сарбозони ҷавонро ба муқобили терруристҳо пеш гузоштан кори дуруст набуд. Бубинед чи қадар ҷавон кушта шуд.”

 

Бар асоси иттилоъи расмӣ давлат ба хонаводаҳои сарбозон ва афсарони кушташуда дар дараи Камароб ба миқдори ду ҳазор сомонӣ (муъодили 450 дулори омрикоӣ) кумакпулӣ ироа мекунад. Вале манобеъи кумисориёи низомии шаҳри Сарбанд гуфтанд, тасмим шудааст ин кумакҳо дертар тавзеъ шавад. Зеро як манбаъ гуфт, ки бархе аз пайвандони кушташудагон аз пешниҳоди кумакпулӣ “бештар ба ғазаб меоянд, пешниҳоди пул дар ивази зиндагии наздиконашонро таҳқир меҳисобанд.”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3207-q-----q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854