22:49:14 09-уми Майи 2025 сол

«УЗРИ БАДТАР АЗ ГУНОХ…»

Чӣ воқеае рух дод. Чизе аз назар дур монд. Шояд нашунидам, шояд чун ҳамеша парешонхотир будам ва ё масруфи кори дигаре шудам-намедонам, аммо воқеаи рухдода аз мадди назарам дур монд. Ба дӯстон занг мезанам, радиоро мешунавам, ахборро тамошо мекунам, Давида рӯзномаҳоро мехараму мехонам, аммо дар ҳеҷ ҷо чизе пайдо намекунам. Шояд «чизе, ки ба ман зарур аст» рух надода бошад? Ё шояд воқеа рух додаасту ба ман хабар надоданд, фаромӯш карданд маро? Ин хел намешавад, ки ҳама донанду ман не.

 

Охир, ман ҳам ҳамин ҷоям, дар наздикиҳо, онҳоро мебинам, ҳамроҳашон сӯҳбат мекунам… Гӯё ҳама маслиҳат карда бошанд, ки ин сиррро аз ман пинҳон нигоҳ доранд. Ҳама хомӯшанд. Оромист. Охир касе аз онҳо бояд «мекафид» ё имкон дошт, ки «иттилоъ фош шавад» ва ё аз забони шиносҳо бидуни ихтиёр мебаромад, ки «Мо дирӯз дар инҷову онҷо будем ва онҷо фалониҳо буданду фалон воқеа рух дод. ..!!». Не, ягон кас сирро фош накард. Ва ман то ҳол бехабарам. Бинобар ин мехоҳам аз касе, ки онҷо буд, бипурсам: Аз барои Худо бигӯед, албатта, агар ин сирри давлатӣ набошад, кай ва дар куҷо ҷанозаи кӯдаконеро, ки дар Рашт кушта шуданд, баргузор карданд?

 

Илтиҷо дорам, бигӯед, ки кай ин кор сурат гирифт? Саҳна чӣ гуна ороиш дода шуда буд, чӣ қадар мардум ширкат дошт, аз ҳукуматдорон киҳо сухан гуфтанд, чӣ гуна пайвандону наздикони кушташудагонро тасаллӣ доданд ва ба волидайни онҳо барои ин талафоте, ки ҷояшон барои ҳамеша холӣ мемонад, чӣ қадар ҷубронпулӣ доданд? Ва чӣ қадар гул дар маросим буд, чӣ гуна ВАО онро инъикос мекард ва оркестр кадом наворо иҷро мекард ва чӣ гуна халқу мардум наваскаронро ба роҳи охират гусел карданд?

 

Оё рӯзи мотам ба хотири ин бачаҳои мо эълон гардид ва оё ҳукуматдорон дар мавриди беному нишон гумшудаҳо чизе гуфтанд? Охир шумораи онҳо низ кам нест-ку? Кай онҳоро пайдо мекунанд? Ва муҳимтар аз ҳама, ба ман бигӯед, ки оё ягон нафар барои фиристодани ин «ҷавонони навхат» ба набарди зидди гургон ҷазо мегирад ё не? Ё гунаҳкорон аллакай ҷазо гирифтаанду ман боз бехабар мондаам? Агар ҷазо гирифта бошанд, ҳаққашон ҳамин аст. Онҳо кайҳо бояд ҷазо дода мешуданд. Бераҳмона. Зеро кӯдакони мо барои беназмиҳо дар ҳукумат ҷони худро аз даст доданд. Маҳбусон аз маҳбас фирор карданд…бубахшед, онҳо фирор накарданд, ин фирор набуд, ин рафтан буд, мисли он ки ман аз хона барои сайругашт ба берун мебароям. 

 

Саросема нашуда, риш гирифта, сару рӯйи худро ба тартиб дароварда, атр карда, ҳамзамон сурудеро замзама намуда, кафшҳоро то ҷило додан ранг молида, такаббурона баромада меравам. 25 нафар аз дарҳои қариб боз беҳаёёна берун рафтанд. Ришҳо тарошида, озода, боназокат. Ва либосҳои касонеро пӯшиданд, ки бояд моро аз онҳо ҳимоя мекарданд. Бо силоҳҳои нафароне рафтанд, ки шояд ин вақт дар майхонаҳо нишаста, барои саломатии сари худу фоҳишаҳои яктина арақ мехӯрданд.

 

Дуруст карданд, ки ин палидонро ҷазо доданд. Охир агар дар сарҳои махмуру бепарво (барои низомӣ ин трибунал аст!), андеша на дар бораи ҳимояи ватан ва амнияти он, балки ҷамъ кардани сармоя ва сохтани бӯстонсароҳову коттеҷҳо бошад, агар симои пасти ахлоқии онҳо намешуд, мо имрӯз бачаҳои худро аз даст намедодем. 25 бача кушта шудааст! Ҳамин қадари дигар беному нишон гум шудаанд, ва агар пеши роҳи ин палидон ҳозир гирифта нашавад, онҳо ба меҳроби бехатарии худ, ки ба пули пучак ҳам намеарзад, қурбониҳои бештаре меоранд!

 

Ҷазо доданд ва хуб ҳам карданд, зеро зиндагии аблаҳона ва оромии онҳо, ки дар хобби сактаашон танҳо тасвирҳои рангоранги кошинкоришуда дар иҷрои аҷина аст, барои онҳо аз ҷони фарзандони мо дида азизтар мебошад. Хуб карданд, ки фарзандони моро боифтихор гӯр карданд ва қасамзадагонро ҷазо доданд, зеро ин қадар қаҳри осмонро овардан лозим нест! Офарин! Вале… Агар эҳтироми кӯдакони бегуноҳи ба қатл расида иҷро нашуда бошад ва қасамзадаҳо ҷазо нагирифта бошанд, чӣ? Агар оркестру суханрониҳо ва қатори мотамзадаҳо сароб бошад-чӣ?

 

Агар ин корҳо ба вуқӯъ напайваста бошанду кӯдакони бетаҷрибаро мисли халтаҳои ахлот якеро болои дигар ба мошин партофта, ба сардхонаи (морг) ифлоси полк оварда, хлор пошидаву фармони роҳбаронро дар бораи он ки бо ин бори даҳшатнок чӣ кор кунанд, интизор шуда бошанд-чӣ? Агар онҳо ҳоло ҳам онҷо бошанду бо даҳонҳои воз дар бораи одамият баъди марг фарёд зада истода бошанд ва чашмони нимкушодаи онҳо интизори дидани қомати хамшудаи модарон бошанд-чӣ? Ва агар ҳамин хел бошад, агар оркестр, суханронӣ, ашкҳо ва қаторҳои дар мотам саф кашида сароб бошанд-чӣ?

 

Агар ин хел бошад, пас, ҳамаи мо бояд дар оташи дӯзах бисӯзем! Онҳое, ки медонистанд дар он сардхонаи торик ҷасадҳои хокаи тунд пошида хобанд, ҳамон шаб чӣ гуна хобида бошанд? Ва кӣ бо кадом суханҳои тасаллиомез ба волидайни бадбахт бори даҳшатнокро супорид? Чӣ гуна дар ин бора фаҳмам? Ман боз посух меҷӯям. Телевизорро рӯшан мекунам. Экран аз ҳаяҷони хушбахтӣ пур аст.

 

Дар он сӯи экран марду зане бидуни шарму ҳаё мисли лӯъбатакони чинии ба кор даромада маро итминон додан мехоҳанд, ки аз ҷумаки хонаи ман оби соф равон аст ва ҳамин гуна солҳои минбаъда низ равон хоҳад буд. Ва он наметавонад, ки нарезад, зеро халқи «тоза» оби тоза менӯшад. Оддӣ карда гӯям, халқ чӣ гуна, обаш намуна. Ва инро гӯё худи Пан Ги Мун ҳам тасдиқ кардааст. Маро 5 дақиқа, 10, 15, 20 дақиқа мутмаин сохтан мехоҳанд. Вақте ки итминон доданд, ким-чизе дар бораи картошка, пиёз ва трактор ҳам илова карданд.

 

Ва дар анҷом як лӯъбатаки дигар дар бораи ҳавои софу бебориш хабар расонд ва  маслиҳат дод, ки ҳангоми дард кадом чизеро ба ҷои дард молидан зарур аст. Ҷои лӯъбатаконро мусиқӣ гирифт; тасвирҳои тағйирёбандаи табиат ва дастони сабуки муҳаррирон бароям хотиррасон карданд, ки ман дар як гӯшаи биҳишт зиндагӣ дорам. Ва гӯё онро барои ман Худованд арзонӣ доштааст. Хайр, биҳишт бошад биҳишт, фикр кардам ман. Аммо бачаҳо куҷо шуданд?

 

Чаро ин Барбиҳои телевизонӣ ба ман хабар надоданд, ки бо он бори даҳшатнок чӣ кор карданд? Кай, бо кадом роҳ ва чӣ гуна онҳо, бачаҳои қишлоқакҳои мо ба хок супорида шуданд? Маро бо Пан Ги Мун чӣ кор, агар ӯ қодир нест ғавчӯберо аз марзҳои кишвари ман бардорад? Ӯ барои ман авторитет нест, мисли ҳама гуна дигар дурӯғгӯёну лӯхтакчаҳо. Ӯ барои ман бегона асту ман барои ӯ. Ва чӣ қадар кӣ оби ҷумаки хонаи маро таъриф накунад, ман ҳеҷ гоҳ ӯро дӯст надорам. Ин обро ман менӯшам, на ӯ, бинобар ин, баҳои ин обро ман медонам на ӯ, бигзор, ки вай ҳатто Пан Ги Мун бошад.

 

Дили ман ба бачаяконе, ки бо зӯрӣ афсарони ҷоҳил аз ҷогаҳи гарм, ба ҷое, ки ба қавли шоир «хобҳои хуши биҳигӣ мебиданд», бурда шудаанд, месӯзад. Онҳо шояд бӯсаи аввалин, оғӯшу лабханди маҳбубаро орзу мекарданд. Ин кӯдакони хоболуду наомӯхтаро аз ҷойгаҳ барои он хезонданд, ки ба дами теғ фиристанд, анна ба онҳо дилам месӯзад. Рӯйхати ному насаб ва соли таваллудашонро мехонам; соли 1990, 1991, 1992 ва аз ҳама калонтарин соли 1986. Ман мефаҳмам, ки ин чист, зеро ман ҳам падарам.

 

Мо бо шӯри зиёд маҳбусони ба «саёҳат» рафтаро муҳокима кардем, аксҳояшонро чоп кардем, дар тарҷумаи ҳолашон моддаҳои Кодекси ҷиноятиро мӯшикофона илова намудем, гӯё, ки астронавтҳои қаҳрамонро ба Моҳ мефиристода бошем, аммо баракс, оромакак, шармгинона (агар  барои онҳое, ки дар ин кор масъуланд, шарм монда бошад), инҳоро, бачагони моро, мисли дуздони шабгард мегӯронем. Кор тавре пеш омад, ки ҷӯяндагон аз «астронавтҳо» бештар гунаҳкор шуданд, зеро онҳо худ ба худ сайру саёҳат доранду инҳо, ё Худои ман, аллакай мурдаанд. Ва ҷои тааҷҷуб нест, ки агар гурезаҳо дар пинҳонгоҳҳои худ марги кӯдакони моро шояд бештар аз касоне, ки онҳоро ба сӯи марг фиристоданду ба худ иҷоза надоданд, ки сазовор гӯронда шаванд, гиря карда бошанд.

 

Куҷоянд онҳое, ки барои оби тоза дар онҷое, ки ҷӯи хуни тоза мерезад, мубориза кунанд? Куҷоянд онҳое, ки инсониятро аз ташнагӣ наҷот медиҳанд, аммо наметавонанд ташнагии тоқатфарсои шаҳрвандони худро бишкананд? Куҷоед шумо чемпионҳои сафсаттагӯй, чаро онҷое, ки модарон бо тамоми садо шумову наздиконатонро лаънат мехонанд ва шояд орзу доранд чунин рӯзҳоеро, ки ҳоло пушти деворҳои нимвайронаи хонаҳои худ мегузаронанд, аз сар бигузаронед, нестед?

 

Ва ё шумо фикр мекунед, ки халқ барои шумо мисли чӯби оташ аст ва фарзандони мо вазифадоранд, ки барои манфиатҳои планҳои шумо бимиранд? Дар акси ҳол, бетарафӣ ва хотираи кӯтоҳи шуморо нисбат ба ҳазорон қурбонии ҷанги шармовар, умри ҳамватанони мо, ки фоҷиабор аз ҷониби скинхедҳо канда мешавад, онҳое, ки бо хуну арақи ҷабини худ номуваффақии сиёсиву иқтисодии шуморо ҷуброн мекунанд, чӣ гуна фаҳмем? Қурбониҳои Раштро бо кадом мантиқ сафед кардан мумкин аст?

 

Ба хотири чӣ ҷавонон кушта шуданд? Ба хотири ҷустуҷӯи роҳзанҳо? Агар ин тавр бошад лаънати худо ба онҳо бод, агар баҳои боздошташон мисли савдои арзи хориҷӣ бошад; 1 ба 2…1 ба 5 ва ғ. Лаънати абадӣ ба онҳо бод, агар зиндагии беарзиши онҳо умри кӯдаконеро, ки бояд фарзанд ба дунё меоварданду кишварро месохтанд, талаб карда бошанд. Бигзор дар оташи дӯзах сӯзанд, агар боздошти онҳо ин қадар гарон афтад, зеро тирҳое, ки аз камон сар медиҳанд, танҳо дилҳои моро маҷрӯҳ месозанд, на дилҳои онҳоеро, ки ин ҷанҷолро барангехтанду дар оянда ҳам бармеангезанд…

 

Ва кӣ ба ман мефаҳмонад, ки чаро дамдуздии мо сагеро ба ёд меорад, ки бо пойҳои қафо хокро болои г…ашон мепартоянд. Чаро? Барои он ки моро дӯст намедоранд ва аз ин сабаб моро боэҳтиром гӯр намекунанд. Вақте ки моро барои пора кардан ба ихтиёри палидон месупоранд, вақте ки кишварро миёни ҳам мисли дуздон тақсим мекунанд, вақте ки бешармона ба мо дурӯғ мегӯянд, вақте ки дар пеши чашмони фарзандони нимгуруснаи мо бидуни шарм қасрҳо месозанду боз дар бораи баробариву адолат сухан мегӯянд, аз онҳо имон талаб кардан амри маҳол аст.  

 

Онҳо ҳар он чизе, ки ба мову фарзандонамон мамнӯъ эълон медоранд, ба худу фарзандонашон иҷозат медиҳанд, ва боз бо тамоми муқаддасоти олам қасам мехӯранд, ки манфиатҳои моро ҳимоя мекунанд, э вой! Аммо дар айни ҳол моро таҳқир мекунанду фарзандонамонро мекушанд. Бад аст, зеро ба мо нафрат доранд! Ҳама кори Худост, ҳама чиз ҳам ба ӯ маълум аст. Танҳо Худо ҳама корро медонад. Ӯ ҳама чизро метавонад, аз ин рӯ, танҳо умед ба ӯст.

 

Ва танҳо дуо мекунем! Дуо мекунем ба арвоҳи кушташудагон ва қотилон ва онҳое, ки дар миёнаанд. Барои онҳое дуо мекунем, ки хиёнат карданд ва барои онҳое дуо мекунем, ки фурӯхта шуданд. Мо ҳама ба тавба  зарурат дорем, вагарна арвоҳи 25 нафар дар қиёмат моро  намебахшанд. Онҳое, ҳам, ки кушта шудаанд, ва баъди онҳо кушта мешаванд ва ё дар ин лаҳзаҳое, ки ман менависам кушта хоҳанд шуд. Биёед, тавба кунем, зеро эҳсос мекунам, ки  панҷаи қавии марг боло бардошта шудааст, то дари ҳар каси моро бикӯбад.

 

Барзу Абдураззоқ, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3231--l-r.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ