САФОРАТИ АМРИКО ДАРСИ ТИББӢ МЕДИҲАД
Дар давоми моҳи гузашта Сафорати Амрико тавассути Гурӯҳи робитаҳои шаҳрвандии қӯшунҳои ИМА, Вазорати тандурустӣ ва маркази саломатии «Проспект», ки дар Душанбе вокеъ аст, дар деҳаҳои Ҷилға, Чубек, Минтӯғай ва Ёл барномаҳои кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандонро (MEDCAP) гузаронид, ки дар ҷараёни онҳо ихтисоси духтурони маҳаллӣ такмил дода шуда зиёда аз 1,200 нафар ахолии деҳоти Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуд.
Вазорати мудофиаи ИМА зиёда аз 40 000 доллари ИМА таъмин намуда, барои назорат аз болои барномаҳои кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандон, ки аввали моҳи августи соли 2010 оғоз ёфтааст, ба Тоҷикистон Гурӯҳи робитаҳои шаҳрвандиро фиристод. Гурӯҳи робитаҳои шаҳрвандӣ ва ҳукумати Тоҷикистон бо кӯмаки маркази саломатии «Проспект» ва ширкати фармасевтии «Гарант» дар Душанбе барои шунавандагони маҳаллӣ оиди ташхис ва муолиҷаи бемориҳои маъмулие, ки тавассути об, хомӯшакҳо ва ғизо паҳн мешаванд, семинархои таълимӣ гузаронида, барои муолиҷаи ин бемориҳо дорувории заруриро таъмин намуд.
Барномаҳои кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандон (MEDCAP) дар ноҳияҳои Шӯробод ва Ҳамадонӣ аз қабили чандин лоиҳаҳое мебошанд, ки гурӯҳи робитаҳои шаҳрвандии қӯшунҳои ИМА пас аз моҳи маи соли 2010 оғоз ёфтани Барномаи робитаҳои шаҳрвандӣ дар Душанбе татбиқ менамояд. Лоиҳаи охирине, ки гурӯҳи мазкур амалӣ намудааст, барқарорсозии насоси обёрикунии қишлоқи Зарбдори ноҳияи Қумсангир мебошад, ки моҳи июни соли 2010 ба итмом расид.
Гурӯҳи робитаҳои шаҳрвандӣ тармими мактаби №10 ва беморхонаи №1 воқеъ дар ноҳияи Фархор ва мактаби №23 вокеъ дар ноҳияи Шӯрободро низ анҷом дод. Лоиҳаҳои мазкур аз қабили чандин лоиҳаҳое мебошанд, ки соли гузашта аз ҷониби Вазорати мудофиаи ИМА маблағузорӣ шудаанд ва маблағи умумии онҳо беш аз 490 000 доллари ИМА-ро ташкил мекунад. ИМА рушди соҳаҳои маориф ва тандурустиро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3258-2010-10-02-06-47-15.html