13:04:07 07-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/09_husnigul_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/09_husnigul_2147'

ДАРХОСТИ ОЗОДИИ ФАВРИИ ЯК ХАБАРНИГОРИ ТЕЛЕВИЗИЮН

Вакили мудофеъи Ҳуснигул Даминова, хабарнигори боздоштшудаи Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, аз мақомҳои додситонӣ ва қазоӣ дархости озодии ӯро кардааст. Қимат Розиева, ҳуқуқдони саршинос, рӯзи шанбеи 9 октябр бо ирсоли номае ба Додситони кулли Тоҷикистон аз ӯ хостааст, ки "ба далели мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят дар кирдори" муваккилаш, хонуми Даминоваро фавран озод ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯро мутаваққиф кунад.

 

Хонуми Розиева мӯътақид аст, ки боздошти ҳимоятшаванда ё муваккили ӯ ба таври ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Вай ҳамчунин мегӯяд, ки дар ҷараёни боздошт бархе аз ҳуқуқи муваккилаш аз сӯйи маъмурони интизомӣ помол шудааст.

 

Ихтилоф бо раиси кумита

Ҳуснигул Даминова беш аз шонздаҳ соли гузашта дар Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон кор мекард ва муддате масъули барномаи телевизиюнии "Инсон ва Қонун" буд. Вай ҳудуди ёздаҳ рӯз пеш дар манзили бародараш дар ноҳияи Фархор нопадид шуда ва танҳо баъд аз чаҳор рӯз пайвандонаш иттилоъ ёфтаанд, ки вай аз сӯйи маъмурони интизомӣ боздошт шудааст.

 

Давлаталӣ Даминов, бародари хонуми Даминова, дар ин бора ба Би-би-сӣ гуфт: ӯзи 28 сентябр шахсони номаълум омада, ӯро аз хонаамон бурданд. Мо хеле суроғ кардем, вале аз ӯ дараке наёфтем. Танҳо баъд аз чаҳор рӯз ба мо хатчае (аз худи Ҳуснигул) расид ва мо хабар ёфтем, ки вай дар маҳкама (боздоштгоҳ) аст."

 

Ба гуфтаи вакили мудофеъи Ҳуснигул Даминова, боздошти муваккили вай дар пайи шикояти Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию-телевизиюни давлатии Тоҷикистон, сурат гирифтааст. Оқои Раҳмонов пас аз ҷанҷоле, ки байни ӯ ва хонуми Даминова дар дафтари корияш ба вуқӯъ пайваста, ин хабарнигори кумитаи родию ва телевизиюнро, ки мудирияти шӯъбаи назоратии барномаҳои Бозрасии давлатии родию-телевизиюниро ба ӯҳда дошт, ба "авбошӣ" муттаҳам кардааст.

 

Ҳамакнун парвандаи хонуми Даминова дар дасти мақомҳои додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва худи ӯ дар боздоштгоҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Қимат Розиева, вакили мудофеъи Ҳуснигул Даминова, ихтилоф ва хусумати шахсиро ангезаи аслии шикояти раиси Кумитаи родию ва телевизиюни давлатӣ алайҳи ин хабарнигор медонад.

 

Вай рӯзи шанбе пас аз дидор бо муваккилаш дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Аксарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ медонанд, ки чанд вақт боз Ҳуснигул Даминова бо раҳбари кумитаи родию ва телевизиюн баҳсу ихтилоф доранд. Сабаби пайдо шудани хусумат миёни онҳо ба муваккили ман надодани манзили истиқоматист, ки беш аз 16 сол боз дар кумитаи родию ва телевизиюн кор мекард."

 

Ба гуфтаи хонуми Розиева, раиси кумитаи родию ва телевизиюн қаблан ду маротиба хонуми Даминоваро "ба таври ғайриққонунӣ" аз шуғлаш барканор карда буд ва яке аз фармонҳои ӯро Додситонии кулли Тоҷикистон ботил эълом кардааст. Ҳамчунин, баъд аз барқарорӣ ба вазифаи худ, ин хабарнигори телевизиюни давлатӣ ҳеч гуна ҷуброни зарари маънавӣ барои "барканории ғайриқонунии" худ дарёфт накарда ва баръакс, ҳамвора бо мавонеъ ва мушкилоти тозае дар маҳалли кори худ рӯбарӯ шудааст.

 

Шикоятҳо ба раиси ҷумҳур

Ҳуснигул Даминова аз раиси кумитаи родию ва телевизиюн ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ шикоятҳое бурда, вале дафтари раёсати ҷумҳурӣ шикоятҳои ӯро барои санҷиш ва баррасӣ дубора ба Асадулло Раҳмонов ирсол кардааст. Оқои Раҳмонов дар посух ба шикоятҳои хонуми Даминова аз ҷумла навиштааст: "Ваҷҳҳои дар ариза омада нисбати роҳбарияти Кумита тӯҳмат буда, ягон заминаи ҳуқуқӣ надорад."

 

Вай ҳамчунин бо ишора ба муқаррароти Қонуни ҷиноии Тоҷикистон хонуми Даминоваро ҳушдор додааст, ки "барои тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки обрӯю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меорад, кас ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад."

 

Ба навиштаи оқои Раҳмонов, роҳбарияти кумитаи родию ва телевизиюн ин хабарнигорро "барои мунтазам вайрон кардани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва бе сабабҳои узрнок прогул кардан" дар чорчӯби қавонини Тоҷикистон аз вазифа озод кардааст. Вакили мудофеъи Ҳуснигул Даминова мегӯяд, ки вазъи равонии вай дар боздоштгоҳ бад аст ва ӯ аз бемории равонӣ ранҷ мебарад. Пайвандони вай сабаби бемории ӯро афсурдагӣ ва мушкилоти ношӣ аз фишор ва нақзи ҳуқуқи вай дар маҳалли кораш медонанд.

 

Дар зарфи ду ҳафтаи ахир ду тан аз кормандони Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон боздошт шудаанд. Қаблан, маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Ҳабибулло Ташрифов, раиси бахши тиҷоратии ин кумитаро ба иттиҳоми ришвагирӣ боздошт карда буданд. Ҳуснигул Даминова танҳо хабарнигоре нест, ки мақомҳои додситонӣ ва қазоӣ фармонҳои барканории ӯ аз сӯйи раиси кумитаи родию ва телевизиюнро дар гузашта ботил кардаанд.

 

Зарина Абдулвоҳидова, раиси бахши форсии "Овози тоҷик", родиюи бурунмарзии Тоҷикистон ҳам, ки ба забонҳои хориҷӣ барнома пахш мекунад, дар моҳи марти соли ҷорӣ бо фармони Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, аз симаташ барканор шуда буд. Аммо дар тобистони гузашта додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баъд аз баррасии шикояти хонум Абдулвоҳидова фармони раиси кумитаи родию ва телевзиюнро ботил хонда ва кумитаро муваззаф кард, ки ин корманди худро дар симати пешинаш ибқо созад.

 

БОЗДОШТИ ЯК МАҚОМИ КУМИТАИ РОДИЮ ВА ТЕЛЕВИЗИЮН

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3317-2010-10-09-17-18-56.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854