12:15:34 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПОКСОЗИИ МИНҲО: МАСЪАЛАЕ ҶИДДӢ ДАР МИНТАҚА

Садафмои 32-сола, сокини ноҳияи Шӯрообод, дар ҷануби Тоҷикистон, дар соли 1995, дар рӯзи ҷашни арӯсиаш бо мин бархӯрд кард ва аз як пойи худ маҳрум шуд.

Вай мегӯяд, "Маро аз рустои худам тавассути як масири кӯҳистонӣ ба хонаи шавҳарам, ки дар Дарвоз воқеъ буд, мебурданд ва мо бо мин бархӯрдем. Дар он рӯз, ки бояд зеботарин ва хушбахттарин рӯзам мешуд, ман аз пойи худ маҳрум шудам ва чаҳор нафари дигар, аз ҷумла модарам, захм бардоштанд."

Пас аз он рӯз Садафмо тӯли як сол панҷ бор ҷарроҳӣ шуда ва боре ҳам бо кумаки Федеросюни Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ ба яке аз бемористонҳо дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мунтақил шуд. Дар он ҷо пас аз муъолиҷа вай бо пойи сунъӣ ба Тоҷикистон баргаштааст.

Садафмо мегӯяд, интизор надошт, ки шавҳараш ӯро бо пойе сунъӣ қабул кунад, вале чунин шуд ва шавҳараш ӯро бо суру шодӣ ба хонааш бурд.

Аммо Садафмо афзуд: "Вале шодии ман зиёд тӯл накашид, зеро хонаводаи шавҳарам натавонистанд арӯси маълулро зиёд дар хонаи худ нигаҳбонӣ кунанд. Ва ҳоло ман бо як фарзандам дар хонаи волидонам зиндагӣ мекунам."

Дар ҳоле ки беш аз 15 сол пеш гурӯҳҳои мусаллаҳи давлат ва мухолифон бидуни машварат бо касе барои маҳви ононе, ки "душман" мехонданд, дар манотиқи зиёде дар шарқи Тоҷикистон минҳои зидди нафарро гӯр карданд, асароти ногувори он то ҳол дар сарнавишти афроде монанди Садафмо боқист.

Вале ин мушкил танҳо мушкили Садафмо ва осебдидагони дигар аз мин нест. Ҳамакнун душвории аз миёни бурдани минҳои баосонӣ гузошташуда ба масъалае ҷиддӣ бадал шуда ва мавзӯъи ҳамоишҳое байналмилалӣ ва минтақаӣ, монанди ҳамоиши рӯзи 7 июл дар Душанбе воқеъ шудааст.

Ҳамоиши мавсум ба “Осиёи Марказии бидуни мин” дар шаҳри Душанбе дар ҳоле баргузор шуд, ки се кишвари минтақа, яъне Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон то кунун ба паймони манъи минҳои зидди нафар напайвастаанд.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш аз се кишвари минтақа дархост карданд, ки ба Кунвонсиюни байналмилалии манъи минҳои зиддинафар бипайванданд. Аммо мақомоти зидахли Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар ҳамоиши Душанбе ҳузур надоштанд.

Бар асоси муфодди Қарордоди манъи минҳои зидди нафар, ҳар кишвар то даҳ сол пас аз имзои он бояд минҳои худро нобуд ва қаламрави худро аз мин пок кунад.

Бо дарназардошти ин амр, Тоҷикистон бояд манотиқи мингузоришудаи худро то соли 2010 пок созад. Вале ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, ки барои анҷоми ин кор боз ба 9 солу 10 моҳ ниёз дорад.

Масъулони Корзори Байналмилали Манъи Минҳо, як ниҳоди байналмилалӣ, аз Тоҷикистон даъват карданд, то замони изофӣ барои анҷоми барномаи минрӯбии худро коҳиш бидиҳад.

Вале Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси маркази минрӯбии Тоҷикистон, гуфт, ки бо васоил ва кумакҳое, ки дар ҳоли ҳозир ин кишвар барои анҷоми барномаи минрӯбии худ дарёфт мекунад, ин амр дар муддати камтар аз ҳудуди 10 сол ғайримумкин хоҳад буд.

Дар ҳамоиши Душанбе гуфта шуд, ки вазъияти минҳои зидди нафар беш аз ҳама дар Афғонистон нигаронкунанда аст. Ба гуфтаи Фирӯз Ализода, масъули Корзори Байналмилалии Манъи Минҳо дар Афғонистон, дар ин кишвар ҳар моҳ дар асари бархӯрд бо мин то 60 нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Афғонистон низ дар мавриди тамдиди мӯҳлати барномаи минрубӣ дар ин кишвар дархост кардааст. Давраи нахусти барномаи нобудсозии мин дар Афғонистон дар моҳи марти соли 2013 ба поён мерасад.

Масъулияти кишварҳои минтақа

Бахтиёр Бегмуродов, ҳамоҳангсози Корзори Байналмилалии Манъи Минҳо дар Тоҷикистон, гуфт, ки кишварҳои минтақа дар иҷрои Кунвонсиюни байналмилалии манъи минҳои зиддинафар ширкати фаъоле надоранд.

Зеро аз шаш кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ, яъне Тоҷикистон, Афғонистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон се кишвари ахир ба ин кунвонсиюн напайвастаанд.

Ин дар ҳолест ки кишварҳое, ки ба ин қарордод напайвастаанд, худ аз замони Шӯравӣ минҳои зиддинафари зиёде ба мерос гирифтаанд ва ин амр мавриди нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва мухолифони истифода аз ин минҳо будааст.

Бо дарназардошти ин амр, ширкаткунандагони ҳамоиши Душанбе аз ин кишварҳо даъват намуданд, ки фавран ба нобудсозии куллия захоири минҳои зиддинафарии худ иқдом кунанд.

Тибқи иттилоъи масъулони Корзори Байналмилалии Манъи Мин, Қазоқистон ва Қирғизистон ба далели ин ки мӯҳлати истифода аз минҳои мавҷуд дар қаламрави онҳо базудӣ ба поён мерасад, омодаи баррасии мавзӯъи аз байн бурдани онҳо ҳастанд.

Онҳо мегӯянд дар мавриди ин, ки оё дар Қазокистон минҳои зиддинафар ҷо гузошта шудаанд ё хайр иттилоъоти зидду нақизе дарёфт мешавад. Оқои Бегмуродов гуфт: “Вале даҳҳо ҳазор мине, ки Ӯзбакистон дар манотиқи марзии худ бо Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон ҷо гузоштааст, то ҳол қурбониёне бар ҷой мегузорад.”

Охирин маврид аз бархӯрди як нафар аз атбоъи Тоҷикистон дар марз бо Ӯзбакистон дар поёни ҳафтаи гузашта гузориш шуд. Тибқи ин хабар, як сокини минтақаи Фароби ноҳияи Панҷакент дар асари бархӯрд бо мин ҷони худро аз даст додааст.

Барномаи минрӯбӣ дар Тоҷикистон 

Тибқи иттилоъи масъулони Маркази минрӯбии Тоҷикистон, аз соли 1999 бад-ин сӯ танҳо дар қаламрави Тоҷикистон бар асари бархӯрд бо минҳое, ки тавассути Ӯзбакистон дар манотиқи марзӣ ҷо гузошта шудаанд, 71 шаҳрванди Тоҷикистон кушта, 87 нафар маҷрӯҳ ва беш аз 2000 сар чорво нобуд шудааст.

Зимнан, дар Тоҷикистон аз соли 1992 бад-ин сӯ дар маҷмӯъ 346 нафар дар асари бархӯрд бо мин кушта ва 425 нафар захмӣ шудаанд. Теъдоди зиёде аз ин афрод дар манотиқи марзии мингузоришуда тавассути нерӯҳои давлатии Ӯзбакистон бо мин бархӯрд кардаанд.

Вале иддаи дигар дар маҳаллоте дучори ин ҳодиса шудаанд, ки аз замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон тавассути нерӯҳои давлатӣ ва мухолифон мингузоррӣ шуда буданд.

Дар ин кишвар се минтақа - марказӣ, манотиқи марзӣ бо Ӯзбакистон ва манотиқаи марзӣ бо Афғонистон, аз ҷумлаи манотиқи минкоришуда маҳсуб мешаванд.

Масъулони Маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоле ки нақшаҳои арозии минкоришуда дар манотиқи марказӣ ва марзи миёни ин кишвар бо Афғонистон қисман дар дасти онҳо ҳаст, вале онҳо ҳеҷ нақшае аз манотиқи минкоришуда тавассути Ӯзбакистон дар ихтиёр надоранд.

Ҳарчанд аз оғози барномаи минрӯбӣ дар Тоҷикистон дар соли 2004 беш аз 7000 мин безарар карда шудааст, вале ҳануз ҳудуди 50 милюн метри мураббаъ аз арозӣ дар ин кишвар бояд аз мин поксозӣ шавад.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi