ТОҶИКИСТОН АЗ АЪМОЛИ ӮЗБАКИСТОН ШИКОЯТ ХОҲАД БУРД
Ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” дар садад аст мавзӯъи мутаввақиф шудани вогунҳои бории худ дар ҳудуди Ӯзбакистонро дар ҷаласаи ширкатҳои Роҳҳои Оҳани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақиқли Муштаракулманофеъ (ИДММ) ва Болтик матраҳ кунад. Ин ҳамоиш рӯзи чаҳоршанбеи 20 октябр дар шаҳри Вилюнси Литвонӣ шурӯъ шуда ва ду рӯз идома хоҳад кард.
Ҳамзамон, Усмон Қаландаров, муъовини раиси ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” таъкид кард, ки масъала танҳо дар сурати ҳузури раиси ширкати “Ӯзбакистон темир йӯлларӣ” баррасӣ мешавад. Гуфта мешавад, дар ҷаласаи қаблии ширкатҳои Роҳҳои Оҳани кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Муштаракулманофеъ ва Болтик дар баҳори соли ҷорӣ ҳайати Ӯзбакистон ширкат надошта ва аз ин лиҳоз мушкилоти тронзитӣ аз тариқи ин кишвар баррасӣ нагардид.
Ба гуфтаи оқои Қаландаров бо вуҷуди музокироти зиёд дар сутӯҳи мухталифи давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон дар ҳалли мушкили ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон тавассути ҳудуди Ӯзбакистон пешрафти чашмгире ҳосил нашудааст. Бино ба иттилоъи ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” то ҳол беш аз 1000 вогуни бории Тоҷикистон дар истгоҳҳои роҳи оҳани Ӯзбакистон гир мондаанд.
Масъулони ин ширкат хабарҳо мабнӣ ба ворид шудани 9 вогуни ҳомили маводу таҷҳизот барои неругоҳи Роғунро рад карданд. Таъкид шуд, ки аз моҳи феврали соли ҷорӣ то ба ҳол ҳеч гуна вогуни борӣ аз тариқи Ӯзбакистон барои неругоҳи Роғун нарасидааст. Пештар Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфта буд, ки дар пайи музокирот бо ҳамтоёни ӯзбак, тавофуқ шудааст, ки вогунҳои ҳомили коло ва маводд барои “Роғун” ба Тоҷикистон мунтақил мешаванд.
Мақомоти роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд ба далели мушкилоти тронзитӣ аз тариқи Ӯзбакистон мизони ҳамлу нақли коло дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли гузашта 43 дар сад ё ҳудуди 3 милюн тун коҳиш ёфтааст. Дар ин давра теъдоди мусофирон низ дар қаторҳои Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта 84 ҳазор нафар кам шудааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи ширкати “Роҳи Оҳани Тоҷикистон” то ҳол ба ин ниҳод аз тоҷирону ширкатҳо дар мавриди гум шудани колоҳо 373 шикоят ворид шудааст, ки ҳазинаи умумии ин колоҳо 433 ҳазор дулори омрикоӣ будааст. Дар назар аст, дар ҷаласаи истинофии ширкатҳои Роҳҳои Оҳани ИДММ ва Болтик, ки қарор аст дар моҳи оянда дар шаҳри Еревони Арманистон баргузор шавад, ин шикоёт ба ҷониби Ӯзбакистон ироа шавад. То ҳанӯз шикоёти Тоҷикистон дар заминаи рафъи маҳдудияти ҳаракати вогунҳои ин кишвар тавассути Ӯзбакистон натоиҷе дар пай надоштааст.
Тоҷикистон ин мавзуъро дар Созмони Миллали Муттаҳид низ матраҳ кардааст. Аз аввали соли ҷорӣ таъвиқи ҳаракати вогунҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон ба мавзӯъи доғе дар равобити миёни ин ду кишвар табдил шуда аст. Тоҷикистон аз лиҳози иртибототи заминӣ, ба хусус шабакаи роҳи оҳан дар инзиво қарор дорад ва бештари маводу колои мавриди ниёзи худро бо истифода аз шабакаи роҳи оҳани Ӯзбакистон ворид мекунад.
Мавзуъи бурузи мавонеъ дар роҳи интиқоли мавод аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон дар соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистонро водор кардааст олтернотивҳоеро барои масири интиқоли мавод аз тариқи Ӯзбакистон ҷустуҷӯ кунанд. Аз ҷумла тавофуқоте дар заминаи эҳдоси роҳи оҳан аз Чин то Эрон аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон сурат гирифтааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3389-2010-10-20-17-39-20.html