21:21:22 22-уми Майи 2025 сол

САРНАВИШТИ НОРУШАНИ ЖУРНАЛИСТИ ЗИНДОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН

Ҳуснигул Даминова, муаллифи барномаи маъруфи «Инсон ва қонун»-и телевизиони давлатии Тоҷикистон, наздики як моҳ мешавад, ки бо иттиҳоми амали авбошӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ, ё СИЗОИ шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Қарор буд, додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба баррасии ин парванда оғоз намуда, ҳукми худро дар мавриди амали авбошии ин журналист эълон мекард. Аммо бо сабабҳои норушане то кунун ҷараёни тафтишотии Ҳуснигул Даминова идома дорад ва худи ӯ дар боздоштгоҳ нигаҳ дорӣ мешавад.

 

husnigulДодраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Умед Сайфиддинов дар робита мегӯяд, то замоне, ки Ҳуснигул Даминова ба давъватҳои муфаттиш барои анҷоми тафтиши пешакӣ сарпечӣ намекард, дар озодӣ ба сар мебурд. Вале баъди он, ки ӯ бидуни шарҳу тавзеҳ ҳозир нашуд ва ҷараёни тафтиши пешакӣ бенатиҷа монд, онҳо маҷбур шудаанд, ки ӯро ба СИЗО баранд. Додрас меафзояд, парвандаи хонум Даминова то ҳол ба додгоҳ ворид нашудааст ва имкон дорад, дар рӯзҳои наздик фиристода шавад.

 

Ба қавли ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфов, қонуни нави ҷиноии Тоҷикистон ин ҳақро дар ҷараёни бозрасии тафтиши пешакӣ додааст, ки дар сурати ҳозир нашудани айбдоршаванда бидуни шарҳу тавзеҳи пешакӣ мешавад онро ба ҳабс дар боздошти муваққатӣ гирифт. Аммо Қиматгул Ризоева, вакили мудофеи хонум Даминова, мегӯяд, ки зерҳимояааш бемории руҳӣ дорад ва дар боздоштгоҳ нигоҳ доштан ангезаи бемории ӯро доман мезанад ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ барои анҷоми тафтишоти мунсифона мусоидат нахоҳад кард.

 

Баҳс сари хобгоҳ

Ба қавли вакили мудофеи хонум Даминова, баҳси Ҳуснигул бо раиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон сари хобгоҳҳои ин кумита даргирифтааст, ки барои кормандони ин идора дар соли гузашта тақсим карда шудааст. Барои муҷаррадӣ ба хонум Даминова манзили якутоқа додаанд, вале замоне, ки ӯ даъвои хонаи дуутоқа кардааст, баҳси тунде бо раиси кумитаи телевизион Асадулло Раҳмонов ба бор омадааст ва хонум Даминоваро аз Кумитаи радио ва телевизион хориҷ кардаанд.

 

Як корманди телевизон, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, гуфт, хонум Даминова барои шарҳи асли масъала хостааст, ба қабулгоҳи раиси кумита ворид шавад, вале посбонҳо ба ӯ иҷоза надодаанд. Вақте дар даромадгоҳ бо асабоният раиси кумитаро дашном додааст, милисаҳои даромадгоҳ садои ӯро забт карда, наворро ба раиси Кумита таслим намудаанд.

 

Ба қавли ҳамин ҳамсӯҳбати мо, хонум Даминова рӯзи дигар бидуни иҷозаи милисаҳои даромадгоҳ ба утоқи раиси кумита ворид шуда, баҳси тезутунд кардааст. Дар пайи ин баҳс Асадулло Раҳмонов ба бахши умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст, ки дар натиҷа алайҳи Даминова барои амали авбошӣ парванда боз кардаанд.

 

Назари Додситони кулл

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар нишасти ахири матбуотии худ дар робита ба ин парванда гуфт, ин бори дуввум аст, ки Ҳуснигул Даминова боздошт мешавад. Бори аввал ӯ раҳо карда шуд, аммо ин навбат пас аз дашномҳои қабеҳ ба кормандони милиса алайҳи хонум Даминова парванда боз карда шудааст.

 

Аммо адвокати хонум Даминова Қимат Ризоева мегӯяд, ки муносибати раҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ӯро ба ин ҳолат кашонидааст ва ҳоло наворе, ки онҳо барои айбдории Ҳуснигул дар даст доранд, маълум нест, ки воқеист ё маснуӣ. Вале додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур мегӯяд, ки қонуни нави кайфарии Тоҷикистон барои амали авбошӣ ҷазои то панҷ соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.

 

Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3422-2010-10-25-18-23-19.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ