21:01:18 22-уми Майи 2025 сол

РАИСИ ШАҲР БА «МӮҲРАБИЗНЕС» РОҲ НАМЕДИҲАД

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 63 нафар шаҳрвандонро, ки бо арзу шикоят ба шаҳрдорӣ муроҷиат кардаанд,  ба ҳузур пазируфт. Дар байни онҳо 15 нафар аз номи 71 нафар муштариён - саҳмгузорони сохтмони манзилҳои истиқоматии ҶДММ «Мовароуннаҳр» буданд, ки бо аризаи дастаҷамъона барои ҳалли мушкилоташон ба Раиси шаҳр муроҷиат карданд.

 

ubaydulloevИн шахсон бо гузашти мӯҳлати шартномавӣ  хонаҳояшонро соҳиб нашудаанд, Дар робита бо назардошти иҷтимоият ва ба  баҳси судӣ  вобаста будани масъалаи мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе аризаи дастҷамъона  ба баррасии прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуд. Таъкид гардид, ки ҷараёни пажӯҳиши масъала зери назорати шахсии Раиси шаҳр қарор гирифта, ба такрор шудани  ҳолате ба минволи  «мӯҳрабизнес» дар миқёси пойтахт роҳ дода намешавад.

 

Тибқи тартиби ҷорӣ дар моҳи равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули шаҳрвандоне, ки дар тӯли моҳ муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд, баргузор шуд.

 

Назар ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳр Шавкат Саидов, мӯҳтавои муроҷиати шаҳрвандонро асосан масъалаи  баҳси манзили шахсӣ, дастрасӣ ба манзили истиқоматии иҷоравӣ, қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматии индивидуалӣ ва кӯмакҳои тиббию молиявӣ  ташкил медод, ки вобаста ба салоҳияти шаҳрдорӣ нисбат ба ҳар кадомашон тадбир андешида шуд.

 

Марзия Саидова, АМИТ «Ховар»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3423----lr--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ