КӮМАКИ ТИБИИ САФОРАТИ ИМА БА ТОҶИКИСТОН
Ҷонишини сафири ИМА дар Тоҷикистон Ниша Квост дар маросими таҳвили кӯмаки башардӯстона ба мардуми Тоҷикистон ба маблағи тахминан 8,9 миллион доллари ИМА, ки аз ҷониби лоиҳаи Хоуп интиқол дода шудааст, ширкат варзид. Маросим дар беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав сурат гирифт.
Кӯмаки башардӯстона, ки аз дорувории антибиотик, табобати дилу рагҳои он, чашм, ва бемориҳои рӯҳӣ ба маблағи 6,2 миллион доллар ва ваксинаҳои зидди бемории домана ба маблағи 2,7 миллион доллар иборат буда ба беморхонаҳои Тоҷикистон барои истифодаи ройгони мардум тақсим карда мешаванд. Доруҳоро ширкатҳои хусусии фармасевтии ИМА тақдим намуда Лоиҳаи Хоуп ҳамлу нақл ва таҳвили дорувориро бо Департаменти давлатии ИМА, ширкати Heart to Heart Inc ва барномаи кӯмаки башардӯстона (CHAP) ташкил ва ҳамоҳанг сохтааст.
Лоиҳаи Хоуп ва Вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои тиббиро ба 14 беморхона ва муассисаҳои дигари тиббии Тоҷикистон интиқол медиҳад. Ваксинаҳои зидди бемории домана аз ҷониби ширкати Sanofi бо дархости Вазорати тандурустӣ саховатмандона тақдим шудаанд. Лоиқаи Хоуп 50000 ваксинаро интиқол додааст, ки ба мардуми деҳоти дурдасти Тоҷикистон таҳвил дода мешаванд.
Ин интиқоли саввуми ҳавоие мебошад, ки лоиҳаи Хоуп соли равон иҷро намудааст. Аз соли 2002 инҷониб лоиҳаи Хоуп ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 242 000 000 доллари амрикоӣ маводҳои тиббӣ ва доруворӣ таъмин намудааст, омадааст дар хабари сафорати ИМА ба расонаҳои хабарии Тоҷикистон.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3455-2010-10-29-18-17-22.html