ЭЪТИРОЗИ СОКИНОНИ ҲУШЁРӢ БА ШИРКАТИ IRS
Субҳи сешанбе, сокинони мавзеи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дар 40 километрии шаҳри Душанбе, иборат аз даҳ нафар ба намояндагӣ аз 300 сокини норозии ин мавзеъ дар мавриди роҳпулии гузаргоҳҳои ширкати IRS, аз ҷониби мақомоти ҳукумати ноҳияи Варзоб пазируфта шуданд.
Намояндагони ҳукумати ноҳия ва масъулони ширкати IRS ба шикояти сокинони Ҳушёрӣ масъалаи мавҷуд, яъне гаронии роҳпулиро баррасӣ карда ваъда додаанд, ки дар зарфи як моҳ роҳи ҳали масъаларо пайдо хоҳанд кард. Ширкати IRS тасмим гирифтааст, ки дар зарфи як моҳ наҳваи рафтуомади ройгонро дар ду гузаргоҳи худ барои мардуми Ҳушёрӣ таҳия кунад.Тибқи ваъдаи ширкати IRS, барои мактаббачагони ин мавзеъ гузаргоҳи алоҳидаи бепулро таъмин хоҳанд кард.
Шоми дирӯз дар назди гузаргоҳи дуввуми ширкати IRS ҳудуди 300 нафар сокинони Ҳушёрӣ эътироз намуда талаб намуданд, ки барои убуру мурури сокинони ин маҳал имтиёзот дода шавад. Барои аз Ҳушёрӣ то Душанбе расидан бояд аз ду тарозуи ширкати IRS гузашт, ки рафтуомад барои як мошин ҳудуди 10 сомониро ташкил медиҳад ва сокинони Ҳушёрӣ мегӯянд, дигар тавони аз ин роҳ бо мошинҳои худ гузаштанро надоранд. Ин барои дуввумин бор аст, ки сокинони Ҳушёрӣ аз пулакӣ шудани роҳ эътироз мекунанд.
Нахустин таҷрибаи роҳи пулакӢ
Душанбе – Чаноқ нахустин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст, ки пулҷамъкунӣ дар масири он зимни ифтитоҳи расмии он дар аввали моҳи апрел оғоз шуд. Тибқи нархномаи қаблӣ роҳи Душанбе-Чаноқ, қимати убури ҳар як километри роҳ барои мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳо - 30 дирам, автобусҳо ва мошинҳои боркаши бо вазни то 7 тонна – 60 дирам, мошинҳои боркаши бо вазни то 14 тонна – 1,5 сомонӣ муайян шуда буд.
Истифода аз ин шоҳроҳ барои васоити нақлиёти мақомоти интизомӣ, ёрии таъҷилӣ, сӯхторхомӯшкунӣ ва ниҳодҳои наҷотдиҳӣ бепул хоҳад хоҳад буд. Роҳи Душанбе –Чаноқ пас аз баррасиҳо дар парлумони кишвар ва қабули як қонун пулакӣ эълон шуд. Шоҳроҳи мазкур 410 километр тӯл дошта, аз Душанбе оғоз мешавад ва дар марзи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар минтақаи сарҳадии мавсум ба Чаноқ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд поён меёбад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз пулакӣ кардани ин роҳ пардохти қарзҳои давлати Чин аст, ки дар навсозии шоҳроҳ масраф шудаанд. Роҳи Душанбе-Чаноқро ширкатҳои чинӣ бо сармояи 281 миллион доллар навсозӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар оянда як қатор шоҳроҳҳои дигари кишварро низ тармим ва пулакӣ кунанд.
Innovative Road Solutions - дар паноҳи кист?
Ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки худро як ширкати Бритониёӣ муаррифӣ мекунад, системаи хидматрасонии толингии роҳи Душанбе – Чаноқро бар ӯҳда дорад. Фаъолияти ин ширкат тибқи созиши он бо ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тасвиби порлумон низ расидааст, сурат мегирад.
Ин ширкат ба иддаъои худаш як ширкати бонуфузи хориҷст, ки бо чандин давлати дунё ҳамкорӣ дорад. Аммо мақомоти он аз ифшои шарикони хориҷии худ худдорӣ мекунанд. Аз сӯи дигар маълумотҳое мавҷуд аст, ки ин ширкат дар соли 2009 дар минтақаи офшори ҷазираҳои Верҷиния номнавис шуда ва таҷрибаи кории собиқа надорад. Ва муассисони он ҳам аслан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3481------irs.html