13:54:05 02-уми Июни 2025 сол

ДОНИШГОҲИ КӮЛОБ ТАҚОЗОИ ВАЗОРАТИ МАОРИФРО РАД КАРД

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба тақозои Вазорати маорифи Тоҷикистон дар мавриди ба додгоҳ кашидани донишҷӯёне, ки пас аз хатми таҳсил ба касби омӯзгорӣ рӯ намеоранд, посухи рад додааст. Пештар, Вазорати маорифи Тоҷикистон аз Донишгоҳи Кӯлоб хоста будааст, то донишҷӯёне, ки аз буҷаи ҳукумат таҳсил намуда, пас аз хатми Донишгоҳ ба макотиби миёна барои омӯзгорӣ нарафтаанд, ба додгоҳ шикоят кунад.

 

«Шогирдро ба додгоҳ набояд кашид»

 

ibodovАммо Маҳмадулло Ибодов, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, ки онҳо бо далели хилофи қавоиди педагогӣ будани ин амр аз иҷрои он даст кашидаанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо маълум кардаанд, ки донишҷӯён бо сабаби муҳайё нашудани шароит аз сӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ омӯзгориро пеша намекунанд. Ӯ мегӯяд, барои ҳали ин мушкил агар имтиёзҳои омӯзгорони ҷавон, аз қабили додани замин барои бунёди манзили зист, иҷро шавад, дигар ҳоҷати зӯран ба омӯзгорӣ ҷалб кардани хатмкунандагон боқӣ намемонад.

 

Вай афзуд: «Ҳангоми сӯҳбат бо вазир дар донишгоҳ мо гуфтем, ки ин кор натиҷа намедиҳад. Шогирдеро, ки 5 сол тарбия кардаем, боз бо ӯ судбозӣ кунем, ин хилофи педагогика ҳаст. Аз ин рӯ, бояд бо ҳукуматҳои маҳаллӣ сӯҳбат кард, ки имтиёзҳоро ба омӯзгорон бидиҳанд. Соли гузашта 75 фоизи хатмкунандагони Донишгоҳи мо ба омӯзгорӣ ҷалб гардиданд, бе ягон маҷбурсозӣ

 

Дилсардии омӢзгорони ҷавон

Сафар, як хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, мегӯяд, воқеан, маоши паст ва бархӯрдор набудан аз имтиёзҳо боис мешавад, то хатмкунандагон ба касби омӯзгорӣ ҷалб нашаванд. Ӯ мегӯяд: «Ваъда медиҳанд, ки пас аз омӯзгори деҳот шудан замину дигар имтиёзҳо медиҳем, вале барои замин гирифтан хуни дил мехӯрӣ намедиҳанд. Инак, худи ман ду сол шуд, дар деҳа омӯзгорам, вла ҳеҷ нест, ки замин диҳанд. Чанд бор ариза ҳам навиштаам.»

 

Вафои Ҷурахон, як омӯзгорӣ ҷавони дигар мегӯяд, бо маоши омӯзгорӣ имкони зиндагии роҳат вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, онҳо маҷбуранд, вақти ками худро ба омӯзгорӣ сарф намуда, ба корҳои дигари даромаднок банд шаванд. Вай афзуд: «Худи ман маҷбурам, ки барои  пайдо кардани маблағ аз забони англисӣ иловагӣ дарс диҳам ва ба корҳои дигари ҷамъиятӣ машғул шавам. Шавқи омӯзгорӣ дорам, вале танҳо бо пули омӯзгорӣ зиндагӣ намешавад.»

 

Касби омӮзгорӢ шӮҳраташро бохтааст

Дар ҳамин ҳол, Зарторбӣ Табарова, як равоншинос мегӯяд, таи 15 соли ахир касби омӯзгорӣ ҳамчун касби пурифтихор бо далели маоши паст шӯҳраташро бохтааст. Хонум Зарторбӣ мегӯяд, кор то ҳадест, ки бархе аз ҷавонон аз омӯзгор шудан шарм медоранд. Аз сӯи дигар ба қавли ӯ, на ҳама донишҷӯён ба хотири омӯзгор шудан вориди Донишгоҳ мегарданд.

 

Ӯ афзуд: «Барои ин бояд аз аввал ҳамонҳоеро ба сафи донишҷӯи қабул кунем, ки дар ҳақиқат шавқи омӯзгорӣ доранд. Давоми 5 сол ҳам, мо омӯзгорон бояд кушиш кунем, ки онҳо ба ин касб ҳавасманд гарданд. Сипас, бо ҳар роҳе набошад, дар ҷомеа касби омӯзгориро касби аз ҳама пуршараф гардонем. Бубинед, ки охир тарбияву таълими мо самараи дасти омӯзгор аст.»

 

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бузургтарин Донишгоҳ дар вилояти Хатлон дониста мешавад. Дар ин Донишгоҳ наздики 8 ҳазор донишҷӯ дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил менамояд. Ва соле ҳудуди ҳазор нафар ин Донишгоҳро хатм менамоянд.

 

Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3484-2010-11-02-18-07-14.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854