14:08:09 02-уми Июни 2025 сол

ТАШДИДИ МУРОҚИБАТ АЗ МАРЗ ДАР МИНТАҚАИ ПАНҶ

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳифозати марз бо Афғонистон дар минтақаи Панҷро тақвият додаанд. Гуфта мешавад, ки ин амр ҳамзамон бо анҷоми амалиёти вижаи нерӯҳои Афғонистон дар ин минтақа алайҳи пайкорҷӯён роҳандозӣ шудааст. Ҷониби Афғонистон хабар медиҳад, ки дар пайи ин амалиёт як пайкорҷӯй аз ҷумлаи атбоъи Тоҷикистон кушта шудааст.

 

borderХушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 5 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки ахиран онҳо аз ҳамтоёни афғони худ номае гирифтаанд, ки дар он аз оғози амалиёт алайҳи пайкорҷӯён дар минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон хабар дода шуда буд. Ба гуфтаи оқои Раҳматуллоев, ҷониби Тоҷикистон ҳифозат аз минтақаи марзии Панҷ бо Афғонистонро тақвият додааст, то аз вуруди эҳтимолии пайкорҷӯён ба қаламрави худ ҷилавгирӣ кунад.

 

Вай афзуд: "Ин амалиёт танҳо аз сӯйи нерӯҳои Афғонистон анҷом мешавад ва марзбонони тоҷик дар он мушорикат надоранд. Ҷониби Афғонистон моро аз ин амалиёт танҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз фирори эҳтимолии пайкорҷӯён аз ҷазоири рӯдхонаи Омӯ ба қаламрави Тоҷикистон огоҳ сохтанд. Натиҷаи ин амалиёт то ҳол ба мо эълом нашудааст."

 

Сухангӯйи идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон афзуд, ки кунтрули ин минтақаи марзӣ шиддат гирифта ва эҳтимоли вуруди пайкорҷӯён ба қаламрави ин кишвар вуҷуд надорад. Дар ҳамин ҳол, женерол Довуди Довуд, фармондеҳи нерӯҳои пулиси Афғонистон дар манотиқи шимоли ин кишвар рӯзи гузашта дар як нишасти матбуъотӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар пайи ин амалиёт як пайкорҷӯй аз ҷумлаи атбоъи Тоҷикистон кушта шудааст.

 

Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни ин амалиёт нерӯҳои пулис якҷо бо нерӯҳои низомии Афғонистон ва нерӯҳои байналмилалӣ дар вилоёти Тахор, Қундуз ва Бағлон амалиёти вижае анҷом додаанд. Вай афзудааст: "Ҳоло як гурӯҳи ҳудуди 35-нафарии пайкорҷӯён аз ҷумлаи пайравони Алқоъида ва ҷунбиши Толибон ба минтақаҳои кӯҳистонӣ ва бешазори шимоли Афғонистон паноҳ бурдаанд."

 

Женерол Довуд ҳамчунин хабар додааст, ки се ноҳияи вилояти Тахор, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, аз пайкорҷӯён холӣ шуда ва амният дар ин манотиқ комилан таъмин шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, рустои Чордара дар вилояти Қундуз, ки маҳалли аслии пуштибонии Толибон дар шимоли Афғонистон маҳсуб мешуд, аз пайкорҷӯён озод шуда ва ин минтақа ба кунтрули нерӯҳои давлатӣ даромадааст.

 

Ба гуфтаи ин мақоми пулиси Афғонистон, пайкорҷӯёни исломӣ дар пайи фишорҳои нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи Алқоъида ва Толибон дар вилоёти ҷанубии ин кишвар, ба манотиқи шимол кӯч бастаанд. Вале ба гуфтаи женрол Довуд, тайи чанд ҳафтаи ахир ҳудуди сад тан аз шӯришиён бо шумули чанд тан аз фармондеҳонашон худро таслими нерӯҳои давлатӣ кардаанд.

 

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта ҳам манобеъи Толибон ва ҳам мақомоти маҳаллӣ дар шимоли Афғонистон изҳор дошта буданд, ки бархе аз манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон таҳти кунтрули шӯришиён қарор дорад. Ин манобеъ ҳамчунин аз интиқоли 150 то 400 нафар аз пайкорҷӯёни исломии зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон хабар дода буданд.

 

Вале Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ахиран зимни сафари худ ба Афғонистон чунин ахбореро "муҳобот" хонда ва гуфт, ки убури ин теъдод аз пайкорҷӯён аз марз ба Тоҷикистон "ғайримумкин аст." Ба эътиқоди Президент Раҳмон, дар чанд соли ахир ҳифозат аз марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон тақвият ёфтааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3508-2010-11-05-10-01-55.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854