14:24:48 02-уми Июни 2025 сол

КӮЧИ ПАРАНДАҲОИ НОДИР БА ЗАМИНҲОИ ШӮРИ "БЕШАИ ПАЛАНГОН"

Даҳҳо паррандаи нодире, ки қаблан дар Тоҷикистон сукунат надоштанд, аз кишварҳои Ҳинду Покистон ба инҷо муҳоҷират карда ва "Бешаи палангон"-ро дар ноҳияи Ҷиликул макони зисти худ интихоб кардаанд.

 

birdНуриддин Сайфуллоев, раиси мамнӯъгоҳи "Бешаи Палангон" дар ин бора ба Би-би-сӣ хабар дод. Вай аз ҷумла гуфт: "Даҳҳо парандаи нодир - Вип, Педикан ва Лаклаки сиёҳ ҳам инҷо ҳаст, ки ин навъи паррандагон аз кишварҳои гармсери Ҳиндустону Покистон омада, бешаро макони зисти худ интихоб кардаанд. Ин парандгон қаблан дар ин мамнӯъгоҳ мушоҳида нашуда буданд."

 

Масъулони "Бешаи палангон" гуфтанд, ки ин намуди парандаҳо аз нодиртарин ҷонварон маҳсуб мешаванд, вале ба далели ин ки то ҳол онҳо дар Тоҷикистон мушоҳида нашуда буданд, дар китоби сурхи ин кишвар шомил нестанд. Дар ҳоле, ки номгӯйи парандагони нодир ва шумори оҳувони бухорӣ, ки аз анвоъи нодири оҳувон аст, дар беша зиёд мешавад, пажӯҳишҳои илмӣ нишон дода, ки хоки ин беша дар ҳоли шӯр шудан аст ва сабабгори аз миён рафтани даҳҳо буттаву дарахтони нодир шудааст.

 

Туранга исми як дарахти нодири ҷангалӣ мебошад, ки ба гуфтаи ҷангалбонҳои "Бешаи палангон" қаблан дар ин мамнӯъгоҳ мерӯид, вале акнун ба далели шӯршавии замин ин ниҳол дигар дар инҷо намерӯяд. Пётр Сёвин донишманде аз Пажӯҳишгоҳи хокшиносии Тоҷикистон аст, ки тайи як соли ахир хоки ин бешаро мавриди омӯзиш қарор додааст. Вай мегӯяд, ки шӯршавии замин дар ин ҷо дар чанд соли ахир мушоҳида шудааст.

 

Оқои Сёвин аз ҷумла гуфт: ӯршавӣ бештар дар қисмати "Туғайзор"-и беша ба назар мерасад ва ин вазъ сабаби нобудшавии рустаниҳо шудааст. Бархе аз онҳо танҳо дар Тоҷикистон ва танҳо дар ҳамин беша мерӯиданд."

 

Таҳқиқоти оқои Сёвин ҳамчунин нишон додааст, ки сабаби шӯршавии замин дар ин беша камшавии оби рӯдхонаи Вахш аст. Вай мегӯяд: "Қаблан сатҳи дарёи Вахш баланд мешуд ва шӯразори бешаро мешуст. Вале тақрибан дар си соли ахир обхезиҳо дар ин минтақа коҳиш ёфта ва ҳоло аслан мушоҳида намешавад. Ин боъиси шӯршавии замини беша шуда ва ба нестшавии бутазорҳо хоҳад анҷомид."

 

Бино ба ҳушдори зистшиносони тоҷик, дар сурати идомаи шӯршавии замин дар ин минтақа дар даҳ соли оянда "Бешаи палангон", ки яке аз амокини зисти ҷонварони нодир ва рӯйиши гиёҳони камшумор дар минтақа маҳсуб мешавад, бо мушкилоти зистмуҳитӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Нуриддин Сайфуллоев, раиси мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон", гуфт: "Ба хотири пешгирии раванди шӯршавии замин мо "заҳкашҳо" (наҳрҳои хурде, ки ба таври сунъӣ сохта мешаванд) сохтем. Вале масоҳати беша зиёд аст ва барои сохтани заҳкашҳои зиёд маблағи кофӣ ва нерӯи корӣ надорем."

 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Камол Қурбонов, мутахассиси ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷиликул, сабзии ин беша барои нигаҳдории фазои муътадили муҳити зист дар кулли минтақа нақши муҳимме дорад, зеро он аз гармои зиёд ҷилавгирӣ мекунад. Дар сурати идомаи шӯршавии замин, ба эътиқоди коршиносон, муҳити "Бешаи палангон" барои зиндагии ҷонварон ва парандаҳои нодир душвор хоҳад шуд ва мумкин аст парандаҳои муҳоҷир низ натавонанд зиёд дар ин ҷо мондагор шаванд.

 

Масоҳати мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" шаст ҳазор ҳектор буда ва дар он 45 навъи ҷонварон, аз ҷумла 215 намуди паранда ,12 намуди моҳиҳо ва 480 намуди рустаниҳои нодир сабт шудаанд. Ин яке аз азимтарин мамнӯъгоҳҳо дар Осиёи Миёна ба шумор меояд.

 

Ба гуфтаи масъулони ин мамнӯъгоҳ, давлати Тоҷикистон қаблан тасмим гирифта буд, ки ёздаҳ ҳектор аз замини навоҳии Қумсангир ва Қубодиёнро, ки дар ҳамсоягии мамнӯъгоҳ воқеъанд, ба "Бешаи палангон" ихтисос бидиҳад, вале ба сабабҳои гуногун ин заминҳо ҳанӯз дар ихтиёри мамнӯъгоҳ қарор нагирифтааст.

 

Олимони зистшинос мегӯянд, ки изофа шудани миқдори муъайяне аз замин метавонад ба ҳифзи ҷонварону гиёҳони нодир дар ин мамнӯъгоҳ аз нобудӣ мусоъидат кунад. Вале ҷангалбонҳо нигарониҳои худро доранд. Онҳо мӯътақиданд, ки бо изофа шудани замини бештар ба мамнӯъгоҳ мавориди ҳамлаи бархе аз ҷонварони ваҳшӣ ба манозили мардуми ин ду ноҳия низ афзоиш хоҳад ёфт.

 

Дар гузашта, сокинони манотиқи наздик ба мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" аз ҳамлаи хуку шағолҳо ба заминҳои кишт ва ҷонварони аҳлии худ хабар додаанд. Мушкилоти мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" дар ҳолест, ки нигарониҳое дар бораи паёмадҳои тағйироти иқлимӣ дар саросари ҷаҳон вуҷуд дорад. Пажӯҳишгарон мегӯянд, баъид нест, ки тағйироти ҷаввӣ асароти номатлубе бар вазъияти мамнӯъгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла "Бешаи палангон" барҷой гузорад.

 

Орзуи Карим, Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3572-------q-q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854