ДАВОМИ БАРНОМАИ «ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ»
Ташкилоти ҷамъиятии «Паҳнои хирад» фаъолияти худро мувофиқи барномаи «Ватанам ифтихори ман аст» дар ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб идома дод. Ин Лоиҳаи ба тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии наврасону ҷавон нигаронида шуда, аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.
Маҳфилҳои омӯзишии ташкилот, ки дар мактаб-интернати шифоӣ, мактабҳои миёнаи рақами 67 ва 15-и ноҳияи Рӯдакӣ, дар толори Ҳукумати ноҳияи Ҳисор ва мактаби рақами 1-и ноҳияи Варзоб баргузор гардид, хеле шавқангез ва хотирмон гузаштанд. Дар чорабиниҳои ТҶ «Паҳнои хирад», ки бо иштироки кормандони Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ТҶ «Бунёдкор», намояндагони кумитаи занон, кормандони маориф ва шӯъбаи ҷавонони ноҳияҳои зикршуда сурат гирифт, мавзӯъҳои «Ватандӯстӣ порае аз имон аст», «Донистани ҳуқуқ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ, вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд мебошад», «Ватандӯстӣ аз худшиносӣ тақвият меёбад» мавриди таҳлил ва баррасӣ бо наврасону ҷавонон қарор гирифт.
Ҳайати кории ташкилот, ки ба он адибон Аҳлиддин Ҳисорӣ, Назокат Олимзода, Маликаи Аваз ва мутахасиси соҳаи ҷамъиятшиносӣ Ҳалим Саидов шомил ҳастанд, дар маҳфил дар баробари суханрониҳо доир ба ваҳдату ҳамдилӣ, меҳри ватану ватандорӣ, сулҳу осоиш, истиқлолият ва дигар ҷабҳаҳои ватанпарварӣ шеърҳо қироат карда, инчунин ба маҳорати шеърхонии наврасону ҷавонон баҳогузорӣ намуданд.
Иштирокчиёни маҳфилҳо бо шавқу завқи баланде ба музокира баромада, доир ба ватану ватандӯстӣ саволу ҷавоб мекарданд, аз осори адибони муосир ва классикони адабиёт, мутафаккирону андешамандони ҷаҳон суханҳои барҷастаро далел меоварданд. Дар интиҳои ҳар маҳфил ба наврасону ҷавононе, ки дар озмуни «Ифтихори ватандорӣ» ғолиб омада, ба саволҳо ҷавоби хуб додаанд ва ё шеъри мувофиқ хондаанд, мукофотҳои хотиравӣ супорида шуд.
Аҳлиддин Ҳисорӣ, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3583---l-r.html