ҶАРРОҲ ВА МИНАРӮБ ТАНҲО ЯК БОР ИШТИБОҲ МЕКУНАНД
Коршиносон мегӯянд, ҳодисаҳои маргу мир ва маъюб шудани беморон бо иштибоҳи духтурон дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир ба маротиб афзудааст, вале шумори ками ин ҳодисаҳо ошкор шуда ва мавриди таҳқиқу бозрасӣ қарор мегирад.
Шӯъбаи корҳои дохилаи вилояти Суғд мегӯяд, зимни тафтишот ошкор кардааст, ки як зани 18-солаи аз ноҳияи Панҷакент дар пайи исқоти ҳамл ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, Гуландом Бобоеваи 53-сола, ҳамшираи шафқати маркази тандурустии ноҳияи Панҷакент, рӯзи 30-юми октябри соли равон ин ҷавонзанро, ки муддати ҳомиладориаш 22 ҳафта буда, меъёрҳои тиббӣ исқоти ҳамлро дар ин ҳолат қатъиян манъ кардаанд, дар манзили зисти худ ҷарроҳӣ намуда, кӯдаки батнашро гирифтааст. Вале баъди исқоти ҳамл ин духтари ҷавон ба ҳуш наомада, ҷон додааст.
Масъулини додситонии шаҳри Панҷакент дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва феълан ҳамшираи шафқат дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд нигоҳ дошта мешавад. Аммо масъулини додситонӣ ба ин суол, ки оё чунин ҳодисаҳо зиёд рух медиҳад, ё хайр, гуфтанд, чунин қазияҳо ҷой доранд, вале шикояти мардум дар пайи онҳо кам аст.
Омори расмӢ ва воқеият
Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон омореро дар ихтиёри мо гузоштанд, ки тибқи он танҳо 2-3 ҳодисаи иштибоҳи пизишкон ва муҷозот шудани онҳо тайи солҳои ахир ба қайд гирифта шудааст. Фирӯза, як ҷабрдидаи дигар дар пойтахт, мегӯяд, як соли пеш дар батнаш кӯдаки носолим доштааст ва духтурон тавсия додаанд, ки исқоти ҳамл кунад. Вале ҷарроҳии ӯ номуваффақ анҷом ёфта ва Фирӯза акнун ҳарос дорад, ки безурёт шудааст.
Ӯ мегӯяд: «Ман як сол аст, ки табобат мекунам ва пули бисёре барои хатои як духтур, ки маро нодуруст аборт кард, сарф кардам, вале ҳомиладор нашудам. Метарсам, ки безурёт нашуда бошам. Ба додгоҳ барои он шикоят набурдам, зеро ба адолати додгоҳ бовар надорам.»
Хатои духтур ё "насибу тақдир"?
Яке аз омилҳои афзоиши чунин ҳодисаҳоро коршиносони ин бахш муҷозот нашудани пизишкони хатокор меноманд. Омили дигар ба тарзи тафаккури мардуми Тоҷикистон рабт дода мешавад, ки дар аксари чунин мавридҳо аз шикоят бурдан ба мақомот худдорӣ мекунанд ва марги пайвандонро «тақдиру насиб» ва духтури иштибоҳкорро танҳо сабаб унвон мекунанд. Вале омили аслии ин тамоюл, фаъол набудани қонунҳо ва ноогоҳии мардум аз ҳуқуқҳояшон гуфта мешавад. Соҳибназарон ин омилро низ истисно намекунанд, ки ҷабрдидаҳо ба мурофиаи одилонаи додгоҳҳо бовар надоранд.
Ҳуқуқдон Шамсиддин Охунов бо овардани мақоли машҳуре, ки «ҷарроҳ ва минаруб ҳамагӣ як бор хато мекунанд», гуфт, ӯ 15 сол ҳамчун вакили мудофеъ ифои вазифа кардааст, вале дар тӯли ин муддат касеро ёд надорад, ки аз иштибоҳи духтур шикоят оварда бошад. Ҷаноби Охунов бар ин бовар аст, ки иштибоҳи духтур ҳамсони хушунати хонаводагист, ки дар Тоҷикистон сол то сол меафзояд ва ба як дарди бедаво табдил ёфтааст. Оқои Охунов афзуд: «Бояд духтури хатокор ҷазои сахт бубинад ва чунин муҷозот дигар духтуронро ба эҳтиёткорӣ водор созад».
Адами таваҷҷӮҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Вале дар ҳоле, ки шумори парвандаҳо дар робита ба хатокориҳои духтурон дар Тоҷикистон хеле кам аст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар ҳодисаҳои ришватситонӣ дар байни пизишконро ошкору таҳқиқ мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, мақомот дар ҳалли чунин қазияҳо манфитдоранд, вале ба ҳодисаҳои маргу мири беморон, ки барояшон чандон судовар нест, таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд.
Фирӯзмуҳаммад Саидов, яке дигар ҳуқуқдонон, дар ин робита гуфт: «Маълум аст, ки чаро ришватхорон бештар ошкору муҷозот мешаванд. Чунки таваҷҷӯҳ бештар ҳоло ба ин мушкил аст. Аммо бояд мақомот ин паҳлӯи корро низ аз мадди назар дур намонанд ва ҳуқуқи шаҳрвандонеро, ки аз иштибоҳи духтурон азоб дидаанд, ҳимоят кунанд».
Ба гуфтаи соҳибназарон, иштибоҳи пизишкон ва маргу мири беморон падидаи нав нест, балки дар замони шӯравӣ низ дар Тоҷикистон кам набудааст. Як мисоли он сарнавишти Сайлӣ, сокини мавзеи дурдасти Сағирдашт аст, ки худ аз модар гунгу ношунаво ба дунё омадааст. Вале тақдири талхи ӯро пизишкон талхтар кардаанд.
Модар Сайлиро чаппа таваллуд кардааст ва момодоя ҳангоми аз батни модар гирифтани ӯ аз пойҳояш кашида, пайвандҳои ҳарду пояшро кандааст. Ҳоло Сайлӣ 55 сол дорад ва тамоми умр бо асобағал роҳ меравад. Самирон - духтархолаи Сайлӣ дар бораи ҳолу аҳвол ва зиндагии феълии Сайлӣ ҳикоят карда гуфт, он момодаяи иштибоҳкор ҳатто ҷазои маъмурӣ надидааст ва солҳост, ки дар ин соҳа фаъолият кардааст.
Вале дар дигар кишварҳо, ба фарқ аз Тоҷикистон, пизишкон ва бемористонҳо барои иштибоҳу хатокорӣ пайваста муҷозот мешаванд. Ахиран як зани рус, ки иштибоҳи духтурон боиси маъюбии ӯ шудааст, яке аз дармонгоҳҳои маъруфи Маскавро ба додгоҳ кашид ва додгоҳ аз ин марказ ба маблағи 2 миллион рубл ҷарима ситонида ба ин зан супурд.
Сафаргули Олимӣ, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3603-2010-11-18-07-24-52.html