16:20:14 01-уми Июни 2025 сол

МАҶРОИ ВАХШРО БАРОИ "САНГТӮДА-2" МЕБАНДАНД

Бино ба иттилои Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", маҷрои рӯдхонаи Вахш аз 26 то 28-уми моҳи ноябр баста мешавад. Маҷрои об тағйир меёбад ва об аз нақбҳои обгузар ҷорӣ хоҳад шуд.

 

sangtuda-2Бастани оби ин рӯдхона 26-уми ноябр шурӯъ мешавад ва рӯзи 28-уми ноябр маҷрои об комилан баста хоҳад шуд. Дар ин рӯз обро ба нақби обпарто равон мекунанд ва бо як инфиҷор нақбро мебанданд, то об дар обанбор ҷамъ шавад. Дар рӯдхонаи Вахш ҳамчунин ниругоҳҳои барқи обии Норак, Бойғозӣ ва Сангтӯда-1 сохта шудаанд. Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, бастани оби рӯдхонаи Вахш ба фаъолияти ин ниругоҳҳо таъсир намекунад ва интиқоли барқ ба корхонаҳо ва аҳолӣ мисли пешин идома меёбад. Ниругоҳи Сангтӯда-2-ро ширкати "Сангоб"-и Эрон месозад.

 

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори роҳандозии нахустин чархаи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» то оғози фасли сармо шуда буд. Ин нерӯгоҳ тавассути ширкатҳои эронӣ сохта мешавад ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар авоили моҳи гузашта аз вазири энержии Эрон Маҷиди Номҷӯ хоста буд то дар ин амр мусоидат кунад.

 

Шералӣ Гул, вазири энержии ва саноъати Тоҷикистон низ гуфта буд, мавзӯи пеш аз мӯҳлат, то 20 солагии ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтуда-2» аз масъалаҳои меҳварии иҷлоси ин комиссиюни муштараки Тоҷикистону Эрон дар авоили моҳи октябр будааст.

 

Нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» бо сармоягузории Эрон сохта мешавад ва тибқи қарордоди имзошуда миёни ду ҷониб, пас аз 12 соли истифода ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт. Ба иловаи ин, ширкатҳои эронӣ дар сохтмони туннелу ҷодаҳои Тоҷикистон саҳм доранд.

 

Ахиран ширкати «Собир»-и Эрон, ки сохтмони тунели "Истиқлол"-ро низ анҷом додааст, дар музоида дар сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар дар минтақаи Дарвоз баранда шуд. Ин сохтмон аз сӯи ниҳодҳои молии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3635----q-2q-.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854