Б. СТЕРН: ДАРИ ЗИНДОНҲО БА РӮЙИ БОЗРАСОН БОЯД БОЗ БОШАД
Борунес Вивиен Стерн, аз аъзои Маҷлиси Аъёни порлумони Бритониё ва аз пажӯҳишгарони маъруф дар умури зиндонҳо ва системи додгустарӣ, батозагӣ дидоре аз Тоҷикистон анҷом дод. Хонуми Стерн аз тарафдорони ислоҳот дар низоми додгустарӣ ва системи расидагӣ ба ҷароим маҳсуб мешавад.
Вай аз бунёнгузорон ва дабири кулли собиқи созмони Ислоҳоти Кайфарӣ (Penal Reform International (PRI)) аст, ки ислоҳот дар умури зиндонҳо дар саросари ҷаҳонро таблиғ мекунад. Вай ҳоло раиси ифтихории ин созмон аст ва дар Маркази Байналмилалӣ барои омӯзиши зиндонҳо дар Кингз Коллеҷи Ландан ҳам кор мекунад. Ин марказ ба мутолеъаи шеваҳои муҷозот ва вазъияти зиндонҳо дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон машғул аст. Хонуми Стерн дар соли 1999 ба унвони яке аз аъзои мустақилли Маҷлиси Аъён дар порлумони Бритониё баргузида шуд ва ҳоло узви Кумитаи муштараки порлумонӣ дар умури ҳуқуқи башар аст.
Борунес Вивиен Стерн китобҳои зиёде дар бораи системи ҷазо ва вазъияти зиндонҳо навиштааст, ки "Хилқати базаҳкорон: зиндонҳо ва мардум дар ҷомеъаи бозорӣ", "Оҷурҳои нанг: Зиндонҳои Бритониё" "Нокомиҳо дар сиёсати кайфарӣ", "Зиндонҳое, ки моро сазост", аз он ҷумлаанд. Хонуми Стерн дар соли 1999 вироиши китоби "Маҳкум ба марг? Мушкили бемории сил дар зиндонҳои Урупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна"-ро анҷом додааст, ки ба забонҳои русӣ ва инглисӣ чоп шудааст. Мавзӯъи ҳуқуқи башар ва вазъияти зиндонҳо дар меҳвари сафари хонуми Стерн ба Тоҷикистон қарор дошта ва ӯ дар мусоҳибае, ки бо ҳамкорамон Исфандиёри Одина дошта, низ бар зарурати ислоҳот дар сомонаи (системи) кайфарии Тоҷикистон таъкид кардааст:
-Луфтан бигӯед, ки ҳадаф аз сафари Шумо ба Тоҷикистон чи буд ва тӯли ин сафар чи бардоштҳое аз ин кишвар доштед?
-Ҳадафи аслии сафарам ин буд, ки бо он идда аз аъзои порлумони Тоҷикистон, ки алоқаманди ҳамкорӣ бо порлумони Бритониё ҳастанд, мулоқот кунам. Мо дар порлумони худ гурӯҳе дорем, ки барои тақвияти ҳамкорӣ бо порлумонҳои кишварҳои Осиёи Миёна фаъолият мекунад ва ҳамкорӣ бо порлумони Тоҷикистон низ ҷузъи муҳимме аз фаъолияти онҳост. Бархе аз намояндагони порлумони Тоҷикистон дар моҳи гузашта ба Бритониё сафар карда буданд. Ман ҳам барои дидор бо он идда аз аъзои порлумони Тоҷикистон, ки бавижа дар заминаи риъояти қонун, шеваи давлатдорӣ ва ҳуқуқи инсон фаъолият мекунанд, ба ин ҷо омадаам, зеро ин арсаи фаъолияти ман аст. Ба ин тартиб, ман рӯзи аввали худро дар мулоқот бо аъзои порлумон сипарӣ кардам ва дар ин замина бо онҳо сӯҳбатҳои ҷолибе доштам.
Ҳадафаи дувуми сафари ман ширкат дар тадобири марбут ба Ҳафтаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон буд, ки Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари ин созмон дар Душанбе баргузор карданд. Ва мо дирӯз (7 декабр) ҷаласаи хеле ҷолибе дар бораи ислоҳот дар қонунгузории ҷиноӣ ва шароити зиндонҳо доштем. Ва ин субҳ (8 декабр) низ мо ҷаласаи муфиде доштем, ки дар он Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари (ODIHR) САҲУ гузориши ҷадиди худро дар бораи интихоботи ахири порлумонӣ дар Тоҷикистон ва ин ки то куҷо ин интихобот бо меъёрҳои байналмилалӣ созгор буда, муъаррифӣ кард. Ҳамин тавр, ман дар муддати кӯтоҳе, ки инҷо будам, корҳои зиёде анҷом додам ва ҳоло, мутаассифона, бояд биравам, вале умедворам, ки дубора ба Тоҷикистон баргардам.
-Пас, Шумо мавзӯъи интихоботи гузаштаи порлумониро низ баррасӣ кардед. Дар гузорише, ки САҲУ муъаррифӣ кард, интихоботи порлумонии ахир дар Тоҷикистон ғайридемукротик ва ғайришаффоф арзёбӣ шудааст. Назари Шумо дар ин бора чист?
-Ман мутахассиси умури интихобот нестам, ман бештар дар умури додгустарӣ ва ислоҳоти системи мурофеъаи ҷиноӣ фаъолият мекунам. Аммо ба назари ман, дар ин нишаст бархе аз ширкаткунандагон ба нукоти мухталиф ва ҷолибе дар бораи масоили хосси интихобот ишора карданд. Масалан, маблағе, ки номзадҳо бояд барои ширкат дар интихобот пардозанд. Яке аз суханронҳо таъкид кард, ки ин маблағ баробари маъоши мутавассити даҳсолаи як нафар аст ва ба назар мерасад, ки бисёре аз мардум тавони пардохти онро надоранд ва дар натиҷа, наметавонанд худро дар интихобот номзад кунанд.
Дар нишаст нуктаи бисёр ҷолиби дигаре дар бораи зарурати доштани мадраки таҳсилоти олӣ барои номзадҳои интихобот арз шуд ва ин ки то куҷо ин муқаррарот метавонад нисбат ба занон табъизомез бошад. Бисёре аз занон, бахусус бонувони солманд дар Тоҷикистон, ҳаргиз ба таҳсилоти олӣ дастрасӣ надоштаанд ва ин бад-он маъност, ки шумори андаке аз занон дар интихобот номзад хоҳанд шуд. Мо баҳсҳои ҷолибе дар бораи камбуди ҳузури занон дар порлумон доштем, ки ин мушкил ҳам барои порлумони мо ва ҳам барои порлумони шумо хос аст. Албатта, беҳтар буд, агар намояндагии занон дар порлумон бештар шавад. Ҷузъиёти зиёди дигаре низ баррасӣ шуд, ки ҳамаи онҳо дар гузориши САҲУ дарҷ шудаанд.
-Системи порлумонии шумо собиқаи тӯлоние дорад. Шумо чи шабоҳатҳое бо порлумони Тоҷикистон мушоҳида кардед ва оё аз таҷрубаи Бритониё метавонед чизеро пешниҳод кунед, ки барои тоҷикон муфид бошад?
-Ба назари ман, бояд бипазирем, ки сомонаҳо (системҳо) бо ҳам тафовут доранд. Системи порлумонии Бритониё бо низоми омрикоӣ ва ҳамчунин бо системи порлумонии Фаронса мутафовит аст. Дарвоқеъ роҳҳои мухалифе барои фаъолияти порлумонҳо вуҷуд дорад. Ба назари ман, фоидаи мулоқотҳои байнипорлумонӣ аз он иборат аст, ки мо аз ҳамдигар меомӯзем, ки чи гуна кори аслии худро дуруст анҷом бидиҳем. Яъне мо бояд мутмаин бошем қавонине, ки ба тасвиб мерасонем, бояд бо мавозини байналмилалии ҳуқуқи башар ва бо қонунҳои асосӣ созгор бошанд.
Дидорҳо ба мо қуввати бештаре медиҳад, то мутмаин шавем, ки дар кадом самт ва чигуна фаъолият кунем ва фаъолиятамон муассир бошад. Мо дар порлумони худамон агарчи хуб кор мекунем, вале корамон метавонад бамаротиб беҳтар аз ин бошад. Ва ман мутмаинам, аъзои порлумони Тоҷикистон ҳам мувофиқанд, ки онҳо метавонанд чизе аз мо ёд бигиранд ва мо ҳам чизе аз онҳо биёмӯзем. Аммо аҳаммияти дидорҳои порлумонӣ иборат аз ин аст, ки он ба намояндагон кумак мекунад, ки кори худро хуб анҷом диҳанд, сахтгир бошанд, аз давлат бештар тақозо кунанд ва саъйи бештаре кунанд, ки хостаҳои мардум шунида ва манофеъашон дар назар гирифта шавад. Ҳангоме ки мо барои баррасии ин масоил гирдиҳам меоем, ин корҳоро албатта беҳтар метавонем анҷом диҳем.
-Шумо мутахассиси умури додгустарӣ ва расидагӣ ба ҷурму ҷароим ҳастед. Оё ин мавзӯъотро низ бо мақомоти тоҷик баррасӣ кардед?
-Мо дар ин бора бо раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар порлумони Тоҷикистон мулоқоте доштем. Бо ӯ дар бораи ислоҳоти ахир дар қонуни (кодекси) мурофеъаи ҷиноӣ ва шеваи иҷрои он суҳбат кардем. Мо мувофиқем, ки ин ислоҳот хеле тоза буда ва замони зиёде лозим аст, то натиҷае бидиҳад, аммо ман фикр мекунам, ин ислоҳот бисёр муҳим аст. Ва умедворам, ки дар сафари оянда натоиҷи онро бубинам. Мо ҳамчунин дар бораи ҳукми эъдом (қатл) суҳбат кардем. Тоҷикистон дар гузашта ҳукми эъдомро ба ҳолати таълиқ даровардааст ва акнун қасд дорад муқаррароти ҷадиде ба тасвиб расонда ва саранҷом, ин ҳукмро лағв кунад. Ба назари ман, ин як иқдоми бисёр тараққихоҳона аст ва ман, шахсан, дар мавриди ин тасмим хушҳолам.
Мавзӯъи дигаре, ки ман дар бораи он бо мақомоти Тоҷикистон суҳбат кардам, прутукули илҳоқӣ ба қарордоди байналмилалӣ дар бораи шиканҷа аст, ки бархе кишварҳо дар ин минтақа онро тасвиб кардаанд. Ва ин иқдоме барои кушодани дарҳои муассисоти баста ба рӯйи бозрасон аст. Мо мулоҳизоти давлати Тоҷикистон дар бораи имкони тасвиби ин прутукулро баррасӣ кардем, ки ба назари ман, бағоят иқдоми хубе хоҳад буд, чун бисёре аз кишварҳои ҷаҳон онро тасвиб кардаанд. Имзои ин санад барои кушодани дари боздоштгоҳҳо ва муассисоти баста барои бозрасии онҳо бисёр кумак кардааст. Ин имкон медиҳад мардум бо чашми худ бубинанд, ки дарвоқеъ чи корҳое дар он ҷоҳо анҷом мешавад ва оё шароити зиндагӣ дар он ҷоҳо муносиб ва корҳо рӯ ба роҳ аст.
-Дарвоқеъ, яке аз нигарониҳои умумӣ дар ҷомеъаи мо ҳамин аст, ки созмонҳои ғайридавлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ ба зиндонҳо дастрасӣ надоранд.
-Мо дар ин бора мулоқоти бисёр созандае бо оқои Шарипов, муъовини вазири адлияи Тоҷикистон, доштем. Ӯ гуфт, ки имкони дастрасии ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ ба зиндонҳоро баррасӣ мекунад ва ин иқдом барои мо дарвоқеъ дилгармкунанда буд. Зеро ҳарчи бештар ҷомеъа дар бораи зиндонҳо донад, ба ҳамон андоза дарки беҳтаре аз вазъияти зиндонҳо хоҳад дошт. Барои одамоне ҳам, ки зиндонро тарк мекунанд, дубора ворид шудан ба ҳаёти ҷомеъа ва бозпарварии онҳо осонтар мешавад.
Ин иқдом ҳамчунин кумак мекунад кормандони зиндон фаҳманд, ки ҷомеъа дар бораи онҳо ва кору фаъолияти онҳо назари хубе дорад. Ва бояд мутмаин буд, ки агар дар он ҷо озору азияте сурат мегирад, ин аъмол ҳатман бояд ошкор шавад. Озору азияти зиндониён дар бисёре аз кишварҳо мушоҳида мешавад. Вале бояд итминон дошт, ки ин аъмол бояд ошкор шавад ва мақомот бояд иттилоъ ёбанд, ки дар зиндон ё боздоштгоҳҳо мавориди озору азият вуҷуд дорад ва барои поён додан ба ин аъмол тадобире ҷиддӣ бияндешанд.
-Ҳоло, ки ба кишвари худ бармегардед, чи кореро дар мавриди Тоҷикистон пас аз бозгашт ба Бритониё анҷом хоҳед дод?
-Пас аз бозгашт ба Бритониё ман мехоҳам нақшае таҳия кунам, ки тибқи он, гуфтугуҳое, ки дар ин ҷо доштам, бояд идома пайдо кунад. Албатта, бо ин умед, ки мардум бихоҳанд маро дар соли оянда дубора ба инҷо даъват кунанд. Умедворам, ки битавонам муддати тӯлонитаре дар ин ҷо бимонам ва кишвари зебои шуморо бештар бубинам. Ҳамчунин, мехоҳам ба гуфтугӯҳои бисёр созанда ва ҷолибе, ки дар ин сафар доштам, идома диҳам. Мутмаинам, ин гуфтугӯҳо натоиҷи бисёр муфиде барои ин кишвар хоҳанд дошт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3832-2010-12-10-17-58-51.html