09:18:00 01-уми Июни 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕҲРИСТИ КИШВАРҲОИ ХУДКОМА

Муассисаи таҳқиқоти иқтисодии Экунумист (Economist Intelligence Unit) дар гузориши солонаи ҷадиди худ Тоҷикистонро дар феҳристи кишварҳои худкома қарор додааст. Коршиносони ин созмон баъди анҷоми таҳқиқоти вижа дар 167 кишвари ҷаҳон вазъи демукросӣ дар ин кишварҳоро ба баррасӣ гирифта ва зимни интишори "Шохиси демукросӣ дар соли 2010" ин кишварҳоро ба ҷаҳор гурӯҳ тақсим кардаанд.

 

democracyТоҷикистон дар ин феҳрист бо 2.51 имтиёз дар ҷойгоҳи 149 қарор дошта ва Афғонистон, кишвари ҳамсоя ва ҳаммаз, ки бо Тоҷикистон муштаракоти забонию фарҳангӣ дорад, ҷойгоҳи 150-ро ба худ ихтисос додааст. Дар феҳристи кишварҳои худкома ё авторитарии ин муассиса бархе дигар аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ӯзбакистон дар ҷойи 164, Қазоқистон дар радаи 132 ва Туркманистон дар ҷойгоҳи 165 қарор гирифтаанд. Вазъияти нисбатан беҳтареро дар феҳристи шохиси демукросӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна Қирғизистон дорад, ки дар радабандии имсола дар мақоми 106-ум қарор гирифтааст.

 

Русия дар радаи 107 ва ва Эрон, кишвари дигари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон, ки ҳамвора ҳдафи интиқодоти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифтааст, дар ҷойи 158 қарор гирифтаанд. Гузориши тозаи Муассисаи таҳқиқоти иқтисодии Экунумист, ки як ниҳоди вобаста ба нашрияи маъруфи Экунумист (The Economist) аст, вазъияти демукросӣ дар кишварҳои ҷаҳонро аз пойизи соли гузашта то моҳи ноябри имсол ба барарсӣ гирифтааст.

 

Дар ин гузориш коршиносони ин созмон фаъолиятҳои давлатҳои ҷаҳонро дар панҷ замина, ки меъёрҳои ташкилдиҳандаи демукросӣ унвон шудаанд, яъне интихобот ва чандандешии сиёсӣ, мушорикати сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ ё шаҳрвандӣ мавриди арзёбӣ қарор додаанд. Бар асоси ин арзёбӣ, демукросӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ дар ҳоли таназзул буда ва буҳрони ҷаҳонии молӣ дар ду соли ахир низ асароти ҷиддие бар вазъияти таъмини демукросӣ (мардумсолорӣ) барҷо гузоштааст.

 

Режими худкома чист?

Аз назари коршиносони Муассисаи таҳқиқоти иқтисодии Экунумист, режими худкома ба давлате гуфта мешавад, ки дар он чандандешии сиёсӣ мавҷуд нест ва ё башиддат маҳдуд аст. Ин гуна кишварҳо комилан ҳукумати истибдодӣ ё диктотурӣ ҳастанд ва дар онҳо қудрати сиёсӣ дар дасти як нафар, ки дорои ихтиёроти густарда буда ва ҳамаи тасмимотро худаш мегирад, ва афроди содиқ ба ӯ, мутамаркиз шудааст.

 

Мумкин аст дар чунин кишварҳо бархе аз ниҳодҳои демукротик расман ва ё ба таври зоҳирӣ вуҷуд дошта бошанд, вале дарвоқеъ ин ниҳодҳо поя ё таҳкурсии сиёсию иҷтимоъӣ ва ҳуқуқӣ надоранд. Интихобот дар давлатҳои худкома ё мустабид ҳеҷ вақт озод ва мунсифона набудааст. Давлат нақзи ҳуқуқи башар ва озодиҳои мадании шаҳрвандонро дар чунин кишварҳо ҳамвора нодида мегирад. Расонаҳо дар кишварҳои мустабид ё худкома (авторитарӣ) маъмулан ё моли давлатанд ва ё таҳти кунтрули гурӯҳҳои наздик ба режими ҳоким ё зимомдорон фаъолият мекунанд.

 

Мунтақидони давлат дар ин гуна ҷавомеъ ҳамвора саркӯб мешаванд ва сонсури густарда дар заминаҳои мухталиф дар ин кишварҳо мавҷуд аст. Дар ин кишварҳо додгоҳҳо ҳаргиз мустақил нестанд ва аҳкоми онҳо таҳти таъсир ва нуфузи қувваи муҷрия содир мешаванд.

 

“Бо ин арзёбӢ мувофиқ нестам”

Ҳарчанд бархе аз коршиносон бо арзёбии вазъияти демукросӣ дар Тоҷикистон ва "мустабид" шинохта шудани давлати ин кишвар бо Муассисаи таҳқиқоти иқтисодии Экунумист мувофиқанд, вале бархи дигар мегӯянд, ки ин арзёбии созмон дар бораи Тоҷикистон ба воқеъият созгор нест.

 

sayfullo safarovСайфуллоҳ Сафаров, як масъули Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон, ки як ниҳоди пажӯҳишии вобаста ба раёсати ҷумҳурии ин кишвар аст, зимни интиқоди шадид аз ин созмон мегӯяд "демукросӣ хиёбоне нест, ки ҳар кишвар ҳар гуна, ки хост аз он гузар кунад." Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Демукросӣ раванде нест, ки якбора ба он битавон расид. Аз ин сабаб, демукросӣ дар Тоҷикистон демукросии воқеъӣ аст ва бо дарназардошти сунан ва имконоти мардум дар ин кишвар зина ба зина пеш меравад ва қишрҳои мухталифи ҷомеъаро фаро мегирад."

 

Оқои Сафаров мегӯяд дар ҳоле ки Муассисаи таҳқиқоти иқтисодии Экунумист дар шохиси имсолаи худ Туркманистон ва Афғонистону Ӯзбакистонро тақрибан дар як радиф бо ҳам қарор дода, пас "арзёбии ин созмон ба воқеъият чандон наздик нест."

 

"Иштибоҳи раиси ҷумҳурро ки мегӮяд?"

 

davlat usmanАммо Давлати Усмон, соҳибназари дигар дар масоили сиёсӣ, ки дар гузашта аз чеҳраҳои саршиноси мухолифини исломгарои давлат ба шумор мерафт ва замоне ҳам муъовини нахуствазир буд, бо арзёбии коршиносони Муассисаи таҳқиқоти иқтисодии Экунумист мувофиқ аст. Оқои Усмон мегӯяд, ки яке аз нишонаҳои набуди демукросӣ дар Тоҷикистон озод набудани додгоҳҳо аст, ки мушкилоти умдае барои мардум эҷод карда ва мӯҷиби афзоиши норизоятиҳо шудааст. Вай афзуд: "Дар ҳоле, ки қуззот (судяҳо) дар аксари навоҳии дуруфтода дар тасмимгирӣ бидуни амри раиси ноҳия қадам намегузоранд, чи расад ба мақомот дар шаҳрҳои бузург ва марказии Тоҷикистон?"

 

"Мо бояд битавонем ба мақомот иштибоҳоташонро рӯирост бигӯем. Вале оё дар кишварамон касе метавонад ба раиси ҷумҳурӣ хатогиҳояшро бигӯяд? Ҳол он ки кишварҳои пешрафта бо гуфтани навоқис ва ислоҳи он рушд кардаанд. Пас чи тавр мо метавонем дар мавриди озодӣ ва ё демукросӣ суҳбат бикунем?"

 

Оқои Усмон мегӯяд, ки дар қарни 21 касе, ки аз тавсеъаи демукросӣ монеъ мешавад, пас бар зарари мардум ва рушди иқтисодии ҷомеъа ва кишвар кор кардааст. Зимнан, барои аввалин бор нест, ки давлатҳои хориҷӣ, созмонҳо ва гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва бунгоҳҳои пажӯҳишии мӯътабари ҷаҳон Тоҷикистонро давлате худкома ё мустабид муъаррифӣ мекунанд.

 

Дар гузашта Вазорати хориҷаи Амрико низ дар гузоришҳои солонаи худ дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар ва озодиҳои мазҳабӣ аз Тоҷикистон ҳамвора ба унвони "давлате худкома (авторитарӣ)" ном бурдааст. Дар яке аз гузоришҳои ахири ин вазоратхона аз ҷумла зикр шуда, ки Президент Раҳмон ва афроди наздик ва содиқ ба ӯ қудрати сиёсӣ ва иқтисодиро дар Тоҷикистон қабза кардаанд ва ба ҳеч ваҷҳ имкон намедиҳанд, ки ҳаққи мардум ба тағйири мусолиматомези давлат таҳаққуқ пазирад.

 

Гузориши имсолаи Муассисаи таҳқиқоти иқтисодии Экунумист севумин гузориши ин созмон аз соли 2006 бад-ин сӯ дар бораи вазъияти демукросӣ дар ҷаҳон аст, ки пас аз анҷоми мутолеъоти коршиносон дар заминаи демукросӣ ва рушди иқтисодӣ дар кишварҳои ҷаҳон мунташир мешавад. Ин гузориш ҳокист, ки Тоҷикистон дар шохиси демукросӣ дар ҷаҳон имсол дар муқоиса бо соли 2008 танҳо як рада боло рафта, вале пешрафти қобили мулоҳизае дар ин кишвар мушоҳида нашудааст.

 

Би-Би-Си

http://www.ruzgor.tj/ijtimo/3910-2010-12-17-16-15-41.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi